Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки 28-уми август дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – шуруъ шуд, шаш варзишгари тоҷик ширкат меварзад. Вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) навиштааст, ки дар ин мусобиқа 731 варзишгар (440 мард ва 291 зан) аз 126 кишвар иштирок дорад.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон то рӯзи 3-юми сентябр идома хоҳад кард. Гуштигирон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин, барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд. Аввалин рақибони варзишгарони тоҷик бар асоси қуръакашӣ дар рақобатҳо миёни мардон маълум шуданд:
30-юми август (чоршанбе)
Вазни - 73 кило – Саидмухтор РАСУЛОВ (Тоҷикистон) – Ҷакуб ҶЕСМИНЕК (Ҷумҳурии Чех);
Вазни - 73 кило – Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (Тоҷикистон) – ғолиби ҷуфти Лукас РЕЙТЕР (Австрия)/Мурод БЕКТОШ (Туркия) ;
31-уми август (панҷшанбе)
Вазни - 81 кило – Садр БОЕВ (Тоҷикистон) – Никон ЗАБОРОСКИУС (Молдова);
1-уми сентябр (ҷумъа)
Вазни - 90 кило – Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон) – ғолиби ҷуфти Кристиан ТОТ (Маҷористон)/Роберт ФЛОРЕНТИНО (Доминикан);
2-юми сентябр (шанбе)
Вазни - 100 кило – Саидҷалол САИДОВ (Тоҷикистон) – Отгонбаатар ЛХАГВАСУРЕН (Муғулистон);
Вазни - 100 кило – Шакармамад МИРМАМАДОВ (Тоҷикистон) – Армандо ПИНЕДА (Гватемала).
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки 28-уми август дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – шуруъ шуд, шаш варзишгари тоҷик ширкат меварзад.
Вале ду гуштигири дигари тоҷик - Сӯҳроб Боқиев (-60 кг) ва Хушқадам Хусравов (-66 кг), ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дохиланд, ба иллати набуди маблағ ба Будапешт сафар накарданд.
Рӯзи 28-уми август дар майдони “Papp Laszlo SportArena” гуштигирони вазни сабуктарин – 48 кило миёни занон ва 60 кило байни мардон – қувваозмоӣ карданд.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа
Мардон
Вазни – 60 кг
1. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
2. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
3. ГАНБАТ Болдбаатарр (Муғулистон)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)
Занон
Вазни – 48 кг
1. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
2. МУНХБАТ Урансесег (Муғулистон)
3. ГАЛБАДРАХ Отгонсесег (Қазоқистон)
3. КОНДО Ами (Ҷопон)
Зимнан, рӯзи 28-уми август, қувваозмоиҳоро дар Будапешт, дар “Papp Laszlo SportArena”, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, президенти фахрии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) Халтмаа Баттулга, ки чанде пеш президенти Муғулистон интихоб шудааст, инчунин сарвазири Маҷористон Виктор Орбан тамошо карданд. Меҳмонони воломақомро президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) Мариус Визер хайра мақдам гуфт.
Имрӯз, 29-уми август, занон дар вазни 52 кило ва мардон дар вазни 66 кило, 30-юми август занон дар вазни 57 кило ва мардон дар вазни 73 кило, 31-уми август занон дар вазни 63 кило ва мардон дар вазни 81 кило вориди рақобат мешаванд.
1-уми сентябр, варзишгарон барои се маҷмӯи медалҳо миёни занон дар вазнҳои 70 ва 78 кило ва байни мардон дар вазни 90 кило мубориза мебаранд. 2-юми сентябр занон дар вазни беш аз 78 кило ва мардон дар вазнҳои 100 ва беш аз 100 кило талош мекунанд.
Ин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо пурра намоянд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад. Ба ҷуз ин, маблағи ҷавоизи мусобиқа як миллион долларро ташкил медиҳад. Барои сабқати инфиродӣ 798 ҳазор доллар ва барои сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллар ихтисос дода шудааст.
Ёдовар мешавем, аз байни ҳашт паҳлавони тоҷик, ки соли 2015 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон ширкат карда буд, танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷумро касб кард. Комроншоҳ пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Литва, Мексика, Ҳолланд ва Олмон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Донг Ҳан Гвак аз Куриёи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.
Комроншоҳ ба иллати латхӯрӣ аз мубориза барои ҷои севум даст кашид ва рақиби шашуми ӯ - Машу Бакери ҷопонӣ - ғолиб дониста, медали биринҷӣ ба даст овард.
Вале ҳафт варзишгари дигари тоҷик - Умед Абдураҳимов (- 66 кг), Кароматулло Ҳакимов ва Шӯҳратҷони Фахризода (ҳарду дар вазни - 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду дар вазни - 81 кг) Саидҷалол Саидов (- 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) - дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Остона 729 гуштигир (432 мард ва 297 зан) аз 120 кишвари ҷаҳон барои 14 маҷмӯи медалҳо дар сабқати инфиродӣ байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза бурданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ Ҷопон бо касби 15 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Фаронса бо 6 медал (2-2-2) дар ҷойи дувум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 5 медал (2-0-3) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо ҷойи 5-уми Комроншоҳи Устопириён дар байни 120 кишвар мақоми 25-умро соҳиб шуд.
Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.
Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.