Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия: "Тарафдори беҳбуди равобити Тоҷикистону Эрон ҳастем".ВИДЕО


Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Игор Лякин-Фролов – сафири Русия дар Душанбе – гуфт, ки Маскав ҷонибдори беҳбуд ёфтани робитаҳои то ҳадде тирагаштаи миёни Тоҷикистону Эрон аст. Суҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо сафири Русия рӯзи 29-уми май дар ҳошияи як нишасти иқтисодӣ дар Душанбе сурат гирифт. Ин суҳбат бо суоле дар мавриди сарнавишти шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оғоз ёфт.

Тоҷикистон шарики стратегии Русия мебошад. Муносибатҳои мо бо Эрон низ бад нест. Мо ба умед ҳастем, ки робитаҳои миёни Душанбе ва Теҳрон густариш ёфта, ба сатҳи баландтар мерасанд.

Игор Лякин-Фролов: “Дар нишасти охири Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия ин мавзӯъ баррасӣ шуд. Игор Шувалов, ки дар гузашта ҳамраиси ин комиссия буд, ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки мавзӯи гирифтани мақоми нозир дар ин иттиҳодро баррасӣ кунад. То ба ҳол ин пешниҳод баррасӣ мешавад ва мо интизори тасмимгирии ниҳоии тарафи Тоҷикистон ҳастем.”

Радиои Озодӣ: Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз фишорҳои мақомоти андози Тоҷикистон ба ширкатҳои русӣ дар кишвар нигаронӣ карда будед. Оё баъд аз ин мақомоти тоҷик чорае диданд?

Игор Лякин-Фролов: “Ин мушкил то ба ҳол баррасӣ мешавад. Воқеан, дар Тоҷикистон низоми андозситонӣ хеле сангин аст. Вале, бояд таъкид кунам, ки чунин сахтгирӣ танҳо нисбат ба ширкатҳои русӣ нест. Чунин муносибат нисбат ба ҳама ширкатҳои фаъол дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Масъулони ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон мегӯянд, ки сангинии низоми андоз ва сахтгирии мақомот дар фаъолияти онҳо дар ин кишвар мушкил эҷод мекунад.”

Сафири Русия: “Тарафдори беҳбуди равобити Тоҷикистону Эрон ҳастем”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, ахиран Амрико аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон берун баромад. Ба назари Шумо, ин амр чӣ гуна метавонад ба вазъи ҷаҳон таъсир гузорад?

Игор Лякин-Фролов: “Мутаассифем, ки мақомоти Амрико чунин тасмим гирифт. Ин қарордод маҳсули талошу заҳмати солҳои зиёд буд. Ин қарордод имкон медод, ки вазъи феълии сиёсӣ дар ҷаҳон ҳифз карда шавад. Шумо медонед, ки ҷонибҳои дигари ин созишнома аз муқаррароти қарордод берун нашудаанд. Русия низ ҷонибдори ин қарордод аст ва минбаъд низ муқаррароти онро риоя мекунад.”

Радиои Озодӣ: Русия ҳам бо Тоҷикистон ва ҳам бо Эрон робитаҳои густурда дорад. Оё Кремл метавонад барои беҳбуди муносибатҳои тирагаштаи миёни Душанбе ва Теҳрон мусоидат кунад?

Игор Лякин-Фролов: “Тоҷикистон шарики стратегии Русия мебошад. Муносибатҳои мо бо Эрон низ бад нест. Мо ба умед ҳастем, ки робитаҳои миёни Душанбе ва Теҳрон густариш ёфта, ба сатҳи баландтар мерасанд.”

Радиои Озодӣ: Маскав метавонад дар ин амр чораҳои таъсиргузоре рӯи даст гирад?

Игор Лякин-Фролов: “Ба ин назарем, ки ин кори дохилии Тоҷикистону Эрон аст ва ҳар ду ҷониб бояд худ тасмими мутақобилан судманд бигиранд.”

Радиои Озодӣ: Дар чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯз оё тасмимҳое дар робита ба беҳбуди шароити раванди муҳоҷирати меҳнатӣ гирифта мешавад?

Игор Лякин-Фролов ҳангоми суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ. 29-уми майи
Игор Лякин-Фролов ҳангоми суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ. 29-уми майи

Игор Лякин-Фролов: “Ин мавзӯъ ҳатман баррасӣ мешавад, аммо чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯза бештар мубоҳисавӣ аст. Албатта, пешниҳодҳое аз сӯи соҳибкорон ва мақомот дар ин нишаст матраҳ мешавад, аммо тасмими ниҳоиро бояд сохторҳои давлатӣ бигиранд.”

Радиои Озодӣ: Дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Русияро чӣ гуна мебинед?

Игор Лякин-Фролов: “Ҳамкориҳои мо гуногунҷабҳа аст. Фикр мекунам, минбаъд метавонем воридоти сӯзишворӣ ва хӯроквориро аз Русия ба Тоҷикистон бештар кунем. Метавонем тавлидоти муштаракро боз бештар созем. Бахусус, дар бахшҳои тавлидоти саноатӣ. Ҳамкорӣ дар бахши энергетика низ ояндаи хубе дорад. Кишоварзиву истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва саноати сабуку нассоҷӣ метавонад самтҳои дигари ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия бошад. Дар ин арсаҳо моро зарур аст бештар иқдом бикунем.”

XS
SM
MD
LG