Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон "нарх"-и ришваро ҳам арзонтар кардааст


Камчинии доллару евро - яке аз пайомадҳои бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ва коҳиши қурби сомонӣ - ба "нархнома"-и ришва ҳам дар Тоҷикистон таъсир кардааст.

Фирдавс, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як ҳафта боз бо ҳамсинфи собиқаш қаҳрӣ аст. Ҳамсабақаш писари муҳандиси заминсози ҷамоат, як сол пеш аз ӯ барои қитъаи замин якуним ҳазор доллар хоста гуфта буд, ки пулро падараш ба “калонҳо” медиҳад. Аммо ҳафтае пеш як ҳамсабақи дигарашон гуфт, ки ӯ барои қитъаи замин ҳамагӣ 600 доллар додааст. “Яъне, ӯ маро қариб ба ҳазор доллар “лой молидааст,”- бо қаҳр мегӯяд Фирдавс ва тавҷеҳи ҳамсинфашро, ки “нарх” пойн рафтааст, қабул накард ва ду пой дар як мӯза аз ӯ талаб дорад, ки пули изофагии гирифтаашро баргардонад.

Бӯҳрон дар Русия, аз нигоҳи таҳлилгарон, на фақат ба коҳиши муҳоҷирати корӣ ва бар асари он кам шудани интиқоли пул аз Русия сабаб гардад, балки бозори ришвату фасодро дар бахше аз соҳаҳо каму беш касод ҳам кардааст. Моҳҳои ахир, ба иддаои онҳо, ҳаҷм ё "ставка"-и пора барои таҳияи аснод, шиноснома ва қитъаи замин коҳиш ёфтааст. Масалан, агар як сол пеш барои дарёфти қитъаи замин 2-3 ҳазор доллар ришва додан зарур буд, пас ҳоло баъзе мансабдорон бо гирифтани 500-600 доллар ин масъаларо “ҳал” мекунанд.

Як масъули Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон бидуни ифшои номаш гуфт, ки воқеан ҳам раванди кам шудани “ставка”-и ришват барои қитъаи замин дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон ба чашм мерасад, аммо наметавон гуфт, ки он як раванди сартосарӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, харидорони қитъаи замин дар ин минтақаҳо асосан онҳое буданд, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия "пули хуб мегирифтанд".

Мусоҳиби мо аз боздошти Фатҳиддин Мирзоноров, муҳандиси заминсози ҷамоати деҳоти «Оби Киик»-и ноҳияи Хуросон ёдовар шуд, ки аз шаҳрванд Гулхумор Гулова барои қитъаи замин 550 доллар тамаъ кардааст. “Як сол пеш шояд ӯ аз ҳазор доллар камтар тамаъ намекард,” - мегӯяд ӯ. Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод алайҳи Фатҳиддин Мирзоноров, тибқи моддаи 247, қисми 2 банди “в”,”г”-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сӯиистифода аз мақоми хизматӣ" ва "осеб расонидан ба шаҳрванд" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

500 ДОЛЛАР БАРОИ "ПАСПОРТИ КАБУД"

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки аслан собит кардани мизони ришват ё равандҳои пасту баланд шудани он кори саҳл нест ва чунин дигаргуниҳо метавонанд на танҳо аз бӯҳрон, балки омилҳои дигар низ маншаъ гиранд. Вай ёдрас мешавад, ки “ҳатто солҳои 2007-2008, замони бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, меъёр ва ҳаҷми ришва дар

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Тоҷикистон пойин нарафта буд. Аммо имрӯз вазъият фарқ мекунад, зеро бахши хизматрасонии давлатӣ васеътар шудааст, бигирем, он солҳо фақат як-ду идора масъули додани шиносномаҳои хориҷӣ буд, ҳоло, шиносномаи биометрии хориҷиро метавон аз ҳар шӯъбаи милиса гирифт... " Ӯ меафзояд, акнун дар Тоҷикистон ҳам мардум ҳарчӣ бештар ба ниҳодҳое рӯ меоваранд, ки "он ҷо бюрократия камтару шаффофият бештар ва сатҳи ришват паст бошад ё беҳтар аст, ки он аслан мавҷуд набошад".

Алиакбар Абдуллоев, раҳбари Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия бар асари таҳримҳои Ғарб ва пойинрафти қурби рубл воқеан ҳам ба рӯзгори мардуми Тоҷикистон таъсир гузоштааст.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан муҳоҷирони корӣ маошро бо рубл гирифта, умдатан онро ба доллар табдил карда, баъд ба Тоҷикистон мефиристоданд. Ӯ афзуд: "Аммо ҳоло маблағе, ки дарёфт мекунанд, базӯр ба зиндагияшон дар Русия мерасад ва агар пештар аз 500 то 1000 доллар мефристоданд, ҳоло бисёриҳо ҳатто имкони фиристодани 100 долларро ҳам надоранд".

Аз нигоҳи Алиакбар Абдуллоев, “ришват дар ҷоест, ки талабот аст. Мардуми мо, ки серфарзанданд, ба қитъаи замин барои бунёди манзил ниёз доранд, аз ин рӯ ришват дода, соҳиби қитъаи замин мешаванд. Ё бигирем, шиносномаҳои хориҷиро... Муҳоҷирони корӣ ба ин шиносномаҳо зарурат доранд ва аммо барои зудтар омода шудани он бояд ришва диҳанд. Вале дар ҳоле, ки зарурат ба қитъаи замин боқӣ мондааст, талабот ба шиносномаҳои хориҷӣ кам мешавад, зеро теъдоди онҳое, ки ба Русия ё ба дигар кишварҳо барои кор рафтаниянд, коҳиш меёбад”.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, агар кас дар мӯҳлати муқарраршуда шиносномаи биометрӣ гирифтанӣ бошад, мушкиле пеш намеояд ва пора додан ҳам зарур нест. Аммо барои шиносномаи оддии хориҷӣ ё ба қавли мардум “паспорти кабуд” бояд аз 400 то 500 доллар ришват дод, зеро ин гуна шиносномаҳо камчин шудаанд ва бо фарқ аз шиносномаи биометрӣ онҳоро фақат бо ирсоли акс тавассути хешу табор ҳам метавон гирифт.

"ПУЛИ РИШВА НАДОРӢ, ЗАМИН ДЕҲ..."

Таҳлилгарон мегӯянд, ки қитъаи замини «қонунӣ» барои бунёди манзили зист камчин шудааст ва аз рӯ ин бозор ҳамоно гарм аст. Ва ҳатто баъзе ҳолатҳо масали «Дуздро қароқчӣ зад»-ро ба ёд меоварад – иддае аз мансабдорони ниҳодҳои қудратӣ аз мақомоти маҳаллии навоҳии атрофи пойтахт ба ивази нодида гирифтани ҷурмҳояшон на пул, балки ...қитъаи замин талаб мекунанд. Ба ин нукта раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният рӯзи рӯзи 17 феврал ҳам таъкид карда, гуфта буд, тамаъи замин аз сӯи додситонҳо ва дигар мансабдорон то ба ҷое расидааст, ки чаҳор раиси ҷамоат аз тарси таъқиби онҳо ба Русия фирор кардаанд.

Мавридҳое низ иттифоқ афтодаанд, ки корафтодагон ба ҷои пул калиди мошин ё хонаҳои гаронбаҳоро ҳамчун ришва ба мақомдорон пешниҳод мекунанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Алиакбар Абдуллоев, “чун дар дасти мардум пули нақд нест, хоҳем-нахоҳем, ҳаҷми ришват пойин меравад". Набудани пули нақд, ба гуфтаи ӯ, боиси рукуд дар тиҷорати мошин ва бозори маскани Тоҷикистон ҳам шудааст.

Тилав Расулзода
Тилав Расулзода

Тилав Расулзода, таҳлилгари тоҷик, ҳам мегӯяд, ки камчин шудани асъори хориҷӣ боиси коҳиши нерӯи харидории хона ва қитъаи замин шудааст ва табиист, ки дар ин ҳолат ҳаҷми ришвае, ки ба ин ё мансабдор дода мешавад, коҳиш меёбад.

Аммо ба иқрори таҳлилгарон, коҳиши миқёси пора кори саҳл нест, зеро пули ришват аз “поён” то “боло” миёни мансабдорон тақсим мешавад ва кам расидани маблағ ба нафари воломақомтар шояд боиси сӯитафоҳум ҳам шавад, яъне ӯ шояд зердастонашро дар фиреб гумонбар шавад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи онҳо, бозгашти теъдоди бузурги муҳоҷирони корӣ рақобат дар бозори кори Тоҷикистон, аз ҷумла, кор дар ягон ширкат ё корхонаи “равғанӣ”-ро шиддат мебахшад ва бархе раҳбарону миёнаравҳо шояд аз довталабҳо маблағи бештар талаб кунанд. Аммо Тилав Расулзода мегӯяд, афроде, ки аз Русия баргаштаанд, асосан аз қишри камбизоати мардуманд ва гумон аст онҳо дар пайи дарёфти кори сердаромад бошад. Аксари онҳо, ба гуфтаи ӯ, имкони ришватдиҳиро ҳам надоранд.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, ришват чун пештара ҳам бо сомонӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ пардохта мешавад. Мансабдорони сатҳашон пойинтар ба дарёфти 400-500 сомонӣ ҳам қаноат мекунанд, аммо раҳбарони воломақом барои “ҳалли мушкил” асъори хориҷӣ, асосан доллар мегиранд.

Дар ҳамин ҳол Акбари Султон, як сокини Душанбе мегӯяд, ки шахсан ӯ кам шудани “ставка”-и ришватро эҳсос накардааст. Ӯ моҳи гузашта ба яке аз шӯъбаҳои милиса барои шиносномаи биометрӣ муроҷиат кард ва хоҳиш намуд, ки онро зудтар омода кунанд, зеро бояд ба Русия равад. “Як корманди милиса маро ба гӯшае бурд ва оҳиста гуфт, ки баъди се рӯз бо 700 доллар биё ва шиносномаатро гирифта рав!”

ВАЗИР БОЗ "ЛЕКСУС" МЕХАРАД...

Агар мизони порадиҳӣ дар Тоҷикистон кам мешуд, гуфтан мумкин буд, ки бӯҳрони Русия ба кисаи ҳамаи қишрҳои аҳолӣ зарба задааст. Вале зоҳиран, дар кишвар қишру гурӯҳҳое низ ҳастанд, ки бӯҳрони молиявии Русия ба онҳо аслан таъсире нагузоштааст. Имрӯз асосан мансабдорон ва кормандони созмонҳои хориҷии муқими Тоҷикистон тавони хариди

манзилу мошин ё дигар ашёи гаронбаҳоро доранд. Тилав Расулзода мегӯяд, ки бонкдорон ва тоҷирон, аз ҷумла, соҳибони тарабхонаҳои бузург ё меҳмонхонаҳо ҳам аз бӯҳрони Русия тақрибан осеб надидаанд. “Бозор қонунҳои худро дорад ва тоҷирон беш аз 20 дар сад саҳми худро болои он молу колои аз хориҷа овардаашон мегузоранд. Ҳафтаҳои ахир онҳо нархҳоро боз боло мебаранд ва вақте суол мекунед, мегӯянд, ки ин ба болоравии қурби доллар вобастааст. Яъне, онҳо ҳеҷ вақт аз саҳми худ намегузаранд ва аз ин рӯ бӯҳрон ба онҳо осеби ҷиддӣ намерасонад. Хуб, шояд каме осеб бубинанд ва он ҳам аз ҳисоби он ки бар асари бӯҳрон теъдоди харидоронашон камтар мешавад”.

Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ду сол пеш дар як гузориши фарогир гуфта буд, фасоду ришва дар Тоҷикистон ба андозае реша давондааст, ки онро амалан ба як таҳдид ба амнияти миллӣ табдил додааст. Шояд ба ҳамин хотир, мегӯянд бархе таҳлилгарон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифт, ки писараш Рустами Эмомалиро ба ҷабҳаи мубориза бо фасод фиристад.

XS
SM
MD
LG