Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовузи ҳамҷинсгарои узбак дар Русия


Ин ҷавонро дар ниҳоят маҷбур мекунанд, ки рӯи зарфи шишагӣ бинишинад.
Ин ҷавонро дар ниҳоят маҷбур мекунанд, ки рӯи зарфи шишагӣ бинишинад.

Навори видеое дар шабакаҳои иҷтимоии Русия чарх мезанад, ки нишон медиҳад, гурӯҳе аз ҷавонон як ҳамҷинсгарои узбакро бераҳмона озор медиҳанд.

Дар ин видео, ки аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ зиёд нашр шудааст, аксаран ҷавонони узбак ба назар меоянд. Дар ин видео ҷавоне дида мешавад, ки як гурӯҳ ӯро таҳқир ва бо зарфи шишагӣ таҷовузи ҷинсӣ мекунанд. Дар ин навор, ки дар замимаи телефонии WhatsApp аз даст ба даст мегузарад, гурӯҳе аз ҷавонон, ҳаммилати худро маҷбур мекунанд, ки ҳамҷинсгаро буданашро эътироф кунад.

Ӯ ному насабашро мегӯяд, сипас либосҳояшро мекашанд ва оташ мезананд. Дастонашро мебанданд, латукӯбу таҳқир ва бо силоҳ таҳдид мекунанд. Дар ниҳоят ин ҷавони дар тарсу ларзро маҷбур мекунанд, ки рӯи як зарфи шишагӣ бинишинад ва ҷавон ин корро гирёну нолон мекунад. Онҳое, ки ин видеоро дар WhatsApp дидаанд, ба ҷавонони узбак барои ин корашон таҳсин гуфта ва навиштаанд, ки ҷавони ҳамҷинсгаро сазовори чунин ҷазо аст.

Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, яке аз онҳоеро, ки мегӯяд, дар озор додани ҷавон ширкат кардааст, пайдо кунад. Ӯ аз Русия ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки бо он ҷавон барои ҳамҷинсгаро буданаш чунин рафтор кардаанд. Ӯ гуфт: “Мо маҷбураш кардем, ки рӯзи зарфи шишагӣ нишинад, тавба кунад ва ақлаш дарояд. Мо барои ҳифзи шарафи узбакҳо ин корро кардем. Мо дар инҷо кору зиндагӣ мекунем ва бо миллатҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавем. Дар акси ҳол моро ҳеҷ кас ҳурмат нахоҳад кард.”

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки донишҷӯ будааст, ҷавони ҳамҷинсгароро рӯзи 11 сентябр дар шаҳри Новосибирск дастгир кардаанд ва ҳамаи онҳое, ки дар озору азияти ҷавони ҳамҷинсгаро ҳузур доштаанд, узбак будаанд. Ба қавли ӯ, он ҷавонро аввал гурӯҳи мухолифони ҳамҷинсгароёни рус, аз тариқи шабакаи иҷтимоӣ аз роҳи фиреб ба мулоқот даъват ва сипас дастгир карда ва ба дасти ҳаммилатонаш додаанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки худро муаллифи навори видеоӣ хонд, гуфт: “Бачаҳои рус ӯро дастгир карда, ба мо занг заданд, ки мо як ҳамҷинсгарои узбак дорем. Мо ӯро пурсидем ва ӯ ҳамачиро эътироф кард. Мо 6 ё 7 нафар будем. Русҳо гуфтанд, ки ӯ бачабоз аст, вале ӯ инро рад кард, аммо эътироф кард, ки ҳамҷинсгаро аст.”

Радиои Озодӣ ин навори видеоро дид, вале аслияти онро таъйид карда наметавонад. Пулиси шаҳри Новосибирск гуфт, ки аз ин қазия хабар надорад. Дар раёсати минтақавии пулиси Новосибирск ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин ҳамлае дар гузашта сабт нашудааст.

Ҳамла ба ҳамҷинсгароёни узбак дар ҳоле иттифоқ афтод, ки маъракаи васеъи бадномсозӣ алайҳи ҳамҷинсгароён ва аққалиятҳои дигари ҷинсӣ дар Русия ба роҳ андохта шудааст. Баъди соли 1993 дар Русия, ҳамҷинсгароӣ гуноҳ маҳсуб намешавад, вале бадбинӣ нисбат ба ин аққалият бисёр зиёд аст. Раҳпаймоии онҳоро чанд дафъа дар шаҳри Маскав маъмурони пулис ва мухолифони ҳамҷинсгароён бераҳмона пароканда кардаанд. Қонуни нави Русия дар мавриди “манъи тарғиби ҳамҷинсгароӣ ва иртиботи ҷинсии ғайримаъмулӣ”, дигарбора озору азияти ин аққалият дар Русияро бештар кард.

Моҳи августи соли равон низ айни видео дар шабакаи иҷтимоии В Контакте дар Русия нашр шуд ва дар он дида мешуд, ки чаҳор мард як зане аз аққалиятҳои ҷинсиро бераҳмона латукӯб мекунанд ва мехоҳанд, ки ӯ рӯи зарфи шишагӣ бинишинад, аммо дар ниҳояти амр, он духтар зарфро шикаста мегурезад. Аксарияти онҳое, ки ин наворро дидаанд, дар шарҳҳояшон он чаҳор ҷавонро аҳсан гуфта ба он духтар дашном медоданд.
XS
SM
MD
LG