Қатар ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми январ эълон карданд, ки баъд аз 467 рӯз ҷанг, Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) бо созиши оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо мувофиқат карданд.
Нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад Бин Абдураҳмон Оли Сонӣ хабар дод, ки оташбас аз рӯзи 19-уми январ оғоз мешавад.
Бо ин созиш, ҷанги 15-моҳа ва вайронгар дар Ғазза хотима меёбад ва эҳтимол поёне бар маргбортарин даргирӣ миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" хоҳад буд.
Ба гуфтаи нахуствазири Қатар, 33 гаравгони исроилӣ дар марҳилаи аввали созиш, ки метавонад ба як "оташбаси доимӣ" табдил шавад", озод хоҳанд шуд. "Умедворем, ин созиш поёне бар ҷанг бошад ва ҳамаи тарафҳо ба иҷрои он пойбанд бошанд," -- гуфт Муҳаммад Бин Абдураҳмон Оли Сонӣ.
"САХТТАРИН" МУЗОКИРОТ
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, бо эълони хабари созиши оташбас дар Ғазза, гуфтугӯҳоро дар ин бора яке аз "сахттарин" музокироти давраи президентии худ хонд. Ҳамзамон афзуд, "бисёр хушнуд аст, ки ин рӯз фаро расид".
Хабаргузори "Франс-Пресс" ба нақл аз як манбаи огоҳ навиштааст, "созиши оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо, пас аз дидори нахуствазири Қатар бо музокиракунандагони "Ҳамос" ва аз сӯи дигар, бо музокиракунандагони исроилӣ дар дафтараш ҳосил шуд".
Матни тавофуқнома бо миёнаравии Қатар, Миср ва Амрико таҳия шуда, намояндагоне аз ҳар ду давлати феълӣ ва баъдии ИМА дар гуфтугӯҳои Давҳа ҳузур доштанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, низ рӯзи чаҳоршанбе дар паёме навишт, ки созиш ҳосил шуд ва тибқи он, қарор аст, гаравгонҳои исроилӣ озод шаванд.
Ин созиш, ки пас аз ҳафтаҳо музокироти сахт дар пойтахти Қатар ба даст омад, озодии даҳҳо гаравгон аз дасти "Ҳамос"-ро дар чанд марҳила дар назар дорад ва ҳамчунин шомили озодии садҳо зиндонии фаластинӣ дар Исроил, хоҳад буд.
НУҚТАҲОИ АСОСИИ СОЗИШ
Бар асоси ин созиш, ҷанг ба муддати шаш ҳафта ё 42 рӯз бас хоҳад шуд ва дар ин муддат музокироте барои поёни комили ҷанг оғоз мешавад. Ҳамчунин, қарор аст, 33 нафар аз тақрибан 100 гаравгон аз асорати "Ҳамос" озод шаванд, ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, ки оё ҳамаи гаравгонҳо зинда ҳастанд ё не. "Ҳамос" дар гузашта гуфта буд, ки шуморе аз гаравгонҳо дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.
Ин созиш шомили бозгашти он фаластиниёне мешавад, ки бар асари ин ҷанг овора шуданд. Замон дақиқ ва шумори оворагон мушаххас нест. Бар асоси ин созиш, ворид шудани ёриҳои башардӯстона ба Ғаззаи вайроншуда осон мешавад.
БӮҲРОНИ МИНТАҚАӢ
Ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Пас аз ҳамлаи "Ҳамос", ки 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт, Исроил ба Ғазза юриш бурд.
Ба гуфтаи мақомоти Ғазза, дар ин ҷанг беш аз 46 ҳазор кас кушта ва 90 дарсади аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксар кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ занон ва кӯдакон мебошанд.
Созиши рӯзи чаҳоршанбе аввалин нишонаи умедворкунанда барои поёни ин ҷанги вайронгар аст, ки Ховари Миёнаро бесубот карда ва буҳрони бузурге дар Ғазза ба вуҷуд овард.
Давоми ин ҷанг, тарафҳои дигар, аз ҷумла, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ансоруллоҳ"-и Яман, гурӯҳҳои ниманизомии "Ҳашд Аш-Шаъбӣ" дар Ироқ ва низ Ҷумҳурии исломии Эрон вориди ин муноқиша шуданд ва алайҳи Исроил ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоӣ анҷом доданд. Шуморе аз кишварҳои ғарбӣ дар ин ҷанг аз Исроил пуштибонӣ карданд
"Ҳамос" хостори замонатҳое барои поёни доимии ҷанг ва хуруҷи комили ҳамаи нерӯҳои Исроил аз Ғазза буд. Аз сӯи дигар, Исроил борҳо эълон кардааст, ки ҷангро то нобудии тавоноиҳои низомӣ ва ҳукумати "Ҳамос" бас нахоҳад кард.
Тарафҳои гуногун моҳҳо машғули гуфтугӯҳои пароканда буданд, аммо бо таваҷҷуҳ ба маҳдуд будани замони президентии Ҷо Байден ва дар остонаи оғози раёсати ҷумҳури Доналд Трамп, ҳар ду тараф таҳти фишори шадид барои даст ёфтан ба созиш қарор доштанд.
ИТТИҲОМИ ҶИНОЯТИ ҶАНГӢ
Исроил бо интиқодҳои сахти байнулмилалӣ, аз ҷумла, аз сӯи наздиктарин муттаҳиди худ, Амрико, бинобар талафоти ғайринизомиён, рӯбарӯ шудааст. Исроил мегӯяд, ки ҳудуди 17 ҳазор ниманизомии "Ҳамос" ва дигар гурӯҳҳои фаластиниро куштааст. Аммо далелҳое барои ин иддаои худ ироа накардааст.
Исроил ҳамчунин "Ҳамос"-ро масъули талафоти ғайринизомиён медонад ва ин гурӯҳро ба истифода аз мактабҳо, бемористон ва минтақаҳои истиқоматӣ барои ҳадафҳои низомӣ муттаҳам кардааст. "Ҳамос" ин изҳороти ҷониби Исроилро ҳамвора рад кардааст.
Додгоҳи байналмилалии Гаага дар ҳоли ҳозир иттиҳомотеро, ки аз сӯи Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил дар ин замина матраҳ кардааст, баррасӣ мекунад. Ин додгоҳ ҳукми боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳамчунин вазири дифои пешини ин кишвар ва як фармондеҳи "Ҳамос"-ро ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият, содир кардааст.
Нетаняҳу ҳамчунин бо фишори дохилии зиёде барои бозгардонидани гаравгонҳо, рӯбарӯ будааст. Хонаводаҳои гаравгонҳо ба як гурӯҳи лоббии қудратманд табдил шудаанд, ки ҳимояти умумии густурдае доранд ва бо моҳҳо эътирозҳо, хостори даст ёфтани давлат ба созише бо "Ҳамос" шуда буданд.
"Ҳамос", гурӯҳе, ки вуҷуди Исроилро намепазирад, таҳти фишори амалиётҳои низомии Исроил қарор гирифт. Раҳбарони баландпояи "Ҳамос", аз ҷумла, Яҳё Синвор дар ин ҷанг кушта шуданд.
Чандин кишвари арабӣ, аз ҷумла, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Урдун аз созиши оташбас миёни Исроил ва "Ҳамос" истиқбол кардаанд.