Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми табрикии Ислом Каримов аз телевизион қироат шуд. 2 ВИДЕО


Шоми 31-уми август ровии барномаи "Ахборот"-и шабакаи телевизиони давлатии Узбакистон матни паёми табрикии Ислом Каримовро ба муносибати 25-умин солгарди истицлоли он кишвар қироат кард. Вале ровӣ дар мавриди вазъи саломати раиси ҷумҳури Узбакистон щеы иттилоъ ироа накард.

Сокинони Узбакистон мегӯянд, ки телевизионҳои ин кишвар дар бораи вазъи сиҳатии президент Ислом Каримов хабар намедиҳанд.

Дар паёми раиси ҷумҳури Узбакистон аз пешрафтҳои иқтисодӣ дар 25 соли истиқлоли ин кишвар ситоиш шудааст. Қироати матни табрикии раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҳоле сурат гирифт, ки аз рӯзи 27-уми август ба ин сӯ ҳеҷ як расонаи давлатии ин кишвар дар бораи вазъи сиҳҳатии президенти Узбакистон хабаре пахш накард.

Президент Каримов сактаи мағзӣ шуд. ТВ давлатӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Матни паёми табрикии Ислом Каримов нимаи дувуми рӯзи 31-уми август аввал дар вебсайти "Даракчӣ.уз" бо такя ба хабаргузории расмии Узбакистон - УзА пайдо шуд. Аммо баъд аз чанд лаҳза матни паём аз ин сомона нопадид шуда, дертар дар саҳифаи расмии раиси ҷумҳур ва девони вазирони Узбакистон нашр шуд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори ТВ "Настоящее Время" аз марзи Қирғизистону Узбакистон хабар дод, ки Тошканд марзҳояшро шадидан назорат мекунад ва ин тадбирҳо ба 25-солагии истиқлолияти Узбакистон марбут аст. Сокинони Узбакистон, ки аз ин кишвар берун мешаванд, мегӯянд, дар дохил на ТВ ва на расонаҳои дигар дар бораи вазъи сиҳатии президент Ислом Каримов аслан хабар намедиҳанд.

Марзи Қирғизистону Ӯзбакистон: аз Каримов хабаре нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Дар пасманзари гузоришҳои зиддунақиз дар бораи вазъи сиҳатии раиси ҷумҳури Узбакистон, рӯзи 31-уми август духтари хурдии Ислом Каримов бо нашри изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ ишора кард, ки падараш зинда аст. Лола Каримова-Тиллоева дар Инстаграм ва Фейсбук мардуми Узбакистонро бо иди истиқлолияти ин кишвар табрик карда, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин шабу рӯз барои сиҳатии Ислом Каримов дуо кардаанд, изҳори сипос намуда буд

Ӯ аз ҷумла навишт, ки "бо истифода аз фурсат, аз самими дил ҳамаи мардумро барои суханҳои неку самимӣ дар ҳаққи президент ва орзуи зуд шифо ёфтани ӯ изҳори сипос мекунад." Вай гуфтааст, ки "ин хайрхоҳии самимии мардум барои шифоёбии ӯ ёрӣ мекунад".

Баъди изҳороти нахустини ҳукумати Узбакистон аз рӯзи 28-уми август дар бораи бемории Ислом Каримови 78-сола, ҳанӯз ҳеҷ иттилои расмии дигаре дар бораи вазъи саломати президент нашр нашудааст. Рӯзи 29-уми август оҷонсии "Фарғона" хабари марги президенти Узбакистонро пахш кард, вале ин хабар рӯзи 30-юми август аз ҷониби як қатор хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла РИА "Новости" ва "Интерфакс" рад шуд.

Ислом Каримов аз соли 1991 ба ин сӯ дар сари қудрат қарор дорад. Ҳузури дарозмуддати ӯ дар курсии президентӣ ва назорати шадид аз тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мардум суолҳоеро дар заминаи ҷойгузин ё вориси қудрати ӯ доғ кард.

Узбакистон дорои беш аз 30 миллион ҷамъият аст ва аз назари ҷомеаи байналмилалӣ, дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду демократӣ барпо нашуда тамоми мухолифони сиёсӣ саркӯб ва матбуоти озод баста шудааст. Ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки бо бад шудани саломатии Ислом Каримов вазъ дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ бесубот нашавад.

XS
SM
MD
LG