Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 8 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон


Хушқадам Хусравов
Хушқадам Хусравов

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 28-уми август то 3-юми сентябр дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – баргузор хоҳад шуд, ширкат мекунанд. Вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) навишт, дар ин мусобиқа иштироки тақрибан 800 варзишгар (484 мард ва 312 зан) аз 136 кишвар дар назар аст.

Аз миёни 8 паҳлавони тоҷик, ки соли 2015 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон ширкат карда буд, танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - натиҷаи хубтар нишон дод.

Мусобиқа ҳафт рӯз идома хоҳад кард. Гуштигирон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин, барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил аст, ки дар рақобатҳо миёни мардон иштирок мекунанд:

- 60 кило – Сӯҳроб БОҚИЕВ;

- 66 кило – Хушқадам ХУСРАВОВ;

- 73 кило – Саидмухтор РАСУЛОВ;

- 73 кило – Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА;

- 81 кило – Садр БОЕВ;

- 90 кило – Комроншоҳи УСТОПИРИЁН;

- 100 кило – Саидҷалол САИДОВ.

- 100 кило – Шакармамад МИРМАМАДОВ.

Рӯзи 28-уми август дар майдони “Papp Laszlo SportArena” гуштигирони вазни сабуктарин – 48 кило миёни занон ва 60 кило байни мардон – қувваозмоӣ мекунанд. Рӯзи сешанбеи 29-уми август занон дар вазни 52 кило ва мардон дар вазни 66 кило, рӯзи 30-юми август занон дар вазни 57 кило ва мардон дар вазни 73 кило, рӯзи 31-уми август занон дар вазни 63 кило ва мардон дар вазни 81 кило вориди рақобат мешаванд.

Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Рӯзи 1-уми сентябр, варзишгарон барои се маҷмӯи медалҳо миёни занон дар вазнҳои 70 ва 78 кило ва байни мардон дар вазни 90 мубориза мебаранд. Рӯзи 2-юми сентябр занон дар вазни беш аз 78 кило ва мардон дар вазнҳои зери 100 кило ва беш аз 100 кило талош мекунанд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо пурра намоянд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад. Ба ҷуз ин, маблағи ҷавоизи мусобиқа як миллион долларро ташкил медиҳад. Барои сабқати инфиродӣ 798 ҳазор доллар ва барои сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллар ихтисос дода шудааст.

Ёдовар мешавем, аз байни ҳашт паҳлавони тоҷик, ки соли 2015 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон ширкат карда буд, танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷумро касб кард. Комроншоҳ пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Литва, Мексика, Ҳолланд ва Олмон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Донг Ҳан Гвак аз Куриёи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.

Комроншоҳ ба иллати латхӯрӣ аз мубориза барои ҷои севум даст кашид ва рақиби шашуми ӯ - Машу Бакери ҷопонӣ - ғолиб дониста, медали биринҷӣ ба даст овард.

Вале ҳафт варзишгари тоҷик - Умед Абдураҳимов (- 66 кг), Кароматулло Ҳакимов ва Шӯҳратҷони Фархизода (ҳарду дар вазни - 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду дар вазни - 81 кг) Саидҷалол Саидов (- 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Остона 729 гуштигир (432 мард ва 297 зан) аз 120 кишвари ҷаҳон барои 14 маҷмӯи медалҳо дар сабқати инфиродӣ байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза бурданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Ҷопон бо касби 15 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Фаронса бо 6 медал (2-2-2) дар ҷойи дувум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 5 медал (2-0-3) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо ҷойи 5-уми Комроншоҳи Устопириён дар байни 120 кишвар мақоми 25-умро соҳиб шуд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG