Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки солҳои охир дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт фаъолият дорад, ба синни 70 расид. Вай рӯзи 17-уми май бо Радиои Озодӣ дар бораи вазъи театру синамо, ҷуръату ҷасорати зиёиёни тоҷик ва ифшои камбудҳо суҳбат кард.
Суҳбати видеоӣ дар инҷост:
Радиои Озодӣ: Агар охири солҳои 90-умро барои синамову театри тоҷик мушкил номем, зиёда аз 30 соли умри Шумо ба давраҳои мушкилу рукуди театр ва кинои тоҷик рост омадааст. Дар Шумо чунин фикре пайдо нашуд, ки ин солҳо бахши бузурге аз фаъолияти эҷодиатонро аз Шумо гирифтанд?
Исфандиёр Ғуломов: “Барои ҳунарманд ҳар чӣ қадар кор зиёд бошад, ҳамон андоза ба фоида аст. Чун кори актёрӣ мисли балет аст, агар ҳар рӯз дар саҳна набошӣ, аз театр дур мешавӣ. Дар ин муддат бисёр сенарияҳои хубе буд, ки мехостанд аз рӯи онҳо филм бигиранд. Яке аз онҳо филми “Темурмалик” буд, ки бояд дар ду қисм сабт мешуд ва ман низ онҷо нақш доштам. Дар ин муддати хеле тӯлонӣ аз бисёр корҳои ҳам театр ва ҳам кино маҳрум шудам. Ҳарчанд дар ин муддат дар “Белорусфилм”, “Туркменфилм”, “Узбекфилм” ё “Мосфилм” фаъолият кардам, бо вуҷуди ин дар “Тоҷикфилм” ман ҳеҷ коре накардам. Хеле як воқеаи нохуше рух дод, ки дигар филмбардорӣ ҳам нашуд ва корҳои театр ҳам ба рукуд рафт.”
“Инъикоси мушкили ҷомеа ҷасорат мехоҳад”
Радиои Озодӣ: Дар доираи андешамандон театр чун оинаи воқеиятҳои зиндагӣ шинохта мешавад. Ба назари Шумо, театри тоҷик дар баробари ончӣ дар атрофи мо ба вуқуъ мепайвандад, метавонад оина бошад ё ҳаст?
Тарҷумаи ҳоли Исфандиёр Ғуломов
Исфандиёр Ғуломов соли 1947 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шуда, соли 1966, баъд аз хатми мактаби миёна дар Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В.Луначарскийи шаҳри Маскав таҳсил намудааст. Аз рӯзи таъсисёбии Театри давлатии ҷавонон дар соли 1971 то соли 1989 дар онҷо кор карда, сипас фаъолиятро дар театрҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Театри лӯхтак, Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри русии ба номи Маяковский идома додааст. Аз соли 2009 ба ин тараф дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекунад. Вай дар намоишномаҳои “Хизматгори як хоҷа”, “Ромкунӣ”, “Маро бикуш, ҷонакам”, “Маликаи Тӯрондухт” ва ғайраҳо нақш офаридааст. Исфандиёр Ғуломов, инчунин, бо «Тоҷикфилм», «Узбекфилм», «Туркменфилм», «Мосфилм», «Қирғизфилм», «Қазоқфилм», «Белорусфилм» ва бо як қатор коргардонҳои мамолики Ғарбу Шарқ ҳамкорӣ кардааст.
Исфандиёр Ғуломов: “Дуруст аст, ки театр оинаи зиндагист. Хеле аз он қисматҳое, ки дар саҳна мебинем, ҳаётӣ ҳастанд, вале кори театр боз дигар чиз талаб мекунад. Масалан дар ҳаёт агар мо оддӣ суҳбат мекунем, вале дар саҳна аз ин меъёр бештар бояд бозӣ кунӣ, то фикру садои ту то охири толор бирасад. Ҳоло ин, албатта, ҳам аз коргардон ва ҳам аз ҳунармандон ҷуръат мехоҳад, то он ҳодиса ва воқеаву камбудҳое, ки мо дар ҳаёт мебинем, бояд ҷасурона дар саҳна нишон диҳем. Вале ҳоло драмнависони мо инро наменависанд. Пйесаҳое, ки ба дарди халқи азизи мо бихӯранд. Он пйесаҳое, ки халқ камбуди худро бинад ва ислоҳ шавад. Умед дорам, дар оянда боз беҳтар мешавад, ба шарте ки драмаҳои хуб нависанд ва мо аз ҷониби худ саъй кунем, ки онро рӯи саҳна биорем.”
“То нагӯем, ислоҳ намешавад”
Радиои Озодӣ: Мо аҳли фарҳанги милалту кишварҳои дигарро мебинем, ки мавқеи устувори шаҳрвандӣ доранд. Дар маъракаҳои кумак ба зарардидагону беморону маҳрумон иштирок мекунанд. Чаро ин қишр дар Тоҷикистон, ки Шумо намояндаи он ҳастед, баъзан аз изҳори назари худ парҳез мекунанд?
Исфандиёр Ғуломов: “Дар ҳақиқат мо дур намеравем ва Русияро мисол меорем. Аҳли ҳунар дар онҷо хеле боҷуръат ҳастанд ва тамоми камбудҳоро мегӯянд. Шояд баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар мо менталитет каме дигар шуд ва шояд ҷасорат дигар нест. Ҳарчанд президент Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки камбудҳоро бояд гӯем. То нагӯем, камбуд бартараф намешавад.”
“Дар ҷои театри Маяковский хоктӯдаро дидам”
Радиои Озодӣ: Эҳтимол бинои театри Лоҳутиро аз байн бибаранд. Ҳоло дар ҷойи дигари шаҳр сохтмони як бинои муҳташами театр идома дорад. Дар хориҷи кишвар мебинем, ки ҳанӯз театрҳои қадимии худро нигаҳ медоранд. Вайрон намудани ин бино ба шахси Шумо чӣ таъсир мерасонад?
Исфандиёр Ғуломов: “Медонед, дар ин театр чӣ қадар одамони бузург, ба мисли Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов ва Ато Муҳаммадҷонову дигарон кор кардаанд. Ин саҳна барои мо хеле азиз аст. Ин биноҳои таърихӣ ва аз байн бурданашон хеле дардовар аст. Мисле, ки имрӯз дар ҷойи собиқ театри Маяковский хоктӯдаро дидам.”
Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки Шумо барои фаъолиятҳои худ дар театру синамо ягон ҷоизаву унвоне надоред. Рост мегӯянд?
Исфандиёр Ғуломов: “Дуруст мегӯянд. Шояд лоиқ набудам. Ҷавоби суолро аз онҳое бояд пурсид, ки масъули ин коранд. Агарчӣ чанд бор номам пешниҳод шуда буд, вале раво надиданд. Баъд аз соли 1970 инҷониб ин ҳарфҳо ҳаст.”