Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мехоҳам Амрикоро бинам". Омӯзиши англисӣ дар 72-солагӣ. ВИДЕО


Марзиямо Шарифова ҳангоми омӯзиши забони англисӣ
Марзиямо Шарифова ҳангоми омӯзиши забони англисӣ

Дар Тоҷикистон аксарияти онҳое, ки аз 30-сола боло ҳастанд, мегӯянд, омӯхтани забони хориҷӣ барояшон дер шудааст ва мумкин аст, ба осонӣ ёд нагиранд. Вале Марзиямо Шарифова, сокини 72-солаи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ин фақат як баҳона аст ва агар инсон кӯшиш кунад, дар ҳар синну сол чизи наве ёд мегирад. Ҳоло Марзиямо худаш забони англисӣ меомӯзад, то дар Амрико роҳро гум накунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Мехоҳам Амрикоро бинам". Омӯзиши забони англисӣ дар 72-солагӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

"Русиву узбакиро медонам. Акнун - навбати англисӣ"

Ҳарчанд фарзандони ин зан дар оғоз нияти забономӯзии модарро ҷиддӣ нагирифтанд, бо гузашти се моҳ аз ин иқдомаш ҳимоят мекунанд. Орзуи омӯхтани забони англисӣ ва дидани Амрико баъд аз он дар дили Марзиямо Шарифова пайдо шуд, ки як бародарзодааш бо нияти кору зиндагӣ ба он кишвар рафт ва гуфт, аз тасмимаш хеле шод аст. Дар нақлҳои худ ӯ ҳамеша аз ин кишвар тавсиф мекунад. Таърифи Амрикоро хонум Марзия аз хешовандони дигараш ҳам шунидааст, ки солҳои охир ба Амрико рафта, дар онҷо зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Марзиямо Шарифова (аз тарафи чап) бо яке аз ҳамсояҳояш
Марзиямо Шарифова (аз тарафи чап) бо яке аз ҳамсояҳояш

Марзиямо Шарифова, сокини деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ аст. Ӯ рӯзи 20-уми октябр гуфт, бо инки дар хурдсолӣ шонси таҳсили хуб дар мактабу донишгоҳро надошт, ҳамеша ба афроди таҳсилкардаву огоҳ ҳавас мекард ва эҳтиром дошт. Зиндагии оилавии ӯ дар 14-солагӣ шурӯъ шуд ва таҷрибаи аввал ҳам муваффақ набуд. Вақте оилаи дувум барпо кард, бо ҳамсараш – ҷавоне аз Кӯлоб ба ноҳияи Восеъ кӯчид ва дигар тамоми умр бо кори хоҷагиву колхоз машғул буд.

"Ман дар мактаб аълохон будам ва забони русиро хуб медонистам. Аммо аз сабаби сағира будан маро дар 14-солагӣ ба шавҳар доданд. Меҳри хондан дар дилам буд, рӯзномаву маҷаллаҳоро мехондам, ҳатто достонҳову романҳоро мехондам. Соҳиби ду фарзанд шудам, аз шавҳари аввал ҷудо шудам. Баъди чанде шавҳари дуюм карда, ба ин деҳа омадам ва то соли пеш дар саҳро ба пахтачинӣ машғул будам. Ҳоло дар хонаам ва барои кӯдакони деҳот аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ мекунам”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

"Мехоҳам, ки Амрикоро бубинам"

Умедҷон Назаров
Умедҷон Назаров

Марзиямо Шарифова мегӯяд, каму беш узбакиро низ медонад, аммо орзуи дидани Амрико ӯро се моҳи пеш ба омӯхтани забони англисӣ водор кард. Муаллими Марзиямо – писари даҳсолаи ҳамсоя аст, ки дар синфи се мехонаду барои омӯзиши забони англисӣ дар мактаби деҳа ситоиш шудааст.

Бархе аз ҳамдеҳагони ин зани 72-сола хабари забономӯзии ҳамсояро бо ҳайрат, бархеи дигар шӯхӣ қабул карданд. Аксарият ин суолро медиҳанд, ки дар ин син магар барномаи ҷиддии мисли забономӯзиро мешавад амалӣ кард? Марзиямо Шарифова ба ҳама як посух дорад: “Мехоҳам, Амрикоро бубинам”. Ин зане, ки дар умраш ҳеҷ гоҳ берун аз Тоҷикистон нарафтааст, орзу дорад, бо кумаки пулии шаш фарзандаш метавонад, рӯзе ба он сӯи Уқёнус парвоз кунад.

"Гуфт, худам пир шудаам, аммо дилам ҷавон аст"

Марзиямо Шарифова гуфт, медонад, пас аз омӯзиши забони англисӣ на танҳо Амрико, балки кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Итолиёро ҳам мешавад дид. Умедҷон Назаров, хонандаи синфи севум ва муаллими англисии Марзиямо Шарифова аз талошҳои “шогирд”-аш ситоиш кард. Умедҷон гуфт, дар давоми ин се моҳи омӯзиш мушоҳида кардааст, ки зеҳни “Марзиямо Шарифова тез аст” ва ҳама дарси додаи ӯро “хуб ва зуд азхуд мекунад”.

Умедҷон гуфт, “ҳамроҳи набераи бибии Марзия дарс мехондем, баъд худаш омада гуфт, ки забонро ба мо омӯзед. Ростӣ, ҳайрон шуда, гуфтем, охир шумо пир шудаед, чӣ кор мекунед забонро? Гуфт, худам пир шудаам, аммо дилам ҷавон аст, мехоҳам ин забонро ёд гирифта, Амрикоро бубинам.”

Фарзандон ба тасмими модар тан доданд

Олимхон Раҳмонов
Олимхон Раҳмонов

Дар ҳамин ҳол, фарзандони зан мегӯянд, ки дар аввал онҳо зид буданд, аммо чун диданд, ки тасмими модар ҷиддист, дигар ба ӯ коре надоранд. Олимхон Раҳмонов, яке аз писарони Марзиямо Шарифова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар шонси ба Амрико сафар кардани модар даст диҳад, фарзандон ҳам шод мешаванд, чун инро як ормони модари худ медонанд.

Қаблан, дар моҳи феврали имсол, Ғуломҳайдар Искандарови 71-сола – сокини ҷамоати "20-солагии истиқлолият"-и ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ), ки дар бахши ғоибонаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Қӯрғонтеппа таҳсил мекунад, гуфт, “маълумоти баъдӣ ва ҳаштуми ман бояд забони англисӣ бошад". Ӯ ҳоло дар бахши ғоибонаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Қӯрғонтеппа мехонад.

Ғуломҳайдар Искандаров
Ғуломҳайдар Искандаров

Таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бар пояи синну соли мушаххас анҷом мешавад ва асосан тамаркуз бар рӯи ҷавонҳост. Донишҷӯёни бахшҳои ғоибона умдатан афроди миёнсоланд, ки натавонистаанд дар замонаш ба далоиле донишгоҳро хатм кунанд.

Дар кишвари суннатие, ба мисли Тоҷикистон, ҳафтодсолагӣ синнест, ки сокинон дигар дар бораи “он дунё” фикр мекунанд ва хатти сафари онҳо низ танҳо масҷиду хона мешавад. Аммо таҳсилу забономӯзӣ “дар сари пирӣ” барои Марзиямо Шарифова ва Ғуломҳайдар Искандаров як чолишест, ки онҳо барои худ эҷод кардаанд.

XS
SM
MD
LG