Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили расмии иди истиқлоли Узбакистон лағв шуд. ВИДЕО


Акс аз фурудгоҳи Тошканд. 24 июни соли 2016
Акс аз фурудгоҳи Тошканд. 24 июни соли 2016

Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар миёни дипломатҳои хориҷӣ гуфтаанд, бо тасмими мақомоти Узбакистон, қисмати расмии таҷлили иди истиқлолият, ки қарор буд рӯзи 31 август барпо шавад, бекор шудааст. Ҷашнҳои мардумӣ дар ин кишвар ба муносибати истиқлолият рӯзи 1 сентябр барпо мешавад.

Ҳамасола Ислом Каримов рӯзи 31 август мардумро ба муносибати истиқлолияти Узбакистон табрик мекунад. Вале дар барномаи идона, ки нашрияи расмии Газета.Уз рӯзи 30 август пахш кард, танҳо роҷеъ ба ҷашни мардумии иди истиқлолият дар рӯзи 1 сентябр сӯҳбат мешавад. Дар хабар омадааст, ки гаштугузори идона дар 12 боғи Тошканд муайян шудааст, аммо дар бораи бахши аввали барнома, ки бо суханронии раиси ҷумҳур оғоз меёбад, чизе гуфта нашудааст.

Зимнан, дафтари матбуоти президенти Ӯзбакистон барқияҳои табрикии раҳбарони даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла президентони ИМА, Чин, Тоҷикистон ва дигарҳоро ба унвонии Ислом Каримов ба муносибати рӯзи истиқлолияти ин кишвар нашр кардааст.

Бо гузашти се рӯз аз дучори сактаи мағзӣ шудани Ислом Каримов, ҳанӯз ҳам сарнавишти президенти Узбакистон маълум нест. Бо вуҷуди пахши хабарҳои зиддунақиз аз вазъи саломатии президенти Узбакистон, сарнавишти Ислом Каримов рӯзи 30 август ҳамоно номаълум боқӣ мемонад. Баъди 28 август дигар ҳеҷ изҳороти расмӣ дар бораи вазъи сиҳҳатии раҳбари ин кишвар нашр нашудааст.

Шоми душанбе хабаргузории "Фарғона" бо такя ба манбаи номаълум навишт, ки Ислом Каримов рӯзи 29-уми август дар соатҳои тахминан 3-4-и баъд аз зӯҳр даргузашт, вале чанд соат баъди ин хабаргузориҳои дигари русӣ, аз ҷумла "Интерфакс" ин хабарро рад карданд. Дар изҳороти расмии ҳукумати Узбакистон дар рӯзи 28 август гуфта шуд, ки барои “санҷишу муолиҷаи саломатии Каримови 78-сола як муддат вақт лозим аст”.

Як рӯз баъди ин рӯзи 29 август дар саҳифаи Фейсбукии худ духтари хурдиаш Лола Каримова-Тиллоева гуфт, падараш субҳи шанбе дучори сактаи мағзӣ шуд ва ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарии бемористон таҳти муроқибати табибон қарор дорад ва вазъаш мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Дар изҳороти рӯзи 29 август сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ба раиси ҷумҳурии Узбакистон шифои комил орзу кард. Аз ин пеш, субҳи рӯзи душанбе дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои "Садои Амрико" Даниэл Розенблюм, ёвари Котиби Давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ​ ҳам гуфт, ки ИМА орзу дорад, ки раҳбари Узбакистон ба зудтарин фурсат шифо ёфта ба сари кораш баргардад.

Ислом Каримов аз соли 1991 ба ин сӯ дар сари қудрат қарор дорад. Ҳузури дарозмуддати ӯ дар курсии президентӣ ва назорати шадид аз тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мардум суолҳоеро дар заминаи ҷойгузин ё вориси қудрати ӯ доғ кард. Узбакистон дорои 28 миллион ҷамъият аст ва аз назари ҷомеаи байналмилалӣ, дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду демократӣ барпо нашуда тамоми мухолифони сиёсӣ саркӯб ва матбуоти озод баста шудааст. Ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки бо бад шудани саломатии Ислом Каримов вазъ дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ бесубот нашавад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Узбакистон мегӯянд, ки орзу доранд, президент Ислом Каримов зудтар шифо ёбад:

Сокинони Тошканд ба Ислом Каримов шифои комил орзу доранд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG