Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканориҳо... дар пайи занозанӣ дар Донишгоҳи Кӯлоб


Дар ин занозанӣ Раҷабалӣ Қурбонов маҷруҳ ва дар бемористон бистарӣ шудааст
Дар ин занозанӣ Раҷабалӣ Қурбонов маҷруҳ ва дар бемористон бистарӣ шудааст

Дар пайи занозании як гурӯҳ аз донишҷӯён дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мудири факултаи таъриху ҳуқуқ ва муовинаш аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Мақомоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки занозанӣ ду ҳафтаи пеш рух дода, тасмими барканориро баъд аз санҷиши ҳодиса гирифтанд.

Чанд нафарро барои раҳбарӣ пешниҳод карданд, аммо онҳо қабул накарданд. Донишҷӯёнро хориҷ карданд. Онҳо метавонанд баъди ҳашт моҳ худро барқарор карда, ба таҳсилашон идома диҳанд. Вале декан ду моҳи пеш таъин шуда буд

Онҳо мудири факултаи таъриху ҳуқуқ Гулчеҳра Муродова ва муовинаш дар умури тарбия Анӯшервон Алоевро ба “бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ ҳангоми адои вазифа” айбдор карданд. Инчунин, дар пайи ин ҳодиса донишҷӯёни соли чаҳорум Арҷманд Нафасов ва Фарҳод Дарёев аз донишгоҳ ихроҷ шудаанд.

Барканории декану ҷонишин ва ихроҷи ду донишҷӯ дар поёни маҳфили "Маҳфили зарифон" миёни факултаҳои таъриху ҳуқуқ ва иқтисоду идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сурат гирифтааст. Дар поёни ин маҳфил миёни донишҷӯёни ҳар ду факулта ба сабаби пирӯзии факултаи иқтисод ва идора занозанӣ ба миён омад ва дар пайи ин Раҷабалӣ Қурбонов, донишҷӯи соли аввали факултаи иқтисод ва идора дар бемористони вилоятии Кӯлоб бистарӣ шуд.

Масъулони Идораи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо таваҷҷӯҳ ба онки тарафи ҷабрдида гунаҳкоронро бахшид, нисбат ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст.

Бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Раҷабалӣ Қурбонов, донишҷӯи соли аввали факултаи иқтисод ва идора рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз аввал онҳоро бахшида, ҳеч шикояте накард. Қурбонов гуфт, дар ҷавонӣ ин гуна ҳодисаҳо ба сари ҳар нафар меояд. “Ҳарчанд маслиҳат доданд, ки набахшам ва онҳо ҷазояшонро гиранд, ҳеч шикояте накардам ва онҳоро бахшидам. Аз аввали ҳодиса бахшиданӣ будам, аммо дар аввал тағоям розӣ нашуд ва пас аз он онҳоро бахшидем”, - афзуд мусоҳиби мо.

Аммо баъзе омӯзгорон мегӯянд, барканории декану муовинаш барои ин ҳодиса дар дили омӯзгорон тарс ворид мекунад ва онҳо дигар намехоҳанд ба сифати декан дар донишгоҳ фаъолият кунанд. Як омӯзгори факултаи таърих ва ҳуқуқ ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар факултаи онҳо тайи чаҳор соли ахир қариб ҳафт декан иваз шуд. Ин омӯзгор гуфт, баъд аз ин занозанӣ ва барканории Гулчеҳра Муродова ва муовинаш Анӯшервон Алоев касе намехоҳад дар инҷо ҳамчун мудир фаъолият кунад.

Амирхон Ҳотамов
Амирхон Ҳотамов

“Чанд нафарро барои раҳбарӣ пешниҳод карданд, аммо онҳо қабул накарданд. Донишҷӯёнро хориҷ карданд. Онҳо метавонанд баъди ҳашт моҳ худро барқарор карда, ба таҳсилашон идома диҳанд. Вале декан ду моҳи пеш таъин шуда буд”, - афзуд ӯ.

Моҳи ноябри соли 2014 Амирхон Ҳотамов, донишҷӯи курси панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқ аз ноҳияи Темурмалик, дар як занозании хунин Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров донишҷӯёни соли саввуми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии ҳамин донишгоҳро, ки аз маҳаллаи Даҳанаи Кӯлоб будаанд, бо зарби корд ба ҳалокат расонда буд.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб соли 2015 Амирхон Ҳотамовро ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин ҳодиса низ Ҷамила Юлдошева, декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва Рӯзибек Боқиев, декани факултаи таъриху ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз симаташон барканор шуда буданд.

XS
SM
MD
LG