Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз як масъули ҷамоат барои "заминфурӯшӣ"


Қитъаҳои тақсимшудаи замин дар яке аз минтақаҳоли вилояти Хатлон
Қитъаҳои тақсимшудаи замин дар яке аз минтақаҳоли вилояти Хатлон

Як масъули ҷамоати Обикиики ноҳияи Хуросон бо ҷурми талаби ришва дар ивази ҷудо кардани қитъаи замин дастгир шудааст. Дар як соли охир ин аллакай 30-юмин парвандаи заминфурӯшӣ дар ҷануби Тоҷикистон аст.

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар вилояти Хатлон як масъули ҷамоати Обикиики ноҳияи Хуросон бо ҷурми гирифтани ришва бо ҳаҷми 550 долари амрикоӣ дар ивази додани сертификати замин боздошт кардааст.

Заррина Холова, раиси ҷамоати Обикиик” дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ боздошти масъули ҷамоат Фатҳиддин Мирзоновро бо ҷурми гирифтани пора тасдиқ карда гуфт, ки муфатишони оҷонсӣ ба дари утоқи кории Мирзонов мӯҳр зада ва калиди мошинашро аз дасташ гирифта буданд, аммо онҳо ӯро имрӯз савори мошинаш дар ноҳия дидаанд.

Хонуми Холова аз қавли масъулини оҷонсӣ гуфт, ки ҳамкораш Фатҳиддин Мирзонов бо гумони гирифтани ришва аз шаҳрванд Гулхумор Гулова боздошт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Мирзонов ариза навишта, то замони баррасии қазияаш рухсатӣ гирифтааст.

Оҷонси алайҳи Фатҳиддин Мирзонов, тибқи моддаи 247, қисми 2 банди “в”,”г”-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, яъне бо истифодаи мақоми хизмати ва расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст. Гуфта мешавад, нархи як қитъаи замин дар навоҳии дурдаст аз 1000 доллар сар шуда, дар навоҳии атрофи пойтахт дастикам 10 000 долларро ташкил медиҳад ва аммо дар шаҳрҳо барои як қитъаи хурди замин бояд даҳҳо ҳазор доллар масраф кард. Ҳадди аксари ин пулҳо барои "харидан"-и имзои мақомоти масъул сарф мешавад.

Ва он ҳам бидуни ягон замонат. Ба навиштаи як хонандаи Озодӣ, ки қитъаи заминашро аз раиси қаблии ҷамоат пул дода, гирифтааст, барои дубора "қонунӣ" кардани ин замин ба раиси нав ҳам 1000 доллар додааст, вале боз ҳам дилаш дар тарс аст, ки мабодо раисро боз иваз кунанду инаш ҳам аз вай аз нав "қонунӣ" кардани заминашро талаб кунад.

Бино ба гузориши Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон, соли гузашта наздики 30 корманди мақомоти маҳаллиро барои ришваситонӣ дар ивази қитъаи замин боздошт кардаанд.

Як нафари онҳо корманди идораи заминсозии ноҳияи Ёвон Муҳаммад Бекназаров аст, ки бо расонидани зарари зиёд хона, се мошин ва зиёда аз 30 ҳазор доллараш дар ҳабс қарор дошта, худи ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

Ҷӯрахон Кабиров
Ҷӯрахон Кабиров

Ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб аз боздошти Салим Бобохонов, собиқ раиси ҷамоати Кӯлоб ва низ ба иттиҳоми "ришваситонӣ" ва "ваъдаи додани замин ба сокинон" боздошт кард. Гуфта мешавад, ки Салим Бобохоновро бар асоси шикояти Ҷӯрахон Кабиров ном сокини ҷамоати Кӯлоб дастгир кардаанд.

Ин марди 65-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, дар 6 соли охир ба Бобохонов ва дигар масъулони ҷамоат барои як қитъа замин 399 дафъа ариза додааст, вале чун касе ба доди ӯи, ба гуфтаи худаш, "бепул" нарасид, аризаи 400-уминашро ба номи сардори ҷадиди Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб навишт.

XS
SM
MD
LG