Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе даст доштани тоҷиконро дар эътирозҳои Қазоқистон рад кард


Алмато, моҳи январи 2022
Алмато, моҳи январи 2022

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон рад кард. Додситони кулли Қазоқистон рӯзи 5-уми январи имсол гуфт, дар бетартибиҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар, ки боис ба хунрезӣ шуд, хориҷиҳо, аз ҷумла аз Тоҷикистон, иштирок доштанд.

Намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6-уми январ ба Радиои Озодӣ навишт, дар ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштанд. "Ҷониби Тоҷикистон дар бораи иштироки шаҳрвандон дар воқеаҳои соли гузашта аз роҳҳои расмӣ аз Қазоқистон маълумот нагирифтааст," -- омадааст дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамчунин, гуфтанд, баъд аз нашри хабарҳо дар ин бора сафорати Тоҷикистон ба ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон муроҷиат кард "ва ин далелҳо тасдиқи худро наёфт".

Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон, рӯзи 5-уми январ дар порлумони кишвараш гуфт, "шаҳрвандони хориҷӣ ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва ҷиноятҳои дигар гумонбар дониста мешаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Узбакистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд."

Мақомоти Қирғизистон ба ин изҳороти Асилов вокуниш карда, даст доштани доштани шаҳрвандони худро дар эътирозҳои Қазоқистон рад карданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, баъзе аз шаҳрвандони ин кишвар ба далели "вазъияте, ки аз онҳо вобаста намебошад" дар маркази "ҳодисаҳои январӣ"-и Қазоқистон қарор гирифтаанд.

Додситони кулли Қазоқистон дар бораи даст доштани шаҳрвандони хориҷӣ дар эътирозҳо ҷузъиёти бештар надод. Маълум нест, шаҳрвандони ин кишварҳо дар ҷараёни эътирозҳои аввали соли гузашта дар Қазоқистон чӣ "нақше" бозидаанд. Додситони кулли Қазоқистон танҳо гуфт, дар пайванд ба эътирозҳои моҳи январ 573 нафар маҳкум шудаанд. Аз миёни инҳо 2 нафарашон ба содир кардани амалҳои террористӣ муттаҳам мешаванд.

Дар ибтидои моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон баъди якбора боло рафтани нархи гази моеъ сокинон ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо Алмато ва чанд шаҳри дигари Қазоқистонро фаро гирифт ва ба беназмиҳои оммавӣ бо истифода аз силоҳ сабаб шуд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, беназмиҳоро на эътирозгарон, балки террористоне анҷом додаанд, ки аз хориҷ омадаанд, вале далели қонеъкунандае дар ин маврид надоданд. Дар натиҷаи он бетартибиҳо 227 кас кушта шуд. Дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ раиси Кумитаи амнияти Қазоқистон ва вазири дифоъ боздошт шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG