Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи қочоқи инсон: Яке зиндонӣ, дигаре дар фирор


Додгоҳи Душанбе ду занро ба одамфурӯшӣ ё қочоқи 12 нафар муттаҳам карда, якеро барои даҳ сол равонаи зиндон кард ва дигареро дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дод. Додгоҳ рӯзи 29-уми август Матлуба Гадоеваи 45-соларо бар асоси моддаи 130, иловаи 1 ва қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «хариду фурӯши одамон дар хориҷи кишвар» ба мӯҳлати 10 сол зиндонӣ кард. Ибодатхон Мироҷова, шарики ӯ дар ҷиноят таҳти ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор гирифт.

Рӯзҳои аввал, ки онҳоро аз Дубай оваданд, дар ҳолати бади равонӣ қарор доштанд. Аввалин чизе, ки метарсиданд, ин буд, ки саргузашти онҳо дар Дубай ба дигарон ошкор мешавад ва онҳоро ангушнамои ҷомеа мекунад

Як манбаъ аз додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми август ба радиои Озодӣ гуфт, ки Матлуба Гадоева аз Тоҷикистон занҳои ҷавонро бо ваъдаи кор фиреб дода ба Дубай мебурд ва дар он ҷо Ибодатхон Мироҷова занҳоро пешвоз мегирифт ва ба ғуломии шавҳонӣ мефурӯхт.

Ӯ гуфт, ин ду зан дар қочоқи 12 зан барои танфурӯшӣ дар хориҷ Тоҷикистон муттаҳам мешаванд ва чаҳор тан аз занони қурбонӣ дар додгоҳ алайҳи Гадоева шаҳодат доданд.

"Ин занҳои фиребхӯрда шоҳидӣ доданд, ки бо баҳонаи таъмини ҷои кор онҳоро ба Дубай бурда, вале он ҷо онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур карданд", - гуфт ӯ.

"Маро бар ивази 4000 доллар фурӯхтанд"

П.О, як зани ҷавон, ки дар додгоҳ алайҳи ин ду нафар шоҳидӣ додааст, дар сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро соли 2015 бо ваъдаи кор дар яке аз марказҳои тиҷоратии Дубай фиреб доданд. Ин зан дар Тоҷикистон тиҷорати хурд доштааст, вале ваъдаи қочоқбарон тасвири зиндагии беҳтареро дар зеҳни ӯ кашидаст.

Қочоқи инсон бо ҳадафи истифода дар бозори фаҳшо яке аз сердаромадтарин навъҳои ҷиноят дар ҷаҳон ба шумор меравад
Қочоқи инсон бо ҳадафи истифода дар бозори фаҳшо яке аз сердаромадтарин навъҳои ҷиноят дар ҷаҳон ба шумор меравад

Ӯ гуфт: «Тиҷоратам дар Тоҷикистон калон набуд, вале зиндагиамро пеш мебурдам. Дар Дубай аз кор дар маркази тиҷоратӣ хабаре набуд. Баъдан гуфтанд, ки дар кошонаи ҳусн кор мекунӣ. Он ҷо ҳам кор нашуд ва ба ман пешниҳоди кор дар салони маҳсгариро доданд. Вақте розӣ нашудам, маро ба як мард ба маблағи чор ҳазор доллар фурӯхтанд ва то замони гурехтан дар Дубай ғуломи шаҳвонии ин тоҷир будам». Ӯ соли 2016 пайти муносиб ёфт ва аз хонаи ин мард фирор карда, сипас бо кӯмаки консулгарии Тоҷикистон дар Дубай ба ватан баргашт.

Матлуба Гадоева дар додгоҳ эътироф кард, ки ин занро ба қимати 4 ҳазор доллар фурӯхтанд, аммо масъулиятро бар дӯши шарикаш Ибодатхон Мирҷова гузошт.

Занҳои ҷабрдидаро дар Тоҷикистон бо кор таъмин мекунанд

Саноат Солиева, раҳбари созмони ҷамъиятии «Фемида» рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин қазия хабар дорад ва ба чаҳор қурбонии парванда кӯмаки равонӣ ва ҳуқуқӣ расонидаанд.

"Рӯзҳои аввал, ки онҳоро аз Дубай оваданд, дар ҳолати бади равонӣ қарор доштанд. Аввалин чизе, ки метарсиданд, ин буд, ки саргузашти онҳо дар Дубай ба дигарон ошкор мешавад ва онҳоро ангушнамои ҷомеа мекунад. Бо мо бо тарс сӯҳбат мекарданд ва ҳамеша хоҳиш мекарданд, ки ба касе нагӯем, ки дар Дубай ба танфурӯшӣ маҷбурашон мекарданд. Онҳо ин саҳифаи зиндагии худро аз наздикону пайвандони худ низ пинҳон мекунанд", - гуфт ӯ.

Соли 2014 додгоҳе дар Душанбе як занро барои ташкили фоҳишахона муҳокима кард
Соли 2014 додгоҳе дар Душанбе як занро барои ташкили фоҳишахона муҳокима кард

Созмони «Фемида» дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии муҳоҷират талош дорад, ки барои ин занҳо кор пайдо кунад. Саноат Солиева мегӯяд, омили аслие, ки ин занҳоро қурбонии хариду фурӯш гардонид, ваъдаи кори хуб буд.

"Бо ваъдаи кори хуб онҳоро фиреб додаанд. Гуфтем, ки шумо чӣ ҳунар доред. Якеаш гуфт, ки дарздӯзиро медонад. Дигаре гуфт, ки пухтупазро метавонад. Мо дар якҷоягӣ бо СҶМ кушиш дорем, ки онҳоро ба кор таъмин кунем", - гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мавридҳои қочоқ шудани занони тоҷик афзоиш ёфтааст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 11-уми август дар як ҷаласаи Созмони милали муттаҳид гуфт, ки дар як соли ахир 191 парвандаи қочоқи инсонро таҳқиқ кардаанд, ки 133 ҳолати он дар хориҷи кишвар сурат гирифтааст. Рӯзи 17 август як зани дигари қурбонии фаҳшо баъди раҳо шудан аз як фоҳишахона аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG