Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони ҳомии ҳамҷинсгароён корашро дар Тоҷикистон қатъ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як созмони кор бо ҳамҷинсгароён, нашъамандон ва гирифторони бемориҳои сироятӣ дар шимоли Тоҷикистон пас аз ҳушдори додситонӣ фаъолияти худро қатъ кард. Созмони ҷамъиятии “Роҳи зиндагӣ” дар шаҳри Бустони вилояти Суғд, ки ҳафт сол бо гурӯҳҳои осебпазир дар ҷомеа кор мекард, моҳи гузашта ба кори худ хотима дод.

Масъулони созмон мегӯянд, борҳо барои кор бо ҳамҷинсгароён расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳушдор гирифтаанд, ва ҳатто ба онҳо фишор оварданд, ки аз лоиҳаи кор бо ҳамҷинсгароён даст кашанд. ​Албина Ишкуватова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Роҳи зиндагӣ” рӯзи 3-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз тафтишҳои дилгиркунанда чунин тасмим гирифтанд.

Ба гуфтаи Албина, додситонӣ фаъолияти молиявии 2,5 солаи онҳоро тафтиш кард: “Ягон ҳолати дуздии маблағҳо, ё истифодаи нодурусти грантҳоро пайдо накарданд. Танҳо, якчанд камбудие ёфтанд, ин буд, ки дафтарчаи меҳнатӣ ва варақаи шахсии кормандони мо хонапурӣ нашуда буд. Дигар камбудие, ки онҳо ишора карданд ин буд, ки кормандон мувофиқи вазифаи ишғолкардаашон диплом надоштанд. Ба мо барои ин ҳушдор доданд. Чун мо аз тафтиши ҳукумат, хадамоти оташнишонӣ, идораи вогиршиносӣ ва прокуратура хаста шудем, корамонро қатъ кардем»

Шаҳри Бустон
Шаҳри Бустон

Ин созмон ҳафт сол боз дар шаҳри Бустони вилояти Суғд кор мекунад.

Шикояти намояндагони ин созмон ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ пас аз тағйири Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди корррупсия” ва Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” афзоиш ёфт. Ин қонуҳо, ки давоми солҳои 2015 ва 2016 тағйир ёфтанд, ба мақомот иҷозаи тафтиш ва аудити грантҳои хориҷиро медиҳанд.

"Аз баҳри кор бо ҳамҷинсгароён гузаштем"

Албина Ишкуватова, раҳбари созмони “Роҳи зиндагӣ” мегӯяд, бахусус, созмонҳое, ки бо ҳамҷинсгароён кор мекунанд, бештар зери фишор қарор доранд.

Дар 16 соли фаъолиятам нав бо чунин ҳолати зиёди санҷишҳо рӯ ба рӯ шудам. Касе намонд, ки созмони моро тафтиш накунад.

Ӯ гуфт: “Лоиҳаи кор бо ҳамҷинсгароён ҳамагӣ ним сол идома кард. Баъди ин, санҷишу фишорҳои зиёд оғоз шуд. Ба мо гуфтанд, ки агар мехоҳед ба коратон идома диҳед, аз ин лоиҳа даст бикашед. Дар 16 соли фаъолиятам нав бо чунин ҳолати зиёди санҷишҳо рӯ ба рӯ шудам. Касе намонд, ки созмони моро тафтиш накунад. Дар гузашта мо бо ҷомеа кор мекардем ва ҳисобот медодем, тамом. Мо чун созмони хориҷӣ ҳастем, меоянд ва мегӯянд, ки маоши шумо бо доллар аст, шумо пули ҳангуфт мегиред. Маълум нест, ки бо чӣ кор машғулед. Агар дар асл, бигирем маблағгузории мо хеле кам аст. Ман дар лоиҳаи охир 843 сомонӣ маош мегирифтам. Бо маълумоте, ки ман дорам, дар ниҳодҳои давлатӣ метавонам маоши бештар бигирам”.

​Додситонӣ фишор ба ин созмонро рад мекунад. Як масъули Додситонии шаҳри Бустон рӯзи 3-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан бар асоси қонун фаъолияти созмони “Роҳи зиндагӣ” тафтиш шуд ва танҳо барои ислоҳи камбудиҳо ба онҳо ҳушдор додаанд. Ӯ аз шарҳи бештари тафтиши ин созмони ҷамъиятӣ худдорӣ кард.

Эҳтимоли баста шудани дигар созмонҳои ҷамъиятӣ

Коршиносон мегӯянд, ҳоло хатари баста шудани созмонҳои кор бо ҳамҷинсагроён дар Тоҷикистон бештар шудааст.

Акбар Ҳомидов, корманди як созмони ҷамъиятӣ, ки бо ҳамҷинсгароён кор мекунад, рӯзи 3-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз як тараф фишорҳо бештар ва аз сӯи дигар маблағгузорӣ низ кам шудааст.

Ӯ гуфт: “Ҳоло Фонди глобалӣ, ки маблағгузори аслии ин ташкилотҳо ҳаст, шарт гузоштааст, ки бояд ин созмонҳо дар алоҳидагӣ кор кунанд. Вақте кор дар алоҳидагӣ мешавад, бастани ин созмонҳо хеле осон мешавад. Аз тарафи дигар, дар назди беморхонаҳо низ утоқҳои боварӣ ташкил кардаанд, ки ҳадафашон кор бо ин гурӯҳҳо ҳаст. Зоҳиран, давлат оҳиста-оҳиста ин корро ба души худ гирифтанист. Аз тарафи дигар, дар лоиҳаҳо маблағгузорӣ кам шудааст . Масалан, коргарон аз 90 то 150 доллар мегиранд, ки хеле маоши паст аст. Коргарон ҳам дилмонда шудаанд”.

Ахиран, сохторҳои ҳифзи қонун дар Тоҷикистон феҳрасти наздики 370 ҳамҷинсгаро таҳия карданд ва гуфтанд, ки ин афрод ба гурӯҳҳои "осебпазир" шомил мешаванд ва бояд ба "қайди оперативӣ" гузошта шаванд. Теъдоди ҳамҷинсгароён дар амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо номи шартии “Ахлоқ” ва “Поккорӣ”, ошкор ва мушаххас шудаанд.

Гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон воқеан ҳам ба бахши гурӯҳҳои осебпазир шомиланд ва дар ҳолатҳои зиёд на танҳо аъзои ҷомеа, балки ходимони полис ҳам ҳуқуқи онҳоро нақз мекунанд.

Ҳарчанд, мақомот 370 ҳамҷинсгароро руйхат кардаанд, вале ҳанӯз шумораи дақиқи онҳо дар Тоҷикистон маълум нест. Чанд соле пеш муаллифони як таҳқиқоти тиббӣ гуфтанд, ки эҳтимолан дар саросари Тоҷикистон то 20 ҳазор нафар марду зани ҳамҷинсгаро ва афроди хуносо (дуҷинса), вуҷуд дошта бошанд. Ин оморро мақомот рад карда буданд.

XS
SM
MD
LG