Манзили волидони Ҷумъахон Қурбонов дар ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҷойгир аст. Модараш омӯзгор аст, падараш деҳқонӣ мекунад.
"Бо саводи худаш ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дар Душанбе дохил шуда буд. Зӯрамон нарасид, ки пули иҷора ва харҷҳои дигарашро диҳем. Ночор барои пулкоркунӣ ба Русия рафт," – нақл кард Бегиёр Саидов, падари Ҷумъахон, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ.
Ӯ афзуд, Ҷумъахон ҳамроҳи бародараш, Сӯҳроб Қурбонов, дар як макон дар пойтахти Русия зиндагӣ ва дар сохтмон кор мекарданд. Ҳар моҳ барои харҷи оила то 20 ҳазор рубли русӣ ё зиёда аз дусад доллари амрикоӣ мефиристодааст.
"Ман ба бегуноҳии фарзандам бовар дорам," -- гуфт Саидов ва афзуд, “ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот дар Русия бовар надорем. Пайваста насиҳаташ мекардам, ки танҳо ба роҳи рост рав.”
Падари Ҷумъахон Қурбонов мегӯяд, боздошти писарашро аз расонаҳои Русия фаҳмиданд. Як манбаи огоҳ гуфт, мақомот ин хонаводаро расман аз қазия хабардор кардаанд: "Ҷумъахонро ҳамроҳи бародараш Сӯҳроб дастгир карданд. Бародараш ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, Ҷумъахон дар боздошт монд. Бародари Ҷумъахон гуфт, ки онҳоро аввал ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт карда, сипас бародарашро ба ҳамла ба "Крокус" муттаҳам намуданд."
Сӯҳроб Қурбонов, бародари Ҷумъахон Қурбонов, дар Тоҷикистон аст, вале волидонаш гуфтанд, иҷозаи суҳбат надорад. Худашон ҳам дар ин замина тафсилот надоданд.
Ҷумъахон Қурбонов рӯзи 27-уми апрел бо қарори додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ва ба гумони “маблағгузорӣ барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ” ба ҳабс гирифта шуд. То 22-юми май дар ҳабс хоҳад монд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун сездаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.