Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшу ҳуш ба сӯи Тошканд. Бемории Каримов охири кор аст?


Апрели соли 2016
Апрели соли 2016

Ногаҳон бемор шуда аз пой афтодани Ислом Каримов, раҳбари 78-солаи Узбакистон ин суолро дар зеҳнҳо эҷод кардааст, ки агар ин охирин рӯзҳои умри Каримов бошад, вазъи Узбакистон чӣ мешавад ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ, ки Каримов аз лидерҳои он ҳисоб мешавад, чигуна хоҳад буд? Аксари таҳлилгарон, ки назари худро дар ин мавзуъ бо Радиои Озодӣ дар миён гузоштанд, мегӯянд, мушкили калидии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки даҳсолаҳо як раҳбар доштанд – набуди вориси қудрат аст.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар давоми 25 соли раҳбариаш дар Ӯзбакистон Каримов, мисли раҳбарони дигари минтақа чандин бор ба Қонуни асосӣ даст зада, мӯҳлати раҳбариашро тамдид ва шеваи яккаҳукуматиро табдил ба як системаи давлатӣ кард. Қонуни асосии Узбакистон дар сурати нотавонӣ ва ё марги президент ҳақи раҳбариро ба дӯши раиси палатаи болоии парлумони кишвар (шахси шинохтаношуда Неъматулло Юлдошев) вогузор мекунад, вале зоҳиран таҳаввулоти минбаъда аз рӯи сенарияи дигар ва бо иштироки афроди дигар таҳия ва татбиқ мешавад. Муҳимтарин нафар ё гурӯҳ онҳое буда метавонад, ки аввал шуда хабари расмии маризии президентро пахш карданд - ҳукумати таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиёев.

Таҳлилгари радиои Озодӣ Брюс Паннир мегӯяд, Мирзиёеви 58-сола, як намояндаи клани Самарқанд ва солҳои 1996-2001 - раиси вилояти Ҷиззах, яке аз номзадҳои эҳтимолии аввал, вале на калидӣ арзёбӣ мешавад. Дар сурати сари қудрат омадани ӯ, ба андешаи нозирон, як раҳбари боз ҳам шадидтар ва саркӯбгар мешавад. Номзади рақами ду – вазири молия Рустам Азимови 56-сола буда метавонад, ки аз Тошканд буда, аз соли 1998 ҳамеша дар мақомҳои марбут ба ин соҳа кор кардааст. Ӯро дар равобит бо хориҷа ботаҷрибатар меноманд, дар

То соли 2013 бисёриҳо бовар доштанд, ки Гулнора Каримова дар курсии президентӣ ҷойгузини падар хоҳад шуд
То соли 2013 бисёриҳо бовар доштанд, ки Гулнора Каримова дар курсии президентӣ ҷойгузини падар хоҳад шуд

мақомҳои раиси Бонки миллӣ ва ҳам масъули равобит бо Бонки аврупоии бозсохт ва рушд кор кардааст. Ва номзади эҳтимолии сеюм, вале хеле муҳим – раҳбари амалкунандаи Кумитаи амнияти миллӣ Рустам Иноятови 72-сола мебошад. Брюс Паннир менависад, ки баъди дар соли 1995 омаданаш ба вазифа, ин намояндаи клани Тошканд дар асл нақши “раҳбари пасипардагӣ” ё “серый кардинал”-и ҳукумати Каримовро бозӣ кардааст. Иноятовро бисёриҳо дар саркӯби духтари калонии президент Гулнора Каримова айбдор мекунанд, ки баъди соли 2014 маълум нест дар куҷосту чӣ ҳол дорад. То он замон маҳз Гулнораро бисёриҳо ҷойгузини эҳтимолии падар дар курсии президентӣ меномиданд.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфт, ҳоло Каримов, муваққатан ҳам бошад, аз қудрат дур шудааст ва ин вазъи хатарнокеро ба миён овардааст, ки хоси “автократияҳои монанди Ӯзбакистон аст”. Дубнов мегӯяд, вақте сохторҳои давлатӣ танҳо ба як шахс тамаркуз мекунанд ва ба номи ӯ ва аз номи ӯ кор мекунанд, вазъият хатарнок мешавад.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Дубнов рӯҳияи имрӯзаи Ӯзбакистонро бо вазъияти баъди марги раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин дар соли 1953 муқоиса кард ва гуфт, дар сурати зинда мондан ҳам Каримов шояд натавонад вазифаи раҳбариро ба пуррагӣ иҷро кунад ва барояш шароите мисли баъди аз қудрат рафтани Фидел Кастро дар Куба ва ба ҷояш омадани бародараш – Раул Кастро эҷод шавад. Дар ин ҳолат, гуфт ӯ, бояд интизори як андоза сабуктар шудани фазои сиёсӣ ва роҳандозии баъзе ислоҳот шуд.

Вай гуфт, “маъмулан, барои ба даст овардани дили мардум мақомоти нав баъди аз саҳна рафтани ҳукуматҳои саркӯбгар талош мекунанд, ки як андоза сабукиҳое ҷорӣ кунанд. Метавонанд ҳам қонунҳои сабуккунанда қабул кунанд ва ё зиндониҳоро озод кунанд. Чунин ҳолатро ҳам баъди марги Сталин ва ҳам баъди марги президент Ниёзов дар Туркманистон шоҳид шудем”.

Бемории Ислом Каримов ва масъалаи вориси тахти раёсатҷумҳурии Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Таърихшиноси тоҷик Камол Абдуллоев мегӯяд, ки набояд интизори таҳаввулоти куллӣ шуд, ба ҷуз ин ки сенарияи баъдӣ ба шеваи тағйири ҳукуматҳо дар Туркманистон ё Кореяи Шимолӣ пеш равад. Дар ин кишварҳо солҳои 2006 ва 2011 бо даргузашти раҳбарони яккатоз, чанд рӯзи номуайянӣ ва овозаҳои зиёд ба мушоҳида расид, вале ниҳоят шахсони мавриди назари элитаи ҳукмрон раҳбарии кишварро ба дӯш гирифтанд.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Ин андешаро журналисти мустақили тоҷик Марат Мамадшоев ҳам баён кард ва гуфт, вазъи имрӯза як “бӯҳрони хеле ҷиддӣ аст”. “Қудрат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миёни клан ё гурӯҳҳо тақсим шудааст. Каримов тавозуни миёни ин гурӯҳҳоро риоя мекард. Ҳар нафаре, ки ба ҷои ӯ меояд, дигар гурӯҳҳоро саркӯб мекунад. Ҳоло савол ин аст, ки сарнавишти духтарони Каримов чӣ мешавад. Фарз кардем, агар қудрат ба дасти Мирзиёев (нахуствазири Ӯзбакистон) гузарад, ӯ хоҳу нохоҳ рақибони дигарро аз байн мебарад. Ин масъала мушкили ҷиддии ҳама ҳукуматҳои авторитарӣ аст”.

Аз сӯи дигар, гуфт Мамадшоев, бо омадани раҳбар ё гурӯҳи нав, эҳтимолан ислоҳоте дар амри беҳбуди равобит бо ҳамсояҳо, аз ҷумла, бо Тоҷикистон рӯи даст гирифта шавад. Вале ҳам Мамадшоев ва ҳам

Дар оғози солҳои 1990-ум ӯ аз роҳи фиребу найранг тавонист, ки ҷилави маъруфияти ҳизби исломии “Ҷамъияти адолат”-и Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар водии Фарғонаро бигирад. Онҳо баъдан Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро таъсис доданд. Каримов бо ҳамин кораш "имиҷ"-и мубориз дар муқобили исломи радикалро касб кард

Дубнов мегӯянд, хатари ҷиддии аз қудрат канор рафтани Каримов ин эҳтимоли бурузи хушунатҳо ва фаъол шудани гурӯҳҳои ситезаҷӯи мухолифи давлат аст. Ҳоло дар ин марҳилаи номуайянӣ гурӯҳҳои норозӣ аз ҳукумат метавонанд фурсатталабӣ кунанд ва амнияти ин кишвар ҳам халалдор шавад.

Ислом Каримов зимоми қудратро дар 53-солагӣ дар соли 1991 дар ҳоле ба даст овард, ки аз таҷрибаи ғании раҳбарӣ бархурдор буд ва заъфу бартариҳои иқтисоду амнияти кишварро хуб медонист. Дар ин муддат чандин бор хабарҳо дар бораи шадидан бемор будани Каримов пахш шуданд ва агар изҳороти расмии ҳукумати Узбакистон намебуд, шояд ин хабар дар маркази таваҷҷӯҳ қарор намегирифт. Рузи 28 август ҳукумати Узбакистон бидуни онки дар бораи бемории Каримов чизе бигӯяд, аз интиқоли ӯ ба бемористон хабар дод ва навишт, ки муоинаи тиббии Каримов вақт мехоҳад. Як рӯз баъд, Лола Каримова, духтари хурдии президент Каримов дар саҳифаи Фейсбукаш сабаби бистарӣ шудани падарашро расман шарҳ дод ва гуфт, ки ӯ "хунравии мағзӣ" ё "инсулт" шудааст.

Дар як ҳодисаи оғози солҳои 1990-ум баъди ишғоли як идораи ҳукуматӣ дар Намангон Тоҳир Юлдош дар ҳузури Ислом Каримов ба тарафдоронаш муроҷиат мекунад
Дар як ҳодисаи оғози солҳои 1990-ум баъди ишғоли як идораи ҳукуматӣ дар Намангон Тоҳир Юлдош дар ҳузури Ислом Каримов ба тарафдоронаш муроҷиат мекунад

Ислом Каримови ботаҷриба, ки солҳо барои лидерии минтақа бо раҳбари куҳансоли дигар, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вориди сабқат будааст, бо 30 миллион аҳолии кишвараш ба яке аз бозигарони муҳими минтақа табдил ёфт. Аркадий Дубнов мегӯяд, “Ислом Каримов як шахси барҷаста ва харизматик аст. Дар оғози солҳои 1990-ум ӯ аз роҳи фиребу найранг тавонист, ки ҷилави маъруфияти ҳизби исломии “Ҷамъияти адолат”-и Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар водии Фарғонаро бигирад. Онҳо баъдан Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро таъсис доданд. Каримов бо ҳамин кораш "имиҷ"-и мубориз дар муқобили исломи радикалро касб кард ва ин масъала дар тӯли даҳсолаҳо маҳаки сиёсати ӯ шуд. Ҳамин модели раҳбарӣ, яъне муқовимат ба тундгароии

“Қудрати раҳбар дар тавони иқтисодии кишвараш аст”, гуфт Мамадшоев, вале дар давраи Ислом Карим иқтисоди Ӯзбакистон ба ҳолати рукуд омад ва ҳоло аз саноати мошинсозиву молҳои содиротии ин кишвар дигар хабаре нест.

мазҳабӣ бо шадидтарин шева, ки амнияти ӯро замонат медод, аз ҷониби бисёриҳо дар минтақа ҳам дастгирӣ ёфт. Аз ҳамин хотир ҳам бисёриҳо ҳоло аз рафтани Каримов ҳарос доранд”.

Вале Марат Мамадшоев мегӯяд, Каримов, ки худро ҳамчун як раҳбари мустақил ва ё “ғижжаки асосии” минтақа намоиш медод, дар асл чунин набуд. “Қудрати раҳбар дар тавони иқтисодии кишвараш аст”, гуфт Мамадшоев, вале дар давраи Ислом Карим иқтисоди Ӯзбакистон ба ҳолати рукуд омад ва ҳоло аз саноати мошинсозиву молҳои содиротии ин кишвар дигар хабаре нест. Дар маҷмӯъ, гуфт ӯ, ӯ як раҳбари худкомаи дигар дар қаламрави Осиёи Марказӣ асту бас.

Ҳоло аз раҳбарони кишварҳои минтақа то мардуми оддӣ ҳама гӯш ба овозанд, ки аз Тошканд чӣ хабар мерасад. Осиёи Марказӣ агарчи аз шеваи зиндагии Шӯравӣ канор рафтааст, аммо як рукни он - овоза накардани ҳолати воқеии раҳбари давлатро ҳифз кардааст. Ончи ҳоло маълум аст, танҳо ҳамин аст, ки Каримов хунрезии мағзӣ дорад ва дар бахши эҳёгарӣ ва ё реаниматсия бистарӣ аст. Тавре Лола Каримова – духтари хурдии президент гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, ки сарнавишти президент чӣ мешавад. “Барои падарам дуо кунед”, гуфтааст ӯ.

XS
SM
MD
LG