Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли Занҷониро, ки дар Тоҷикистон миллионҳо доллар дошт, беэътибор карданд


Акси Бобаки Занҷонӣ аз додгоҳе дар Теҳрон аз соли 2015
Акси Бобаки Занҷонӣ аз додгоҳе дар Теҳрон аз соли 2015

Додгоҳи Эрон ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоя дошт, беэътибор ва онро ба 20 соли зиндон иваз кард.

Соли 2016 додгоҳе дар Теҳрон Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигарро, ки ба фасоди иқтисодӣ муҳокима мешуданд, ба эъдом маҳкум карда буд.

Асғар Ҷаҳонгир, сухангӯи Вазорати адлияи Эрон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, бо ризоияти раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ҳукми тоҷири шинохта иваз шуд.

Расонаҳо навишта буданд, ки Бобак Занҷонӣ барои коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешуд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки Занҷонӣ бо тафтишот ҳамкорӣ кард ва дороиҳои ӯ дар хориҷи кишвар "муайян" шуда ва "аслияти ин амвол бо ирсоли коршиносони марбута таъйид шудааст."

Бобаки Занҷонӣ миллионҳо доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда буд. Сарнавишти дороиҳои ӯ дар ин кишвар маълум нест ва мақомоти Эрону Тоҷикистон низ дар ин бора гапи наве нагуфтаанд.

Расули Кӯҳпоя, вакили дифои Занҷонӣ гуфтааст, ки азбаски зерҳимояаш беш аз 10 сол дар зиндон буд, тибқи қонун имкон дорад, ки “шартан аз зиндон раҳо шавад."

Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

Аммо ҷониби Эрон иддао дорад, ки ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтанд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамаи дороиҳояш дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan”, ки ҳоло бархе аз онҳо ё тағйири ном кардаанд ё фаъолият надоранд, ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешуданд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG