Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи “Ғаффор Седой” боғчаи кӯдакон шуд. ВИДЕО


Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Девори нимгектарии манзили боҳашамати генерал Ғаффор Мирзоев, сардори пешини Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, дар маркази шаҳри Кӯлоб тахриб шуда, қарор аст, дар ҷойи он панҷара насб гардад. Худи бино ба боғчаи кӯдакон табдил ёфтааст.

Ин бино барои фаъолият пурра омода шудааст. Деворҳои атрофи биноро чаппа кардаанд ва акнун дар ҷои онҳо панҷара насб хоҳад шуд

Генерали собиқ аз соли 2004 ба ин тараф пушти панҷараи зиндон аст ва манзили бошукӯҳи ӯ баъд аз мусодира ба ихтиёри давлат гузашт. Додгоҳи олӣ генерал Мирзоевро соли 2006 бо иттиҳоми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ ва ҷурмҳои дигар ба ҳабси абад маҳкум кард ва ин манзилу дороиҳои дигари ӯро мусодира намуд.

Дар оғоз маъмурияти Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб қасд дошт, ин манзили воқеъ дар маркази шаҳрро, ки дар ҳудуди ним гектар замин ҷойгир аст, ба китобхонаи электронӣ табдил диҳад. Аммо соле пеш тасмим дигар шуд. Мақомот гуфтанд, ки ин макон осоишгоҳ мешавад. Ҳоло онро ба боғчаи бачагона табдил додаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Хонаи “Ғаффор Седой” боғчаи кӯдакон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хонаи собиқи Ғаффор Мирзоевро таъмир кардаанд ва ин бино ба боғчаи бачагона табдил шудааст. Ба қавли масъулини донишгоҳ, дар ин боғча фарзандони омӯзгорони ҳамин муассисаи таълимӣ тарбият мешаванд. Як масъули донишгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин бино барои фаъолият пурра омода шудааст. Деворҳои атрофи биноро чаппа кардаанд ва акнун дар ҷои онҳо панҷара насб хоҳад шуд”, - гуфтанд аз донишгоҳи Кӯлоб.

Хонаи собиқи генерал Ғаффор Мирзоевро ба боғчаи бачагона табдил додаанд
Хонаи собиқи генерал Ғаффор Мирзоевро ба боғчаи бачагона табдил додаанд

Бо инки аз ҳодисаи мусодираи ин манзили бошукӯҳ беш аз даҳ сол мегузарад, сокинони оддӣ дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи одат ин маконро бо номи “хонаи Ғаффор Седой" мешиносанд. Сокинони кӯҳансоли Кӯлоб мегӯянд, дар солҳои Шӯравӣ дар ҳудуди маконе, ки баъдан манзили Ғаффор Мирзоев шуд, бонк ҷойгир буд ва дар канори он манзили падари генерал ҷой дошт.

Файзиддин Зарифӣ, як сокини 60-солаи шаҳри Кӯлоб гуфт, баъди ҷанги дохилӣ Ғаффор Мирзоев ин маконро аз худ кард ва манзилашро дар иҳотаи деворҳои баланд панаҳ намуд. Ҳоло бо гузашти 13 сол аз боздошти генерал аз деворҳои бисёр баланди он манзил, ки аз назари бисёре аз сокинони Кӯлоб хилоф бо фарҳанги хонасозии маҳаллӣ будааст, дигар хиште ҳам намонд. Деворҳое, ки дар шароити баъдиҷангии Тоҷикистон ишора ба нуфуз ва мақоми хоси соҳибаш мекард.

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Ғаффор Мирзоеви 61-сола то замони ба зиндон рафтанаш, дар соли 2006, дар мақоми фармондеҳи пешини Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ хатмкардаи шӯъбаи ғоибонаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва як сол пеш аз боздошташ Академияи низомии Русияро низ хатм кард. Ӯ дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Амрико парчамбардори тими миллии Тоҷикистон буд.

Мирзоевро ниҳодҳои интизомии кишвар моҳи августи соли 2004 боздошт карданд ва Додгоҳи олӣ баъди ду соли баррасии парванда, ӯро ба ҳабси абад маҳкум намуд. Генерали собиқ Ғаффор Мирзоев ба ҷурми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин, гунаҳкор дониста шудааст.

Девори як замон баланду боҳашамати атрофи хонаи Ғаффор Мирзоевро чаппа карданд
Девори як замон баланду боҳашамати атрофи хонаи Ғаффор Мирзоевро чаппа карданд

Ба ҷуз аз Ғаффор Мирзоев, аз ин хонаводаи як замон пурнуфузи Кӯлоб боз 3 тани дигар дар маҳбас ба сар мебаранд. Бародари ӯ – Абдурасул Мирзоев ва писару домоди хоҳараш Оиша Мирзоева низ ба дунболи боздошти Ғаффор Мирзоев боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

XS
SM
MD
LG