Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни қориҳои "Қуръон" дар Маскав


Дар шаҳри Маскав озмуни қориёни "Қуръон" аз 30 кишвар баргузор мешавад. Дар ин озмун Тоҷикистонро Комрони Комилҷони 24-сола намояндагӣ хоҳад кард.

Дар озмуни байналмилалии қориёни Қуръон, ки рӯзи 20 сентябр дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав баргузор мешавад, Тоҷикистонро Комрони Комилҷон, яке аз қориҳои ҷавони кишвар намояндагӣ мекунад. Дар ин озмун, ки бо мусоидати муфтиёти Русия ва ҳукумати Маскав сурат мегирад, қориён аз 30 кишвар ширкат мекунанд.

Дилоро Баҳоуддинова, сухангӯи Шӯрои муфтиёни Русия рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар озмуни байналмилалии қориёни Қуръон, ки бори 15-ум аст дар Маскав сурат мегирад, дар ду қисмат, яъне ҳифз ва тиловати Қуръон баргузор мешавад ва довари он донишмандони маъруфи ислом аз кишварҳои арабӣ ҳам ҳастанд: “Доварони озмуни мо Муҳаммад Бушлуш аз Алҷазоир, Аҳмад Холид Юсуф Шукрӣ аз Ӯрдун, Маҳмуд ал-Аковӣ аз Лубнон, Фотим Акумуш аз Туркия ва Ислом Дашкин аз Русия ҳастанд.”

Ба ҳайси меҳмони махсус ба ин озмун Шайх Сайёд ал-Ҳомидӣ, имоми масҷиди Ан-Набавӣ аз Арабистони Саудӣ даъват шудааст, ки аз қориёни маъруфи Қуръон дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Марҳилаи интихобии қориёни беҳтарини Қуръон рӯзи панҷшанбе 18-уми сентябр сурат мегирад ва номи онҳоеро, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтаанд, рӯзи 20-уми сентябр эълон мекунанд. Намояндаи Тоҷикистон дар озмун Комрони Комилҷон, қории 24-солаи тоҷик, яке аз донандагони ин китоби муқаддас маҳсуб мешавад ва соли 2011 дар «Озмуни ҷумҳурияии ҳифз ва қироати Қурон бо риояи тартил» дар бахши «Ҳифз ва қироати кулли Қуръони Карим бо тафсири пораҳои 28-30» ғолиби ин озмун шудааст.

Ба гуфтаи Дилоро Баҳоутдинова, аз миёни даҳҳо қориву ҳофизони Қуръон, ки аз ҷумҳуриҳои мусулмоннишини худи Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ чаҳор ғолиб интихоб мешавад ҷоизаҳои пулӣ мегиранд.

Шӯрои муфтиёни Русия бори 15-ум аст, ки дар Маскав беҳтарин қориёни Қуръон аз кишварҳои шарқиву ғарбиро ҷамъ меорад ва ин озмунро соли 2010 ба феҳрасти чорабиниҳое ворид кардаанд, ки зери чатри ЮНЕСКО, Муассисаи Илм ва Фарҳанги Созмони Милал сурат мегиранд. Ба гуфтаи шӯро, азбаски таваҷҷӯҳ ба озмуни мазкур зиёд шудааст, имсол қарор кардаанд, ки онро дар толории “Крокус Сити” баргузор намоянд, ки барои 6 ҳазор нафар ҷойи нишаст дорад.

Бори аввал дар озмуни қориёни “Қуръон” дар Маскав дар соли 2009 қории тоҷик Сиротуллоҳ Рауфов дар бахши ҳифзи Қуръон ғолиб омада буд.

XS
SM
MD
LG