Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва парвандаи 10 сокини Суғд барои "ҷиҳод"


Афрод дар ин навор иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд
Афрод дар ин навор иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд

Додситонии Суғд алайҳи даҳ сокини ин минтақа, ки қасди сафар ба Сурия барои ширкат дар ҷангҳои он кишвари арабиро доштаанд, парванда боз кардааст. ВКД мегӯяд, то кунун дар Сурия 50 тоҷик кушта шудаанд.

Додситонии вилояти Суғд алайҳи 9 сокини шаҳри Панҷакент ва 1 сокини ноҳияи Спитамен, ки ба қавли мақомот қасди иштирок дар ҷанги Сурия ва ташкили давлати исломиро дошта, охири моҳи сентябри соли ҷорӣ боздошт гардидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ба гуфтаи масъулони додситонӣ, ин афродро барои сафари дуру пурхатар, аммо дар тасаввури худашон - пур аз савобу шаҳодат Мансур Бобоёров -- сокини ҷамоати Саразми Панҷакент ва Элдар Ҳотамов -- сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен розӣ кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ин афрод, ки дар пайи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ охири моҳи сентябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони мақомоти интизомӣ ва додситонӣ дастгир шуда буданд, ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд.

Як мусоҳиби мо аз додситонии Суғд, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфт, “ин 10 нафар мақсад доштанд, ба Сурия рафта, дар “ҷиҳод” иштирок ва давлати исломӣ барпо кунанд. Онҳоро Мансур Бобоёров ба иттифоқи Элдар Ҳотамов ба ин роҳ даъват кардаанд. Ба назари онҳо, онҳо ба Сурия рафта, аввал дар он ҷо, давлати исломӣ барпо мекунанд, баъд доираи “ҷиҳод” – и худро васеъ карда, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Осиёи Миёнаю Тоҷикистон ҳам давлати исломӣ месозанд.”

Аз насаби якхелаи бархе боздоштшудагон, мисли Бобоёровҳо: Мансур ва Бахтиёр; Туроновҳо: Яҳё ва Муҳаммад пайдост, ки онҳо бо ҳам хешутаборанд. Додситонии Суғд мегӯяд, алайҳи ин 10 нафар парвандаи ҷиноӣ боз карда, онҳоро бар асоси 3 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: 32 – қасди содири ҷиноят; 187, қисмҳои 1 ва 2 – таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва 401, иловаи 1 – ҷалб барои иштирок дар ҷангу задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишвари хориҷӣ айбдор мекунад ва тафтиши парвандаро ҳанӯз ба поён набурдааст.

Дилнавоз Султонова, ҷонишини раиси ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз боздошти танҳо Мансур Бобоёров хабар дорад, вале наздикон ва ҳамсояҳои ӯ гуфтаанд, ки Бобоёров касеро барои рафтан ба Сурияву иштирок дар ҷанг тарғиб намекард, балки ӯ ки ҷойи кор надорад, ба Русия ба мардикорӣ мерафт.

“Фақат ҳамин қадар медонем, Бобоёрову шариконаш риш мондаанд ва ҳамсаронашон ҳиҷоб доранд. Ҳатто дар интихоби гузашта аз ин деҳа ягон кас ба номзадҳои ҳизби исломӣ (манзур – ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - РО) овоз надода буд,” - афзуд хонум Султонова.

Ба гуфтаи хонум Султонова, хабар надорад, ки аз деҳаи Янгиқишлоқ касе қаблан барои фаъолият дар ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ боздошт шуда бошад. Ҳамчунин то ҳол аз иштироки ягон сокини ин деҳа дар ҷанги Сурия ё кишвари дигар гузориш нашудааст. Вале аз ин деҳа, чун дигар деҳоти Тоҷикистон мардони зиёд ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд ва бархе ҳам муддатҳои зиёд ба ватан наомадаанд. Масъули ҷамоати Саразм гуфт: “Аммо аҳли оилаи онҳо мегӯянд, ки дар фарзанд ё шавҳарашон дар Русия ҳастанду занг зада, пул фиристода меистанд. Лекин мо намедонем, ки онҳо дар ҳақиқат дар Русияанд ё ҷои дигар.”

Дафтари матбуоти додситонии Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир нисбат ба гуруҳи сокинони минтақаи шимоли кишвар, ки ё дар ҷанги Сурия ҳастанд ва ё қасди сафар ба "ҷиҳод"-ро доштанду дастгир гардиданд, дар маҷмуъ, 6 парванда боз шуда, тафтишаш идома дорад. Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло алайҳи Комил Раҳматови 45-сола, сокини ноҳияи Спитамен, ки 11 сентябри соли равон дар шаҳри Ӯши Қирғизистон боздошт гардида, дар лаҳзаҳои аввал гуфта буд, нияти сафар ба Фаластин ва ҷанг алайҳи яҳудиёнро дошт, мутобиқи бандҳои 32 (қасди ҷиноят) ва иловаи аввали банди 401- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ) парванда боз шудааст.

ВКД: Дар Сурия 50 тоҷик кушта шудаанд

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи мустақим бо хонандагони ҳафтаномаи "Тоҷикистон"-и чопи Душанбе, ки рӯзи 2 октябр анҷом ва 15 октябр нашр шуд, гуфтааст, бар асоси маълумоти охирин, ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд ва то имрӯз аз ин шумор 50 нафари онҳо кушта шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст,дар ҳоли ҳозир нисбат ба 25 сокини Тоҷикистон бо ҷурми ширкат дар ҷанги Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Ин бори аввал аст, ки вазорати корҳои дохилӣ омори шаҳрвандони тоҷики кушташуда дар ҷанги Сурияро хабар медиҳад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр дар бораи ҳалокати дастикам 30 шаҳрванди ин кишвар дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад ҳарф зада буд.

Ҳарчанд, мақомот шумораи тоҷиконрое, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад меҷанганд, 200 нафар мегӯяд, худи ин афрод дар чанд видеое, ки аз тариқи Интернет нашр кардаанд, шумори тоҷиконро дар Сурия 500 нафар гуфтаанд.

XS
SM
MD
LG