Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулқодирзода ҳамҷинсгароиро маҳкум кард


Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Масҷиди ҷомеаи Душанбе гуфт, ислом ҳамҷинсгароиро маҳкум мекунад ва пайомадҳои онро "манфур" мешуморад.

Раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мавъизаи намози ҷумъа дар Масҷиди ҷомеи Душанбе ҳозиронро аз ҷурми ҳамҷинсгароӣ ҳушдор дод ва гуфт, муҷозоти ҳамҷинсгароён дар охират аз нигоҳи ислом хеле сахт ва мудҳиш аст. Вай аз аҳли намози ҷумъа хост, ба ҷавонон насиҳат кунанд, ки аз ин падидаи ғайриахлоқӣ ҳазар намоянд. Вай бо овардани ҳадиси он ки ҳамҷинсгароён то рӯзи қиёмат дар оташ хоҳанд сӯхт ва баъд аз он ба ҷазоҳои бадтаре гирифтор хоҳанд гашт, гуфт: "Вазифаи ҳар мусулмон аст, ки бетараф набошем ва насиҳат кунем."

Ҷаноби Абдуқодирзода аз он изҳори таассуф кард, ки баъзан мешунавад, афроди таҳсилдидаву бофарҳанг "занҳои ҳалоли худро монда, роҳ сӯи мардони ҳаром мегиранд". Вай дар ин замина аз қонунӣ шудани издивоҷи намояндагони як ҷинс бо ҳам дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ шадидан интиқод кард.

Мавъизаи Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҳоле садо дод, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ба имомхатибони ҳамаи масҷидҳои ҷомеи кившар тавсия дода буд, рӯзи 7-уми феврал дар намози ҷумъа дар бораи ҳамҷинсгароӣ мавъиза кунанд. Гуфта мешавад, чунин мавъизаҳо дар масҷидҳои дигари кишвар низ садо додаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин авохир дар расонаҳо матолиби бештаре дар робита ба ҳамҷинсгароён нашр шуда, гуфта мешавад, онҳо дар Тоҷикистон маҷбуранд, равиши худро махфӣ нигоҳ доранд, зеро ба табъиз рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон бар инанд, ки ҳамҷисгароӣ кори хусусии инсонҳост ва бояд ҳуқуқи ин афрод поймол карда нашавад.

Ҷаноби Абдуқодирзода ҳамчунин даъват кард, ки аҳли намоз ва ҷавонон аз дигар равияву ҷараёнҳои бегонаи исломӣ, назири салафия ва гуруҳҳои ифротгарои мазҳабӣ канораҷӯӣ кунанд.

Дар як рӯйдоди ҳамсон ҳафтаи гузашта иҷрокунандаи вазифаи муфтии Қирғизистон, Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев зидди ҳамҷинсгароӣ фатво дода, гуфт, ислом ин падидаро ҳаром ва гуноҳи кабира мешуморад. Вай дар посух ба танқидҳои созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch (HRW) гуфт, ки вазъи ҳамҷинсгароёнро дар Қирғизистон “таассуфангез” номида, гуфтааст, полис онҳоро боздошт, латукӯб ва таҷовуз мекунад.

Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев дар ин робита аз ҳукумат, порлумон ва мақомоти адлияи Қирғизистон хост, пеши роҳи созмонҳоеро бигиранд, ки “зери ниқоби ғояҳои башардӯстона дар ҷомеа тухми нифоқ мекоранд”.

Ҳомии ҳуқуқи башар, раҳбари созмони “Шаҳрвандон зидди фасод” Толекан Исмоилова ин фатвои иҷрокунандаи вазифаи муфтии Қирғизистон, Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушевро шадидан танқид кард ва онро зидди қонун шумурд. Равобити маҳрамонаи намояндагони як ҷинс дар Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1998 ба ин сӯ ҷиноят шумурда намешавад.

Муфтӣ ҳамҷинсгароиро маҳкум кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00
XS
SM
MD
LG