Додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Муҳсин Раҳимовро барои куштори пардозгари маъруфи рус Дмитрий Любашенко ба ҳафт соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Олег Шассаев, сухангӯи додгоҳ, рӯзи 5 март, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мурофиаи додгоҳӣ Мӯҳсин Раҳимов гуноҳи худро иқрор кардааст. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ки маҳкумшуда ба манфиати давлат 15 ҳазор рубл пардохт кунад.
Куштори стилист ё пардозгари маъруфи рус Дмитрий Любашенко дар моҳи июни соли гузашта боиси сару садоҳои зиёд шуд. Қарор буд, ки рӯзи 4 июн ӯ барои ороиши муйи як хонум - вакили Думаи давлатии Русия мерафт ва аммо ҷасади ғарқи хуни ӯро дар манзилаш дар Симоновский вал пайдо карданд.
Ҷасади дар хун оғӯштаи Дмитрий Любашенкоро хидматгори ӯ рӯзи 4 июни соли 2013 дар манзилаш дар кӯчаи Симоновский вал пайдо кард. Маълум шуд, ки стилисти шинохтаро бо 3 зарби корд, ки якеаш рост ба дили ӯ бархӯрдааст, куштаанд.
Любашенко пардозгари ҳирфаӣ буд ва дар чандин озмуни байнулмилалӣ ҳам ширкат дошт. Ӯ соли 2000 яке аз ҷоизаи озмуни байналмилалии “Садбарги тиллоӣ” дар Порисро соҳиб шуда буд.
Баъди ду ҳафта Мӯҳсин Раҳимови 21-сола бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Дмитрий Любашенко дастгир шуд. Ҳамсояҳои стилист гуфтаанд, ки ҳамон шаб як мард ба меҳмонии ӯ омада буд. Мӯҳсин Раҳимов тақрибан 2 сол боз дар Маскав ба сар мебурд ва дар як амбор ба ҳайси амбордор кор мекард. Ба гуфтаи Олег Шассаев, тафтишот муқаррар кардааст, ки шаби 3 июн шаҳрванди Тоҷикистон Мӯҳсин Раҳимов ба манзили Любашенко рафтааст, вале сӯҳбати онҳо ба муноқиша ва коркашӣ печид ва Мӯҳсин Раҳимов ба пардозгар чанд корд задааст.
Баъди боздошти ин шаҳрванди тоҷик, сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъйид кард, ки Мӯҳсин Умарович Раҳимов 21 марти соли 1992 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрванди ин кишвар аст. Вале он вақт мақомоти сафорат гуфта буданд, ки Мӯҳсин Раҳимов дар ҷараёни бозпурсӣ даст доштанаш дар қатли Любашенкоро радд карда, гуфтааст, рӯзҳои 3 ва 4 июн, ки таърихи эҳтимолии қатли ин стилисти рус гуфта мешавад, сари кор буд.
Қабл аз боздошти Мӯҳсин Раҳимов расонаҳои чопи Маскав бо такя ба кормандони полис навишта буданд, ки Любашенко ба як маризии хатарнок гирифтор аст ва шояд яке аз мизоҷони воломақом баъди гирифтор шудан ба ин маризӣ аз пардозгар интиқом ситонда бошад. Аммо Олег Шассаев дар сӯҳбат бо мо аз тайиди ин фарзия ва ҳамчунин ошкор намудани тавзеҳи маҳкумшуда дар робита ба содир кардани ҷиноят сарпечӣ кард.
Ин дуввуми ҳукми додгоҳӣ дар Русия дар ин ҳафта аст, ки бар пояи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои куштор ба мӯҳлатҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мешаванд. Рӯзи 3 март додгоҳи шаҳри Сургути Русия шаҳрванди Тоҷикистон Ифтихор Холовро барои нӯҳ сол равонаи маҳбаси низомаш шадид кард. Бар пояи ин ҳукм аз Ифтихор Холов ҳамчунин ба маблағи як миллион рубли русӣ ҷубронпулӣ ба нафъи хонаводаи ҷабрдида рӯёнида шудааст.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса 29 сентбяри соли гузашта дар канори тарабхонаи “Радуга”-и шаҳри Сургут рӯй дода буд – моҷаро миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доғистони Русия ба занозанӣ печид ва дар ҷараёни он Ифтихор Холов ба як марди 27-солаи қафқозӣ корд задааст. Шахси ҷароҳатбардошта дар бемористон аз олам даргузашт. Муфаттишон муқаррар намуданд, ки таҳдиде ба ҳаёти Ифтихор Холов набуд, аз ин рӯ амали ӯро на чун “мудофиа аз худ”, балки чун “куштор” арзёбӣ кардаанд. Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои мақомоти тафтишотӣ навиштаанд, ки Ифтихор Холов рӯзи 1 окттябр – ду рӯз баъд аз ҳодиса боздошт шуда ва дар ҷараёни бозпурсӣ гуноҳи худро иқрор кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳадафи содир кардани ҷиноятро надошт ва бо амри таосодуф дар тарабхона вориди моҷаро шудааст.
Аммо Мӯҳсин Раҳимов нахустин шаҳрванди тоҷик нест, ки бо гумони даст доштан дар қатли шахсиятҳои маъруфи Русия маҳкум мешавад.
Дар соли 2008 ду шаҳрванди Тоҷикистон - Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов - бо ҷурми қатли Илёс Шӯрпоев, хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия (ОРТ) дар шаҳри Маскав аз сӯи додгоҳи олии Тоҷикистон ҳар кадом ба 21 соли зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи тафтишот, Ятимов ва Муҳиддинов Шӯрпоевро 21 марти ҳамон сол дар Маскав кушта, як рӯз пас тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Азбаски Қонуни асосии Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандонашро манъ мекунад, муҳокимаи ин ду нафар дар додгоҳи олии Тоҷикистон анҷом шуд. Ин ду нафарро ҳам тавассути телефони мобили Шӯрпоев, ки онҳо бо худ ба Тоҷикистон оварданд, муқаррар ва боздошт карда буданд.
Сабабҳои қатли Дмитрий Любашенко ҳанӯз эълон нашудааст. Вале дар мавриди Шӯрпоев бархе расонаҳо ҳадс мезаданд, ки куштори ӯ шояд ба рағбаташ ба ҳамҷинсгароӣ рабт доштааст. Бино ба хабарҳо, хабарнигори ОРТ қотилони худро дуруст аз боғе, ки дар Маскав ҳамчун ҷои мулоқоти ҳамҷинсгароён маъруф аст, пайдо карда, ба манзили иҷорааш ба "меҳмонӣ" оварда буд.