Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: доллар ба поён, рублу евро ба боло


Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, тайи як ҳафтаи ахир як доллари ИМА дар тамоми гӯшаву канори кишвар аз 4,85 - 4,86 сомонӣ ба 4,83 - 4,85 сомонӣ поин омадааст.

Аммо дар бозори асъор як рубли русӣ 0,159 - 0,160 дирам ва як евро 6,42 - 6,45 сомонӣ арзиш доранд.

Дар ҳоле, ки дар тамоми ҷаҳон бонкҳои марказӣ мекӯшанд қурби миллии худро поён баранд, то моли онҳо дар хориҷ харидори бештар пайдо намуда, истеҳсолотро дастгирӣ кунад, дар Тоҷикистон қурби доллар поён ва рублу евро боло рафтааст.

Коршиносон поёну болоравии арзҳои асосии хориҷӣ дар бозори Тоҷикистонро ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Иддае тағйирот дар бозори асъори Тоҷикистонро ба таҳаввулот дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла Амрикову Аврупо рабт медиҳанд.

Чанде қабл Бен Бернанке, раиси Бонки марказии Амрико гуфт, ки фоизи қарзи бонкӣ ҳамоно поин мемонаду эҳтимол то миёнаҳои соли 2014 қарзгирӣ бо ҳамин фоизи поён боқӣ хоҳад монд. Ин вазъ қурби долларро дар Амрико поён бурд. Ва ҳам Марио Драги, раиси Бонки Мароказии Аврупо низ ишора кард, ки шароити мусоиди қарзгириро тағйир нахоҳанд дод, дар натиҷа қурби евро аз 1, 36 ба 1, 33 доллар поён омад. Аммо чӣ шароите дар Тоҷикистон муҷиби поёну болоравии асъори ҷаҳонӣ мешаванд?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, бозори Тоҷикистон аз тағйирот дар Амрикову Аврупо бастагии бузург надорад, балки вобастагии он аз пули муҳоҷирини корӣ ва то ҷое аз содироти алюминиюм ва пахта аст. Вай афзуд: «Вазъе, ки ба вуҷуд омадааст, хеле кӯтоҳ хоҳад буд. Авомили ҳалкунанда дар ин вазъ танҳо тағйирот дар қимати маводи нафтӣ буда метавонад, ки ба ҳамин наздикӣ ба ҷомеа таъсир хоҳад расонд. Дар ҳоле, ки мо на аз содирот, балки воридоти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ вобастаем, эътидол вуҷуд дошта наметавонад.»

Ба ҳамин минвол, иддаи дигаре аз коршиносон мегӯянд, болову поёнравии қурби асъори хориҷӣ охири зимистон хусусияти мавсимӣ дорад. Ба қавли онҳо, дар ин мавсим муҳоҷирини корӣ на фақат пул кам мефиристанд, балки маҳз пули русӣ харидорӣ карда, ба Русия мераванд. Ва ҳамчунин тоҷирон дар интизори овардани сарулибос ва лавозимоти баҳориву тобистона, бахусус аз Чин хоҳанд буд. Иддае ҳам бар инанд, ки Чин то ду ҳафта марзҳояш бо Тоҷикистонро мебандад ва хариди доллар ҳам коҳиш хоҳад ёфт.

Одил Давлатшоев, коршиноси дигар дар умури иқтисод мегӯяд, маҳз ин авомил, ки талабот ба рубли русӣ афзуда, аммо ба доллар коҳиш ёфтааст, шароити кунуниро ба вуҷуд овардаанд. Вай афзуд, азбаски муҳоҷирини меҳнатӣ асосан рубли русӣ мефиристанд, болоравии қимати евро ҳам ба рубли русӣ пеш аз ҳама бастагӣ дорад, зеро евро асосан тариқи Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад:

«Вобастагии мо аз асъори бузурги хориҷӣ, аз қабили доллар танҳо ба тиҷорат бастагӣ дорад. Кишварҳое, ки ҳамкори мо дар ин самт ҳастанд, аз қабили Туркия, Чин ва Покистону Ҳинд бештар бо доллар муомила мекунанд. Бовар дорам, ки пас аз боз шудани марзҳо бо Чин ва рафтани муҳоҷирин ба Русия, вазъ ба ҳолати аввала бармегардад.»

Коршиносон бар инанд, ки як ҷаҳиши куллӣ ва назаррасе дар бозори асъори Тоҷикистон ба вуҷуд нахоҳад омад, зеро кишвар захираи кофии ҳар се арзро дорад. Соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон эълом дошта буд, ки агар солҳои қаблӣ аксарияти кулли захираи асъори кишварро доллар ташкил мекард, ҳоло евро ва беш аз ҳама рубли русӣ захира мешавад.
XS
SM
MD
LG