Рӯзи 20-уми май Эмомалӣ Раҳмон дар номае ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини президенти ин кишвар даргузашти Иброҳим Раисиро тасаллӣ гуфтааст.
Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон рӯзи 19-уми май дар садамаи чархбол ҳалок шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар номааш гуфтааст, ки аз нақши Иброҳим Раисӣ дар густариши робитаҳои дӯстӣ ва “ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Эрон” қадр мекунад.
Дар замони раёсати Иброҳим Раисӣ муносибати Тоҷикистон бо Эрон пас аз чандсоли сардӣ дубора беҳбуд ёфт.
"Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем,"--гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон.
Муҳаммад Мухбир, муовини президент то баргузории интихобот давоми 50 рӯз вазифаи президентро дар Эрон иҷро хоҳад кард.
Нисфирӯзии 19-уми май чархболи Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон сарнагун шуд. Сабаби ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Эрон соатҳои аввали ҳодиса гуфта буданд, ки чархболи президент дар ҳавои меҳолуд (туман) “нишасти сахт” анҷом додааст.
Дар ин ҳодиса ба ҷуз президенти Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Малик Раҳматӣ, раиси вилояти Озарбойҷон ва Алӣ Ҳошимӣ, имомхатиби вилояти Табрез ва чор сарнишини чархбол ҳалок шудаанд.