Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон ҷаннатест, ки аз даст додаам". 22 АКС


Наққошии "Наврӯз"-и Владимир Глухов
Наққошии "Наврӯз"-и Владимир Глухов

Дар шаҳри Ню-Ҷерсии Амрико давоми ду ҳафта, аз 14 то 28 январи имсол, намоишгоҳи наққошиҳои рассоми тоҷикистонӣ Владимир Глухов баргузор хоҳад шуд. Намоишгоҳ дар осорхонаи “Russian Art” ташкил ва 22 наққошии Владимир Глухов, ки бо илҳом аз табиату рангҳои Тоҷикистон офарида шудаанд, ба тамошо гузошта мешаванд. Дар даъватномаи ширкат дар намоишгоҳи наққошиҳо гуфта мешавад, Глухов як рассоми рус ва осиёӣ буда, эҷодиёти ӯ ғанӣ аз манзараҳои зебову кӯҳу чаманҳои ватанаш аст. Наққошиҳои ӯ бозгӯи даврони гузаштаву имрӯз аст.

Тоҷикистон солҳои 1980 ва оғози 1990-ум мушкили зиёд дошт. Вале ватан аст. Ватанро интихоб намекунанд. Модарро интихоб намекунанд. Модарро бо тамоми вуҷудаш ва тавре ҳаст, дӯсташ медоранд.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ аз вилояти Тюмен Владимир Глухов, ки худро парвардаи мактаби наққошии Зуҳур Ҳабибуллоев ва Алексей Беспертсев медонад, дар бораи намоишгоҳи нахустинаш дар Амрико, муҳаббаташ ба Тоҷикистон ва фаъолияти эҷодиаш нақл кард.

Аввалин намоишгоҳи осори Глухов дар Амрико

Владимир Глухов: Наққошиҳои ман аллакай дар Амрико ҳастанд. Коллексионер ва як сармоягузори маъруф Юлия Вербитская ташаббускор ва ҳам сармоягузори ин намоишгоҳ аст. Ӯ наққошиҳои маро ба Амрико бурда, намоишгоҳро дар осорхонаи "Санъати русӣ" ташкил кард ва, қарор аст, рӯзи 14 январ дарҳои худро боз кунад. Худи ман ба ин намоишгоҳ намеравам, чунки дар инҷо бо як барномаи муҳимтар машғул ҳастам. Моҳи май дар Маскав дар "Осорхонаи Шарқ" бояд намоишгоҳи хусусии ман баргузор шавад. Ба он омодагӣ мебинам. Вале намоишгоҳи Амрико ба таври таҷрибавӣ барпо мешавад ва баъд аз ду сол дар нақша аст, ки Юлия намоишгоҳи азими ҳудудан 100 асари маро ташкил кунад.

Радиои Озодӣ: Интизориҳои Шумо аз намоишгоҳи Амрико чист?

Владимир Глухов: Ман неву Юлия интизор дорад (механдад), ки исми ман дар ҷаҳон маъруф мешавад. Худи ман як одами таҷрибадор ҳастам, чизе интизор нестам. Ман оромона кори худро анҷом медиҳам, ҳар чизе дилам хоҳад, мекашам. Ман 30-сола не, 55-сола ҳастам, ба шӯҳрату пул оромона муносибат мекунам. Албатта, бояд гуфт, ки барои ман назари тамошобин ва ё гурӯҳи мутахассисон, ки сатҳи касбии онҳоро эҳтиром мекунам, муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Агар барои дили худ мекашида бошед, пас, инсони хушбахт ҳастед?

Владимир Глухов: Бале, ман одами хушбахтам. Аз рӯи қарордод кор мекунам, пул мегирам, дар ҷои дигар кор намекобам ва оромона наққошӣ мекунам.

"Мехоҳам дар Тоҷикистон бимирам"

Радиои Озодӣ: Корҳои Шуморо дар интернет тамошо кардем. Мебинем, рӯҳияву табиати Тоҷикистон бароятон хеле муҳим аст...

Владимир Глухов: Ҷавоби ин савол содда аст, чунки Тоҷикистон ватани ман аст. Ман ватанамро дӯст медорам. Мо маҷбур шудем соли 1992 аз Тоҷикистон биравем. Мо то охир рафтанӣ набудем: вале ночор дар қатори охирин Тоҷикистонро тарк кардем. Пагоҳаш ба мо гуфтанд, ки роҳи оҳан хароб шуд. Бо зану кӯдаки навзодам рафтем.

Радиои Озодӣ: Дар фикри бозгашт ва кор дар Тоҷикистон нашудед?

Владимир Глухов

Владимир Глухови 55-сола дар Душанбе дар оилаи Иван Глухов, донишманди илми кимиё ва академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи рассомии Душанберо соли 1981 хатм карда, худро шогирди Зуҳур Ҳабибуллоев, Алексей Бесперстов, Маҳмуд Ғаниев, Сер­гей Морозов, Андрей Керзума ва Игор Пичикян меномад. Соли 1988 Институти ҳунари рассомии ба номи В.Сурикови Маскавро хатм кард.

Узви иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Русия аст. Соли 1992 бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк кард ва нахуст дар Маскав ва баъдан дар шаҳри Тюмен зиндагиву эҷодро идома дод. Намунаҳои наққошиҳои Владимир Глухов, ки аксарият ба мавзӯи Тоҷикистон бахшида шудаанд, дар осорхонаи милии ба номи Беҳзоди шаҳри Душанбе, осорхонаи ба номи И.Словтсови шаҳри Тюмен ва бархе коллексияҳои хусусии ҳаводорони ҳунар дар Русия ва хориҷа гузошта шудаанд.

Владимир Глухов: Ҳамеша дар ин бора фикр мекунам. Ман танҳо як нигаронӣ дорам, ки дар Тоҷикистон наметавонам пул ёбам, то оилаамро таъмин кунам. Вале дар Тоҷикистон як духтари хоҳарам зиндагӣ мекунад. Хонаи падари ман дар кӯчаи Айнӣ тахриб шуд ва ба ӯ хонаи нав доданд. Ӯ хеле розӣ аст ва ҳамеша даъват мекунад, ки баргардам. Вале ман мутмаинам, ки мехостам дар ватанам маро ба хок супоранд.

Радиои Озодӣ: Шумо баъди соли 1992 ба Тоҷикистон боз сафар кардед?

Владимир Глухов: Ҳамеша рафтуомад мекунам. Ончи ки илҳомбахши ман аст, яъне ранг, нур, ҳаво, кӯҳу об - аслан тағйир наёфтааст. Ин арзишҳо аз сиёсат вобаста нестанд. Шаҳр тағйир ёфт. Ин Душанбеи пештара нест.

"Душанбеи ман дигар аст"

Радиои Озодӣ: Душанбеи имрӯзаро чӣ гуна дарёфтед?

Владимир Глухов: Ин Душанбеи ман нест. Назари ман ин аст, ки ҳукумат бо тасмими тахриби биноҳои солҳои 1930-40-ум даст зада ба хато роҳ дод. Ин баробар бо он аст, ки Бухорои имрӯза хароб шавад. Мисли инки даврони Шӯравӣ қисмати қадимаи шаҳри Самарқандро нобуд кард. Бухороро нарасиданд. Душанбе таърихи дигар надорад. Душанбе дар солҳои 1920-40 ба унвони як шаҳр ташаккул ёфт ва ин шаҳр таърихи дигар надорад. Ҳоло ҳамин таърихро аз байн мебаранд. Архитектураи наве, ки дар маркази шаҳр пайдо шудааст, муносиб нест. Ин ҳама ғамангез аст.

Радиои Озодӣ: Кадом корҳои Шумо бароятон фавқулода муҳиму арзишманданд?

Владимир Глухов: Ҳамаи корҳоямро аз сидқи дил ва бо эҳсоси зиёд иҷро мекунам. Баъзе наққошиҳоро, агар розӣ набудам, борҳову борҳо дигар мекунам. Ин як хислати ман аст, ки метавонам солиёни дароз сари як наққошӣ кор кунам ва бисту сӣ бор ҳам лозим бошад, онро тағйир диҳам. Аз ин рӯ, Вербитская бо ман як қарордод баст, ки аз рӯи он дар давоми ду моҳ бояд ду асар эҷод кунам.

Радиои Озодӣ: Магар барои эҷодкор мӯҳлат гузошта мешавад?

Владимир Глухов: Гоҳо бояд ин корро кард, то ки шахсоне мисли ман як рӯз нуқта гузошта тавонанд. Агар мӯҳлати оқилона дода шавад, сифати кор ҳам дуруст мешавад.

Тафовути рангҳои Русия ва Тоҷикистон дар наққошӣ

Радиои Озодӣ: Оё ба баррасии масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳам тамаркуз мекунед?

Владимир Глухов: Сиёсӣ – на, вале корҳое дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ дорам. Ин мавзӯъҳо бештар ба воқеиятҳои имрӯзаи Русия марбут аст.

Радиои Озодӣ: Чаро?

Владимир Глухов: Солиёни душвори зиндагии ман дар Русия гузаштааст. Вақте аз Тоҷикистон омадем, шаш соли аввал, яъне дар солҳои мудҳиши 1990-ум дар Маскав зиндагӣ кардем, зиндагӣ душвор буд. Баъдан дар Тюмен ба ман як студияи эҷодӣ доданд ва ман ба инҷо кӯчидам. Дар Тюмен, ки як шаҳри сибирӣ аст, зиндагӣ барои ман осон нест. Ман дар Тоҷикистон бузург шудаам.

Радиои Озодӣ: Ман дуруст эҳсос кардам, ки Тоҷикистон дар зеҳни Шумо як афсонаи зебоест, ки дилатон ба ёди он метапад?

Владимир Глухов: Афсона не, ҷаннатест, ки аз даст рафтааст. Ёд дорам, ки Тоҷикистон солҳои 1980 ва оғози 1990-ум мушкилоти зиёд дошт. Вале ин ватан аст. Ватанро интихоб намекунанд. Модарро интихоб намекунанд. Модарро бо тамоми вуҷудаш ва тавре ҳаст, дӯсташ медоранд.

XS
SM
MD
LG