Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каъба ё Ватикан? Қиблаи 6 масҷид дар Кӯлоб баҳбарангез шуд


Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта иддао дорад, қиблаи шаш масҷиди навбунёд дар минтақаи Кӯлоб ба сӯи Ватикан аст, на Каъба. Ӯ аз соҳибони масҷид хостааст, то ғалатшонро ислоҳ кунанд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби масҷиди Кӯлоб, иддао дорад, дар 6 масҷиди ин минтақа ибодат на ба тарафи Қибла, балки ба сӯи Ватикан анҷом мешавад.

Ин рӯҳонии саршиноси тоҷик рӯзи 2 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мутаассифона, дар ин масҷидҳо имомхатибон бо истифода аз телефонҳои мобил, ки барномаи самтгирии Қибларо мушаххас мекунад, муддати ду сол боз қиблаи худро тағйир додаанд.”

Ба таъкиди Ҳайдар Шарифзода, “барномаҳои қибланамои телефонҳои мобил аксаран қибларо иштибоҳ нишон медиҳанд.” Ҳол он ки ба гуфтаи ӯ, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам, намозгузорӣ ба самти Қибла “45 градус аз як тарафи Каъбатулло ва 45 градус аз дигар тарафи Каъбатулло, яъне 90 градус муайян шудааст.”

Аммо сархатиби масҷиди Кӯлоб мегӯяд, “намозгузорон дар шаш масҷид тибқи барномаҳои қибланамои телефонӣ муддати беш аз ду сол аст, ки на ба сӯи Қибла, балки ба тарафи Ватикан намоз мегузоранд.”

Мулло Ҳайдар Шарифзода
Мулло Ҳайдар Шарифзода

​Мулло Ҳайдар Шарифзода мегӯяд, ба имомхатибони ин масҷидҳо аз лиҳози фиқҳӣ ва шаръӣ ва тибқи мазҳаби Имоми Аъзам собит кардааст, ки Қиблаи ихтиёркардаи онҳо иштибоҳ аст ва бояд ғалати худро ислоҳ намоянд.

Охирҳои соли 2007 дар ноҳияи Турсунзода низ масҷиде ошкор шуда буд, ки самти намозгузории ибодаткунандагонаш ба сӯи Ватикан будааст. Хурсанд Ибоддинов, раҳбари вақти Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз ин ҳодисаи иттифоқуфтода гуфт, инчунин, номушаххасиҳо дар муайян кардани самти дақиқи Каъбатуллоҳ, яъне шаҳри Макка, миёни мардум ихтилофҳо сар задааст.

Ӯ афзуд, "мо бо мутахассисон ба ин деҳа рафта, аз тариқи асбоби махсус самти ғуруби офтоб ва ҷойгиршавии Каъбаро муайян ва бо бӯр самти Қибларо дар саҳни ҳавлии ин масҷид ишорат намудем. Маълум шуд, қаблан мардуми ин деҳа дақиқан на ба самти Каъба, балки 22 дараҷа канортари он намоз мегузоштаанд. Зеро ин масҷид параллел (мутаносибан) бо роҳ бунёд шуда ва самти Каъба дақиқ мушаххас нашудааст."

Хурсанд Ибоддинов
Хурсанд Ибоддинов

​Оқои Ибоддинов иброз дошт, ин дар ҳолест, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон ҷиҳати мушаххас кардани самти қибла аз ҳама манотиқи Тоҷикистон ва тақвими замони намозҳо ба ин пажӯҳишгоҳ расман муроҷиат карда ва посухи дақиқ гирифтааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, муассисаҳои динии Тоҷикистон дар бунёди ба хусус масоҷид аз дастовардҳои улуми дақиқ зиёд истифода намебаранд ва ин боиси иштибоҳҳои мусалмонони кишвар дар анҷоми аркони ислом мегардад. Зеро ба эътиқоди Ибоддинов, самти ҷойгиршавии Каъбатуллоҳ аз мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, танҳо дар рӯзҳои кӯтоҳтарини сол, ба вижа 22 декабр ба самти ғуруби офтоб мувофиқ аст.

Аммо мегӯяд ӯ, дар фаслҳои дигар, аз ҷумла тобистон, самти ғуруби офтоб 60 дараҷа тағйир меёбад ва дар ин мавсим дақиқан ба самти ғуруби офтоб намозгузорӣ дуруст нест.

Адашхон Иноятзода, муаззини масҷиди марказии Душанбе, мегӯяд, феълан мавриди мушаххас кардани самти намозгузорӣ дар бунёди масоҷиди кишвар аз компас ва ё қутбнамо истифода мебаранд ва ҳамчунин бар тибқи он аз ҷумла мушаххас кардаанд, ки самти намозгузорӣ дар масҷиди марказии Душанбе дақиқан ҷониби Каъбатулоҳ будааст.

Вай афзуд, дар инҷо 120-130 сол пеш, яъне қабл аз инқилоби октябр масҷид сохта шуда буд ва Масҷиди марказии Душанбе дар ҷои он бунёд шуда ва самти қибла ба он масҷиди қаблӣ мувофиқ аст.

XS
SM
MD
LG