Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалқаи “Давлати исломӣ” дар гулӯи Туркия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Туркия дар ҷустуҷӯи роҳҳои посух ба таҳдиди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки ҳам аз самти Ироқу ҳам аз Сурия ба марзҳояш наздиктару наздиктар мешавад, дар пешорӯи интихобҳои мушкиле қарор гирифтааст.

Садои тиру туфанг ва таркиши хумпораҳо дар манотиқи марзии Туркия ворид шудани ин кишварро ба ҷанги зидди гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” як амри воқеӣ кардааст. Ахиран гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” қисмии низомии артиши Ироқро дар вилояти Анбор забт ва танку зиреҳпӯшҳои онро аз худ кард. Агар ишғоли вилояти Анбор ба ҷангиён даст диҳад, ин ба маъноест, ки роҳи онҳо ба сӯи пойтахти Ироқ - шаҳри Бағдод боз мешавад. Дар Сурия бошад, ҷангиён ба хатти муҳофизати курдҳо рахна зада, тадриҷан ба дарунтари шаҳраки Кӯбонӣ, воқеъ дар марзи Туркия ворид мешаванд.

Ноиби нахуствазири Туркия Оринҷ Булент дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки мақомоти ин кишвар дар мавриди масъалаи муқовимат ба ҷангиён дар Сурия бо Иёлоти Муттаҳида, ки метавонад ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба кор бубарад, вориди гуфтушунид шудааст. Дар худи Туркия ин нигаронӣ вуҷуд дорад аст, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” бо Сурияву Ироқ иктифо намекунад. Туркия ба ин далел ба ҷанг омода мешавад. Аҳолии манотиқии марзии Туркия бо мошину аспу ароба аз маҳаллаҳое, ки гоҳо гулӯлаҳои ҷангиён аз Сурия дар он меафтанд ва мунфаҷир мешаванд, рӯ ба гурез оварда, ба дарунтари кишвар фирор мекунанд.

Тирпарронӣ дар марз 24 соат дар шабонарӯз ба гӯш мерасад. Ба далели нооромиҳо дар Кубонӣ, алакай ҳудуди 600 ҳазор нафар марзи Туркияро убур кардаанд. Дар тӯли марзи Туркия бо Ироқ ва Сурия то 20 урдугоҳи гурезаҳо бунёд шудааст, ки дар онҳо имрӯз ҳудуди 1 миллион суриягӣ ба сар мебаранд.

Артиш дар муқобили тундравони мусаллаҳ

Ҳоло матбуот ин масъаларо матраҳ мекунад, ки оё артиши Туркия марзро убур мекунад ё хайр? Гуфта мешавад, ки аз пойгоҳҳои низомии воқеъ дар Диёрибакр ҳавопаймоҳои ҷангии F-16, ҳавопаймоҳои бесарнишин, силоҳҳои вазнин ва тонкҳои навсохти “Олтой” ба марзи Сурия интиқол ёфтаанд. Туркия ҳудудан 10 ҳазор аскарро дар марзаш бо ин кишвари ошӯбзада мустақар кардааст.

“Тундравон метавонанд оят тиловат кунанд, мардуми мулкиро бикушанд, аммо наметавонанд ба артиши касбӣ муқовимат кунанд,”- мегӯяд Айдин, як низомии мустаъфии Туркия, ки дар гузашта дар ҷангҳои зидди ҷудоиталабони курд иштирок доштааст. Ӯ бар ин бовар аст, ки барои артиши ҳирфаии саропо мусаллаҳ пирӯзӣ бар як тӯдаи ришдорҳои тундрав, ки аксаран хондаву навишта наметавонанд ва тарзи пешбурди ҷанг бо нерӯҳои хушкигардро намедонанд, кори душвор нест.

Аммо ин низомии мустаъфӣ як нуктаро аз ёд бурдааст, ки бисёре аз афсарони артиши Саддом Ҳусейн ва ё низомиёне, ки ба далели ҳамкорӣ бо ин диктатори собиқи Ироқ аз артиш хориҷ шудаанд ва акнун ташнаи интиқоманд, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Низомиёни ҳирфаӣ ҷавонони бесаводро аз деҳкадаҳои дурдаст хуб раҳбарӣ мекунанд. Пешрафтҳои ин гурӯҳ низ аз ҳамин шаҳодат медиҳад. Нигароние вуҷуд дорад, ки баъди саркӯб шудани бахши аслии нерӯи “Давлати исломӣ” дар руёрӯиҳои мусаллаҳона, онҳо билохира ба ҷангҳои чирикӣ ё партизанӣ мегузаранд. Назири ҷанги тӯлоние, ки тӯли даҳсолаҳоо байни артиши Туркия ва Ҳизби коргарии Курдистон ҷараён дорад.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ артиши ин кишварро ба осонӣ шикаст дод ва анборҳои таҷҳизоти низомиро аз худ кард. Ҳоҷӣ Бакр, сарҳанги собиқи артиши Ироқ яке аз идеологҳои ин гурӯҳ номбар мешавад. Бино бар гузориши Викиликс, ӯ дар ҳоле мушовири аршади низомии “Давлати исломӣ” таъин шуд, ки маълумотеро дар бораи барномаҳои ҳарбӣ ва шеваи иртиботи артиши Ироқро дар ихтиёри тундравон қарор дод. Бар пояи баъзе хабарҳо, сарҳанг Бакр гӯё кушта шудааст, аммо ҳақиқати ҳолро касе намедонад.

Эҳтимол меравад, ки манотиқи касногузари кӯҳӣ дар шимоли Ироқ, ҷое ки дар он ҷудоталабони курд пинҳон шудаанд, макони буду боши ҷангиёни исломӣ шавад. Ошкор ва маҳв кардани ҷангиён аз вазифаҳои артиши Туркия хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки дар сурати оғози ҷангҳои партизанӣ майдони муҳориба ногузир ба Туркия кӯч хоҳад баст. Аз ҳоло гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Туркия ҳушдор додааст, ки агар ин кишвар бо ин гурӯҳ вориди ҷанг шавад, аз амалҳои террористӣ бо истифода аз маргталабҳо эмин намемонад.

“Ин як ҷанги тӯлоние мешавад, ки бори вазнини он асосан бар дӯши Туркия меафтад, зеро на ҳамсояҳо ва на Ғарб намехоҳанд дар ҷангҳои заминӣ иштирок кунанд,”- мегӯяд низомии мустаъфӣ Айдин.

Бо ин ҳол, порлумони Туркия дар таърихи 4-уми октябр ба артиши кишвар иҷозат дод, ки дар қаламрави Ироқу Сурия амалиёти ҳарбӣ пиёда кунад. Қариб ҳамаи аҳзоби Туркия аз қарори порлумон пуштибонӣ карданд. Аммо тибқи назархоҳиҳо, 60 дарсади аҳолии ин кишвар ба иштироки Туркия дар ҷанги зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” розӣ нест.

“Мо ба сӯи набарде роҳӣ шудаем, ки хатарноктар аз ҷангҳои қаблист,”- навиштааст шореҳи нашрияи “Ҷумҳурият” Гюрей Ӯз. “Ин метавонад Туркияро ба фоҷеаи бузург рӯ ба рӯ кунад. Аҳолӣ тадриҷан тундрав мешавад ва ҳазорон ҷангии навро вориди набард мекунад,” – афзудааст Ӯз.

XS
SM
MD
LG