Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд,қурби доллар дар ин ҳафта бинобар кам шудани талабот пойин рафтааст. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қурби миёнаи доллар дар Тоҷикистон пасттар фаромадааст. Дар ҳоли ҳозир, нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт, Хуҷанд ва минтақаҳои дигар ҷумҳурӣ 1 долларро дар ивази 4 сомонию 86дирам мехаранд ва ҳудуди 4 сомонию 88дирам мефурӯшанд. Дар ҳафтаи гузашта қурби як доллдар ба 4, 89 – 4,90 сомонӣ баробар буд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, як сабаби пойин рафтани қурби доллар анҷом ёфтани нуқтаи авҷи мавсими имсолаи муҳоҷирати корист. Ва бо рафтани қисми асосии муҳоҷирон ба Русия талабот ба доллар ҳам акнун кам шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, қурби миёнаи рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ мондааст.