Чархболе, ки Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва чанд мақомдори дигар дар он савор буданд, рӯзи 19-уми май сарнагун шуд.
Аз ин пеш, рӯзи 20-уми май Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар паёми тасаллият даргузашти Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон ва ҳамроҳонашро “талафоти бузург” номида буд. Ӯ нақши Иброҳим Раисиро дар густариши робитаҳои дӯстӣ ва “ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Эрон” тавсиф кардааст.
Дар Тоҷикистон аксаран аз замони раҳбарии Иброҳим Раисӣ ба хубӣ ёд мекунанд, чун бисёриҳо бар ин боваранд, ки маҳз пас аз президент интихоб шудани ӯ дар соли 2021 муносибати Душанбе бо Теҳрон хуб шуд.
Моҳи ноябри соли 2023 Иброҳим Раисӣ бо ҳамсараш Ҷамила Аламулҳудо ба Тоҷикистон омад. Муҳимтарин ҳосили сафари ӯ созиши бекор кардани сафари бидуни раводид миёни Эрону Тоҷикистон буд. Ҳеч гоҳ миёни Тоҷикистону Эрон чунин низом вуҷуд надошт, аз ин рӯ, коршиносон инро баландтарин сатҳи ҳамкорӣ миёни ду кишвар номида буданд.
Сабаби сарнагун шудани чархболи президенти Эрон ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Эрон соатҳои аввали ҳодиса гуфта буданд, ки чархболи президент дар ҳавои меҳолуд (туман) “нишасти сахт” анҷом додааст.
Дар ин ҳодиса ба ҷуз президенти Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Малик Раҳматӣ, раиси вилояти Озарбойҷон ва Алӣ Ҳошимӣ, имомхатиби вилояти Табрез ва чор сарнишини чархбол ҳалок шудаанд.