Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бе медал монданд


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт 726 варзишгар (437 мард ва 289 зан) аз 126 кишвар иштирок кард. Рақобатҳои инфиродӣ аз 28-ум август то 2-юми сентябр баргузор шуданд. Гуштигирон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) мубориза бурданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон Тоҷикистонро шаш нафар дар сабқати мардон намояндагӣ карданд, вале ҳамаи онҳо ба нокомӣ дучор шуданд.

Нахуст ду гуштигири тоҷик – Саидмухтор Расулов ва Беҳрӯзи Хоҷазода 30-юми август дар вазни зери 73 кило рақобат карданд. Расулов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Ҷакуб Ҷесминек (Ҷумҳурии Чех) мағлуб гашт. Хоҷазода, ки дар даври аввал рақиб надошт, дар даври дувум Лукас Рейтери австриягиро шикаст дод. Баъдан ӯ бар паҳлавони Узбакистон Ғиёсҷон Бобоев дастболо шуд. Вале Беҳрӯз дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба гуштигири озарбойҷонӣ Рустам Оруҷов бохт.

Садр Боев 31-уми август дар вазни зери 81 кило рақобат кард. Вай, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Никон Забороскиус (Молдова) мағлуб гашт.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ҳаводоронашро, ки аз ӯ медал чашмдор буданд, ноумед кард. Вай, ки дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум 1-уми сентябр аз гуштигири Маҷористон Кристиан Тот шикаст хӯрд.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов - 2-юми сентябр дар вазни зери 100 кило – вориди рақобат шуданд. Саидов дар даври аввал қувваозмоиро ба гуштигири муғул Отгонбаатар Лхагвасурен бохт. Мирмамадов бошад, дар даври аввал бар Армандо Пинеда аз Гватемала пирӯзӣ ба даст овард, вале дар даври дувум аз Залан Оҳат (Маҷористон) мағлуб гашт.

Ҳамин тариқ, ҳамаи шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт ноком шуда, бе медал монданд.

Коршиноси соҳа Аҳтам Раҷабов, мураббии варзида ва яке аз поягузорони гуштии ҷудо дар Тоҷикистон, рӯзи 3-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба назари ӯ иллати нокомии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт, пеш аз ҳама, камбуди маблағ аст, ки имкон намедиҳад аъзои дастаи мунтахаби кишвар омодагии хуб бигиранд. Вай афзуд, “ба андешаи ман бояд гуштигирони тоҷик ҳар сол ҳадди ақал дар 5-6 ҷамъомади таълимиву тамринӣ ширкат варзида, инчунин дар тамринҳои дастаҷамъӣ бо беҳтарин гуштигирони кишварҳои дигар иштирок намоянд. Ҳар як узви дастаи мунтахаб бояд ҳар сол камаш дар 10-15 мусобиқаи байналмамилалӣ рақобат кунад, то ин ки таҷоруби хуби байналмилалӣ касб намояд. Сармураббии дастаи мунтахаби кишвар, ки бар асоси қарордод бо мақомоти соҳа таъйин шудааст, бояд бо шогирдонаш аз тамоми шароити зарурӣ бархӯрдор ва барои натоиҷи нишондодаи гуштигирон ҷавобгар бошад, он гоҳ метавон ба муваффақияти паҳлавонони тоҷик дар арсаи ҷаҳон умед баст.”

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт - 2017

Мардон

60 кг

1. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)

2. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)

3. ГАНБАТ Болдбаатарр (Муғулистон)

3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)

66 кг

1. АБЕ Хифуми (Ҷопон)

2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)

3. МАРГЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)

3. ФЛИКЕР Тал (Исроил)

73 кг

1. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)

2. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)

3. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ГАНБААТАР Одбаяр (Муғулистон)

81 кг

1. ВИКЗЕРЗАК Александр (Олмон)

2. МАРКОНЧИНИ Маттео (Италия)

3. ХОЛМУРЗАЕВ Ҳасан (Русия)

3. МОЛЛАӢ Сайид (Эрон)

90 кг

1. МАҶДОВ Неманҷас (Сербия)

2. ЗГАНК Михаел (Словения)

3. ГВАК Донгхан (Кореяи Ҷанубӣ)

3. МАРГИАНИ Ушанги (Гурҷистон)

100 кг

1. ВОЛФ Аарон (Ҷопон)

2. ЛИПАРТИЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)

3. ДЕНИСОВ Кирилл (Русия)

3. ҚОСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)

+100 кг

1. РИНЕР Теди (Фаронса)

2. МОУРА Давид (Бразилия)

3. НАИДАН Тувшинбаяр (Муғулистон)

3. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)

Занон

48 кг

1. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)

2. МУНХБАТ Урансесег (Муғулистон)

3. ГАЛБАДРАХ Отгонсесег (Қазоқистон)

3. КОНДО Ами (Ҷопон)

52 кг

1. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)

2. ТСУНАДО Натсуми (Ҷопон)

3. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)

3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)

57 кг

1. ДОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)

2. ЁШИДА Тсукаса (Ҷопон)

3. РЕСЕВИУС Ҳелен (Фаронса)

3. СМИТ-ДАВИС Никода (Бритониёи Кабир)

63 кг

1. АГБЕГНЕНОУ Кларисс (Фаронса)

2. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)

3. БАЛДОРҶ Мунгунчимег (Муғулистон)

3. ОЗДОБА Агата (Лаҳистон)

70 кг

1. АРАИ Чизуру (Ҷопон)

2. ПЕРЕЗ Мария (Пуэрто Рико)

3. АЛВЕАР Юри (Колумбия)

3. БЕРНАБЕА Мария (Испания)

78 кг

1. АГУИАР Маира (Бразилия)

2. УМЕКИ Мами (Ҷопон)

3. АНТОМАРЧИ Калиема (Куба)

3. ПОВЕЛЛ Натали (Британияи Кабир)

+78 кг

1. Ю Сонг (ЧИН)

2. АСАХИНА Сара (Ҷопон)

3. КИМ Минҷеонг (Кореяи Ҷанубӣ)

3. КИНДЗЕРСКА Ирина (Озарбойҷон)

Баъди натиҷагирии рақобатҳои инфиродӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт мунтахаби Ҷопон бо касби 12 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) соҳиби мақоми аввал шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) дар мақоми дувум ва мунтахаби Муғулистон бо касби 6 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Имрӯз, 3-юми сентябр, сабқати дастаҳои мунтахаби омехта барои як маҷмӯи ҷоизаҳо бо ширкати намояндагони 21 кишвар сурат мегирад, ки варзишгарони Тоҷикистон иштирок намекунанд.

Ин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба гуштигирон имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо пурра намоянд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода шуд. Ба ҷуз ин, маблағи ҷавоизи мусобиқа як миллион долларро ташкил медод. Барои сабқати инфиродӣ 798 ҳазор доллар ва барои сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллар ихтисос дода шуд.

Ёдовар мешавем, аз байни ҳашт паҳлавони тоҷик, ки соли 2015 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон ширкат карда буд, танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷумро касб кард.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG