Дар пасманзари гузоришҳои зиддунақиз дар бораи вазъи сиҳатии раиси ҷумҳури Узбакистон, рӯзи 31-уми август духтари хурдии Ислом Каримов бо нашри изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ ишора кард, ки падараш зинда аст.
Лола Каримова-Тиллоева дар Инстаграм ва Фейсбук мардуми Узбакистонро бо иди истиқлолияти ин кишвар табрик карда, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин шабу рӯз барои сиҳатии Ислом Каримов дуо кардаанд, изҳори сипос намудааст. Ӯ навиштааст, "бо истифода аз фурсат, аз самими дил ҳамаи мардумро барои суханҳои неку самимӣ дар ҳаққи президент ва орзуи зуд шифо ёфтани ӯ изҳори сипос мекунад." Вай гуфтааст, ки "ин хайрхоҳии самимии мардум барои шифоёбии ӯ ёрӣ мекунад".
Субҳи чоршанбе маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи "Истиқлолият ва инсондӯстӣ" бо иштироки нахуствазир Шавкат Мирзиёев, раиси Сенат ё палатаи болоии маҷлис Неъматулло Юлдошев ва раиси маҷлиси поёнии парлумон Нуриддинҷон Исмоилов баргузор шуд.
Баъди изҳороти нахустини ҳукумати Узбакистон аз рӯзи 28-уми август дар бораи бемории Ислом Каримови 78-сола, ҳанӯз ҳеҷ иттилои расмии дигаре дар бораи вазъи саломати президент нашр нашудааст. Рӯзи 29-уми август оҷонсии "Фарғона" хабари марги президенти Узбакистонро пахш кард, вале ин хабар рӯзи 30-юми август аз ҷониби як қатор хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла РИА "Новости" ва "Интерфакс" рад шуд.
Дар изҳороти аввалини худ рӯзи 29-уми август Лола Каримова-Тиллоева гуфт, ки падараш субҳи 27-уми август дучори сактаи мағзӣ шуда, дар шӯъбаи эҳёгарии бемористон таҳти табобат қарор дорад. Дар изҳороти баъдӣ сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, Кремлин "хабари дигаре" дар бораи вазъи Каримов надорад ва "дуруст нест, ки Маскав ин мавзӯъро шарҳ диҳад".
Рӯзи 31-уми август ҳамасола дар Узбакистон ба муносибати иди истиқлолияти ин кишвар ҷашнҳои расмӣ бо иштироки президент Ислом Каримов баргузор мешуд. Дар ҷашнҳои гузашта ӯ одат дошт аз по баланд шуда, рақси хоси лазгиро иҷро кунад. Вале рӯзи 30-юми август манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар миёни дипломатҳои хориҷӣ гуфтаанд, бо тасмими мақомоти Узбакистон, қисмати расмии таҷлили иди истиқлолият, ки қарор буд рӯзи 31 август барпо шавад, бекор шудааст. Ҷашнҳои мардумӣ дар ин кишвар ба муносибати истиқлолият рӯзи 1 сентябр барпо мешавад.
Хабаргузории Ройтерс рӯзи 31 август навишт, ки манобеи дипломатиаш ҳамчунин дар бораи аз ҷониби кабинаи вазирони Ӯзбакистон бекор шудани консерти калони ҷашнӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ ва намояндагони сохторҳои дипломатии мустақар дар ин кишвар хабар доданд. Субҳи чоршанбе, менависад ин оҷонсӣ, қарор буд маросими поси хотири қурбониёни режими шӯравӣ ҳам баргузор мешуд, ки дар он ҳамасола худи Каримов иштирок мекард. Ин нишаст ҳам бекор шудааст.
Хабарнигори Интерфакс аз шаҳри Тошканд навиштааст, ки ба муносибати иди истиқлолият дар майдони марказии шаҳри Тошканд субҳи чоршанбе маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи "Истиқлолият ва инсондӯстӣ" бо иштироки нахуствазир Шавкат Мирзиёев, раиси Сенат ё палатаи болоии маҷлис Неъматулло Юлдошев ва раиси маҷлиси поёнии парлумон Нуриддинҷон Исмоилов баргузор шуд. Ин хабаргузории русӣ ҳам навишт, ки консерти калони бахшида ба иди истиқлолият, ки қарор буд имрӯз барпо шавад, лағв шудааст.
Сухангӯи ҳукумати шаҳри Тошканд Ҳусан Эрмат ба хабаргузории Итар-Тасс гуфтааст, ки ҷашни истилоқлол "бо шурӯ шукӯҳ дар тамоми кишвар таҷлил мешавад" ва ҷашнҳои асосӣ - гаштугузори идонаи мардум дар пойтахт рӯзи 1 сентябр баргузор мешавад. Шоми имрӯз, гуфтаа Эрмат, баргузории бозии футболи миёни дастаҳои Ӯзбакистону Сурия ва ҳам консерти ҳунармандони касбиву ҳаваскор дар назар аст.
Аксар таҳлилгарон ва ҳам матбуоти ғарбӣ мегӯянд, бехабарӣ аз Тошканд ва вазъи сиҳҳатии Каримов як ҳолати номуайяниро ба миён овардааст, ки метавонад ба як бӯҳрони сиёсӣ сабаб шавад. Сабаби аслии ин номуайянӣ ҳам набуди вориси қудрат баъди Ислом Каримов аст ва ба эътимоди таҳлилгарон, ҳоло элитаи сиёсии ин кишвар дар фикри пайдо кардани ҷойгузини президент мебошад. Аз рӯи конститутсияи Ӯзбакистон, дар сурати корношоям шудани президент, палатаҳои болоиву поёнии парлумон бояд дар давоми 10 рӯз як ҳукумати муваққат ташкил ва раҳбари иҷрокунандаи кишварро таъйин кунанд ва баъди се моҳ интихоботи президентӣ баргузор шавад.
Ислом Каримов аз соли 1991 ба ин сӯ дар сари қудрат қарор дорад. Ҳузури дарозмуддати ӯ дар курсии президентӣ ва назорати шадид аз тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мардум суолҳоеро дар заминаи ҷойгузин ё вориси қудрати ӯ доғ кард. Узбакистон дорои 28 миллион ҷамъият аст ва аз назари ҷомеаи байналмилалӣ, дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду демократӣ барпо нашуда тамоми мухолифони сиёсӣ саркӯб ва матбуоти озод баста шудааст. Ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки бо бад шудани саломатии Ислом Каримов вазъ дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ бесубот нашавад.