Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Эътирози мухолифони ҳамҷинсгароӣ ба консерти “Kazaky”


Як гурӯҳи ҷавонони қирғиз ахиран дар яке аз толорҳои шабонаи шаҳри Бишкек монеъи баргузории консерти гурӯҳи ҳунарие шуданд, ки ба иддаои онҳо, ҳамҷинсгароиро таблиғ мекунад.

Шаби 17 октябр беш аз 100 узви ҷунбиши “Холис” дар назди яке аз толорҳои шабонаи шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҷамъ омада, қатъи консерти гурӯҳи “Казаки”(“Kazaky”)-ро талаб карданд. Ба иддаои ҷавонони гирдиҳамомада, ин гурӯҳи украинӣ ҳамҷинсгароиро таблиғ мекунад ва ин мухолифи арзишҳои миллии мардуми қирғиз аст. Дар натиҷа консерти “Казаки” баргузор нашуд ва ташкилкунандагонаш зиёни молӣ диданд.

Қабл аз оғози консерт тарафдорони ҷунбиши «Холис», ки аз ақидаҳои миллигароёна пуштибонӣ мекунад, бо нидоҳои «Қирғиз ҳеҷ гоҳ ҳамҷинсбоз набуд ва намешавад!» талош карданд, вориди толор шаванд. Ба дунбол пулис маҷбур шуд, дахолат кунад ва консертро қатъ намояд.

Сухангӯи раёсати умури дохилаи шаҳри Бишкек Бакит Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, консерти «Казаки» ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъ қатъ карда шуд: “Дар назди толори шабона ҷавонони мазҳабӣ ҷамъ шуданд. Ба хотири пешгирӣ аз низоъ мо бо ҳарду тараф музокирот кардем ва дар натиҷа ба қароре омадем, ки консертро қатъ кунем. Пулис дар ҷои ҳодиса талош мекард, то тартиботро нигоҳ бидорад.”

Гурӯҳи рақсии “Kazaky” аз Украина дар соли 2010 дар шаҳри Киев таъсис ёфта, 4 раққоси мардаш туфлиҳои пошнабаланд пӯшида, ба пайравӣ аз рақси занона мерақсанд, ки аз ҷониби ҷавонони қирғиз ҳамчун таблиғи ҳамҷинсгароӣ маънидод шудааст. Ин гурӯҳ бо даъвати толори шабонаи Guns’n’Roses ба Бишкек омада буд. Яке аз созмондиҳандагони консерт, ки худро дар сӯҳбат бо Озодӣ Нурлан муаррифӣ кард, хабар дод, ки баъди барҳам хӯрдани консерташон дар Бишкек гурӯҳи “Kazaky” ва ҳамин тавр созмондиҳандагони консерту соҳибони толор ба Алма-Ато рафтаанд: “Мо ҷамъ шуда, вазъиятро баррасӣ мекунем ва шояд ҳатто як нишасти хабарӣ бидиҳем. Мо пули билети мардумро бар хоҳем гардонд. Мо аз инки ин гурӯҳро даъват кардем, зиёни зиёд дидем.”

Бархе расонаҳо бо такя ба раҳбарони толори Guns’n’Roses маблағи зиёни расида аз қатъи консерти гурӯҳи украиниро ҳудуди 20 000 доллар баршумурдаанд. Ҳамчунин аз нирӯҳои пулис изҳори норозигӣ шудааст, ки натавонистанд мардуми гирдиҳамомадаро пароканда ва амнияти консертро таъмин кунанд. Намояндагони гурӯҳи “Kazaky” гуфтаанд, ки онҳо аз инки консерташон баргузор нашуд, озурда нестанд, чунки бори аввал нест, ки ба чунин бархӯрд рӯбарӯ мешаванд.

Раҳбари ҷунбиши “Холис” Жениш Молдокматов мегӯяд, эҷодиёти гурӯҳи украинӣ ҷавобгӯи арзишҳои миллии мардуми қирғиз нест ва ба тарбияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад: “Мо наворҳои ин гурӯҳро тамошо кардем. Дар бисёр кишварҳо консертҳои онҳо ҳамроҳ бо ҷанҷолҳо мегузаранд.”

Қаблан вакили порлумони Қирғизистон Турсунбой Боқир-уулу ҳам бо ирсоли як номаи расмӣ ба шаҳрдории Бишкек хостори манъи консерти “Казаки” шуда буд.

Аммо дар баҳсҳои интернетӣ бисёриҳо ҷавонони ҷамъшуда дар ҳавлии толори шабонаи Guns’n’Roses-ро ба бесаводӣ гунаҳкор мекунанд. Ҳомии ҳуқуқ Толекан Исмоилова низ гуфт, баъди чунин фишор ба ҳунармандони украинӣ суолҳое дар атрофи масоили эҳтиром ба ҳуқуқи башар дар Қирғизистон пайдо мешаванд: “Охир ин эҷодиёт аст, ҳунар аст, ки ҳар кас ба гунаи худ онро мебинад. Онҳо ҳам мухлисони худро доранд. Маро аз рафтори ин бачаҳои мо хеле шармам омад.”

Дар ин авохир дар Қирғизистон интиқодҳо аз ҳамҷинсгароён зиёд шудааст. Дар ҳафтаи гузашта Жогорку Кенеш – порлумони Қирғизистон – тарҳи қонунеро дар қироати аввал қабул кард, ки таблиғи ҳамҷинсгароиро манъ мекунад. Ин қонун тақрибан ба пайравӣ аз қонунест, ки ду сол пеш дар Русия тасвиб шуда, ба мавҷи интиқодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст.

Аммо Қурмонбек Деҳқонбоев, вакили порлумон ва муаллифи ин тарҳ мегӯяд: “Ҳадаф аз ин қонун ҳифзи хонаводаи суннатист, ки аз мард, зан ва фарзандони онҳо иборат аст. Имрӯз писарон дар кӯча бо писарон бӯсобӯсӣ мекунанд, дар сатрҳои таблиғотии телевизионҳо мехонем, ки марде марди дигарро барои алоқаи маҳрамона меҷӯяд... Ва ин мисле ки меъёр шуда истодааст. Мо ҳаққи касеро паст заданӣ нестем. Ҳамаи моро Худо сохтааст ва онҳо ҳам шаҳрвандони моанду узви ҳамин ҷомиа. Бигзор ҳар коре ки карданианд, дар хонаи худ бикунанд, мо ба ин коре надорем ва ҳуқуқи онҳоро поймол карданӣ нестем. Вале мо бояд тадбирҳое бияндешем, то аз густариши чунин падидаҳои барои ҷомиаи мо бегона ҷилавгирӣ кунем

XS
SM
MD
LG