Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ду қории ҷавони тоҷик дар Маскав


Озмуни навбатии қориёни Қуръон дар Маскав бо ташаббуси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия баргузор шуд.

Дар он беш аз 50 қорӣ ва ҳофизи Қуръон аз саросари Русия ширкат доштанд, ки ё муҳоҷир буданд ва ё фарзандони онҳо. Дар кулл озмун барои муҳоҷирони тоҷик ташкил шуд ва ин соли дуввум аст, ки он баргузор мешавад.

Дар як гуфтугӯ аз Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик, пурсидем, онҳое, ки дар ин озмун ширкат доштанд, афроди муқимӣ ҳастанд ва ё аз Тоҷикистон омадаанду кор мекунанд ва ҳамзамон Қуръон мехонанд?

Иззат Амон ҳангоми супоридани тӯҳфаҳо ба иштирокдорони озмуни ҳофизони Қуръон дар Маскав
Иззат Амон: "Муҳоҷирон аз Тоҷикистон омадаанд ва муқим нестанд. Муҳоҷирони муқим ҳам ҳастанд, ки омаданд, иштирок карданд дар озмуни мо ва тӯҳфаҳои худро дастрас карданд."

Озодӣ: Кӣ ғолиби озмун шуд?

Иззат Амон: "55 ширкаткунанда дар озмун дар ду бахш мусобиқа карданд. Бахши аввал хондан аз рӯи таҷвид буд ва бахши дигар ҳифзи кулли Қуръон. Дар бахши ҳифзи кулли Қуръон писарбачаи 12-сола Мӯсоев Аҳмадҷон аз шаҳри Санкт-Петербург бо 51 хол ҷои аввалро гирифт ва соҳиби як ноутбук шуд. Дар таҷвид ҷои аввалро писарбачаи 10-сола Муҳаммадиев Неъматулло гирифт. Мукофот барои ӯ 20 ҳазор рубли русӣ буд ва як Қуръону як грамотаву як дивидиплейер. Хуллас, дар ҳарду номинатсияи озмун писарбачаҳои хурд пирӯз шуданд."

Озодӣ: Синну соли миёнаи онҳое, ки дар озмун иштирок карданд, чанд буд?

Иззат Амон: "Дар озмун аз 8-сола то 30-сола ширкат карданд. Аммо барои ман маълум нест, ки чаро ба писарбачаҳои 10 ва 12-сола ҷои аввалро доданд. Бовар дорам, аъзои ҳакамон қарори одилона

бароварданд, ки ба писарбачаҳои ҷои аввалро доданд. Яъне ин хоҳиши кадом як касе набуд. Таъсири ягон гурӯҳ ё нафаре набуд. Қарори худи ҳакамон буд."

Озодӣ: Воқеан, аъзои ҳакамон кӣ буданд?

Иззат Амон: "Аъзои ҳакамон як бародар аз Шӯрои муфтиёти Русия Марат Ҳазрат буд. Як нафари дигар узви ҷавони Иттиҳоди мо, ки ҳофизи кулли Қуръон аст ва тоза аз Эрон хатм карда, имрӯз барои бачаҳои мо дарс мегӯяд, бародар Муҳаммадшариф ва як бародари дигар аз Сурия Шайх Муброз, ки низ ҳофизи кулли Қуръон ҳастанд, буданд. Дар кулл се нафар узви ҳайати ҳакамон буданд."
XS
SM
MD
LG