Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷинс дар як ҷисм – зиндагии дугонаи Сапеда. ВИДЕО


Нашри хабари ташкили феҳристи вижаи аққалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои ҳифзи қонун бисёр намояндагони ин гурӯҳи осебпазирро нигарон кард.

Ин гурӯҳ мегӯянд, ки аз гузашта бештар ба пинҳонкорӣ гузашта, талош мекунанд ҳуввияти худро ошкор накунанд.

Сапеда 28-сола аст ва зиндагие, ки ӯ дорад, аз зиндагии ҷавонзанҳои дигар дар Тоҷикистон фарқ мекунад. Ӯ дуҷинсгаро аст ва дар баробари мард, як занро ҳам дӯст медорад.

Сапеда исми воқеии ӯ нест, чун медонад, ки дар сурати фош шудани исмаш мавриди маҳкумияти ҷомеа қарор мегирад. Ин зани дуҷинса ё бисексуал бо он ки зиндагии маҳрамонаашро пинҳон медорад, дар ҳолати азоби рӯҳӣ ба сар мебарад. Мегӯяд, рӯзе, ки тамоюлаш ба як ҳамҷинси худро эҳсос кард, тасодуфӣ буд ва баъди ин натавонист худро боздорад:

“Ман муддати тӯлонӣ бо дӯстписарам робита доштам. Панҷ сол пеш як дугонаам маро ба ҷашни зодрӯзаш даъват кард. Ба хонааш рафтам. Пас аз он ки шароб нӯшидем, канори ҳам рӯи тахтхоб дароз кашидем. Ӯ ба бадани ман даст зад. Хушам омад. Баъд аз ин иттифоқ ман натавонистам пешниҳоди ӯро рад кунам. Ӯ мехост мо бо ҳам бошем”.

Сапеда ҳоло ду маъшуқ дорад – яке мард ва дигаре зан. Мегӯяд, талош мекунад ин ҳақиқатро аз ҳамагон пинҳон дорад. Аз падару модараш ҳам. Мегӯяд: “Ман намехоҳам ба падару модарам бигӯям, ки дуҷинсгаро (бисексуал) ҳастам, чунки намехоҳам ин тафовути ботину ҳастии ман боиси ғаму ғуссаи онҳо шавад”.

Ду ҷинс дар як ҷисм – зиндагии дугонаи Сапеда
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

“Ҷомеа нафарони мисли моро қабул надорад”

Дӯстдухтари Сапеда танҳо касест, ки аз дуҷинсгароии ӯ огоҳ аст. Ҳарду ҳам инро пинҳон мекунанд. Сапеда мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ аъзои оила ва дигар наздиконаш аз ин огоҳ нахоҳанд шуд:

“Чаро бояд касе бидонад, ки ман дуҷинсгаро ҳастам? Албатта, ман шарм медорам. Сабаби пинҳон карданам низ ҳамин аст, ки ҷомеаи мо таҳаммули одамоне чун манро надорад”.

Ҳароси Сапеда бесабаб нест. Бархӯрди ҷомеа ба аққалиятҳои ҷинсӣ ва ҳар нафаре, ки ҳаёти маҳрамонаи ғайрианъанавӣ дорад, манфӣ аст. Хабари ба гурӯҳи ба истилоҳ осебпазир ворид кардани даҳҳо намояндаи аққалияти ҷинсӣ аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ моҳи гузашта баҳси зиёде барангехт. Бисёр сокинон дар Тоҷикистон вуҷуди ин гурӯҳро шадидан маҳкум карданд, вале созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон инро ҳамчун табъиз ва нақзи ҳуқуқи ин афрод интиқод мекунанд.

Сапеда мегӯяд, ҳама гуна талоши фишор ё назорат аз болои аққалиятҳои ҷинсӣ вазъи рӯҳиву равонии онҳоро бад мекунад ва онҳо ҳарчи бештар ба пинҳонкорӣ мегузаранд: “Ин иқдом ҳеч фоидае надорад. Ба ҳар ҳол ҳамҷинсгароён тамоюли ҷинсии воқеии худро ошкор намекунанд”.

Аммо равоншинос Шерзод Мусрифшоев муносибати ҷомеа ва бархе сохторҳо дар Тоҷикистонро нисбати ҳамҷинсгароён ва дигар аққалиятҳои ҷинсӣ «хатарнок» унвон кард. Вай гуфт, маъмулан ҷомеа ин афродро ангуштнамо ва вазъи зиндагии онҳоро мушкил мекунад:

“Дар беҳтарин ҳолат бар онҳо анг (стигма) мезананд ва дар бадтарин ҳолат аз ҷомеа ронда мешаванд. Аз нигоҳи равоншиносӣ онҳо бояд бипазиранд, ки инҳирофи ҷинсӣ доранд. Дар ҷомеаи мо ин падида аслан таҳаммул намешавад. Бештари онҳо дучори бешфаъолии ҷинсӣ (гиперсексуализм) шудаанд; яъне ҳамеша дунболи лаззоти ҷинсӣ мегарданд ва робитаи ҷинсӣ бо як нафар барояшон кофӣ нест. Дар инҷо зан ё мардеро, ки бешфаъолии ҷинсии худро нишон медиҳад, ҷомеа намепазирад. Агар як ҳамҷинсгаро аз фишори ҷомеа осебе набинад ва аз тарзи зиндагии ҷинсиаш розӣ бошад, метавонад зиндагии худро идома диҳад. Аммо агар ин фишору тарзи зиндагӣ онҳоро озор медиҳад, пас бояд ба равоншиносон муроҷиат кунанд”.

Дар ҳоле, ки фаъолони ҳуқуқ вуҷуди аққалиятҳои ҷинсиро як падидаи табиӣ ва қобили қабул медонанд, равонпизишкон мегӯянд, дар бисёр ҳолатҳо масъала дар худшиносии ҷинсии шахс ва ҳам вижагиҳои физиологии инсон аст. “Занҳо чӣ тавр дуҷинсгаро мешаванд? Маъмулан ба далели ин ки аз робитаи ҷинсӣ бо марди худ лаззати кофӣ намебаранд. Дар ин даста аз занон мешавад батадриҷ нишонаҳои нимфомания (лаззатдӯстии беш аз ҳад)-ро мушоҳида кард. Чун аз лиҳози ҷинсӣ қонеъ нашудаанд, пайваста дунболи лаззатҳои дигар мегарданд”.

Дар Тоҷикистон омори дақиқе аз афроди дигарбош вуҷуд надорад. Аммо ахиран сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистон феҳристи 370 ҳамҷинсгароро тартиб доданд, ки аз онҳо 319 нафар мард ва 48 тан зан ҳастанд. Дар ин феҳрист дуҷинсгароён ба сабт нарасидаанд. Вале таҳқиқот ғайрирасмӣ мегӯяд, эҳтимолан дар саросари Тоҷикистон то 20 ҳазор нафар марду зани ҳамҷинсгаро ва афроди дуҷинса вуҷуд дошта бошанд. Ин оморро мақомот рад карда буданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG