Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кэмерон: Бритониё омодаи густариши шарикӣ бо Қазоқистон ҳаст


Вазири корҳои хориҷии Бритониё Дэвид Кэмерон дар мусоҳиба бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи 25 апрел гуфт, ки кишвараш барои ташкили муносибатҳои амиқтари шарикӣ бо Қазоқистон омода аст.

Кэмерон афзуд, Қазоқистон метавонад, чунин шарикиро бо Бритониё ба роҳ монад ва ҳамзамон муносибатҳои кунуниашро бо Русия ва Чин ҳифз кунад.

"Ман фикр мекунам, ки мо аллакай дар бахшҳои маориф, тиҷорат, иқтисод, савдо ва ҳамкориҳои сиёсӣ шарикии олие дорем. Ман ин густаришро баъд аз 13 соли сафари пешинам мушоҳида мекунам", - гуфт Дэвид Кэмерон.

Вазири корҳои хориҷии Бритониё ҳамчунин афзуд, вай бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 24 апрел талошҳои ҳукумати кунунии ин кишварро барои баргардонии дороиҳои ғайриқонунӣ баррасӣ кардаанд.

Ҳафтаи ҷорӣ Кэмерон ҳамчунин бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон дидор ва гуфтугӯ кард. Ин мулоқотҳо дар доираи сафари дипломатии вай ба Осиёи Марказӣ сурат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG