Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳасба" чаро кӯдакони тоҷикро дар Сурия медуздад?


Занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия. Акс аз соли 2022
Занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия. Акс аз соли 2022

Мақомоти тоҷик дар баргардондани занону кӯдакони боқимондаи тоҷик аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия гирифтори мушкил шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳанӯз ҳудуди 200 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия, ки барои ҳамсарону фарзандони ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДОИШ сохта шудааст, нигаҳдорӣ мешаванд.

Бори охир, рӯзи 25-уми апрел Тоҷикистон 47 зану кӯдакро аз Сурия баргардонд.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ки масъули баргардондани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия ҳаст, гуфт, нақша доштанд, ки теъдоди бештареро биоранд, вале дар охирин рӯз бархе занон, бо далели дуздида шудани фарзандонашон, аз сафар ба ватан худдорӣ карданд.

Занон гуфтаанд, ки кӯдаконашонро гурӯҳи “Ҳасба” дуздидааст ва онҳо бе фарзандонашон барнамегарданд.

“Ҳасба” чӣ гурӯҳест?

“Ҳасба”, як гурӯҳе иборат аз занони тундгаро аст, ки шабеҳи пулиси гурӯҳи тундрави ДОИШ амал мекунад ва мехоҳад ҳама дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл бо қонунҳои сахтгиронаи онҳо зиндагӣ кунанд. Ин гурӯҳ пинҳон аз чашми низомиён курд, занонеро, ки аз қоидаҳои онҳо берун амал мекунанд, ҷазои сахт медиҳад. Борҳо расонаҳо аз ҳамлаи бераҳмонаи ин гурӯҳи занҳо ба имдодрасонҳо ва сокинони паноҳгоҳ хабар дода буданд.

Паноҳгоҳи Ал-Ҳавл, ки соли 2017 бо кумаки СММ барои нигаҳдории ҳамсарону кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ сохта шуд, зери назорати артиши курдҳо ҳаст, ки дар мубориза бо ДОИШ бо Амрико ҳамкорӣ доштанд. Ин қаламрав аз назорати ҳукумати Башор Асад берун аст ва онро низомиёни курд идора мекунанд. Дар ҳазорон хайма дар ин паноҳгоҳ беш аз 60 ҳазор зану кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ нигаҳдорӣ мешавад.

Мушкил дар чист?

Дар ин паноҳгоҳ, ки сокинонаш тақрибан баробар ба аҳолии як ноҳияи миёнаи Тоҷикистон аст, наздик ба 10 ҳазор хориҷӣ зиндагӣ мекунад ва дигарон шаҳрвандони Ироқу Сурия ҳастанд. Низомиёни курд мегӯянд, дар миёни ҳазорон нафар тавони мубориза бо гурӯҳи “Ҳасба”-ро надоранд. Тоҷикистон аз камтарин кишварҳоест, ки аз рӯзи аввал талош кард, шаҳрвандони худро аз паноҳгоҳи Сурия ва Ироқ баргардонад. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд, зоҳиран ҳар касе хостори бозгашт буд, ба ватан оварда шудааст. Ӯ мегӯяд, воқеан ё гурӯҳи “Ҳасба” хеле фаъол шудааст ва намегузорад, ки занону кӯдакони боқимонда ба ватан баргарданд ё ин гурӯҳи занон худашон баргаштан намехоҳанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ бо се тан аз занҳо қабл аз бозгашташон ба Тоҷикистон суҳбат дошт. Онҳо гуфтанд, ки воқеан бархе хоҳони бозгаштанд, вале бархеи дигар сахт зери таъсир мондаанд ва бо ҳар баҳона аз бозгашт худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, низомиёни курд ҳам зоҳиран намехоҳанд ин паноҳгоҳ баста шавад. СММ ба садҳо низомии курд барои нигаҳбонии паноҳгоҳ ва хидматрасонӣ маош медиҳад. Дар сурати холӣ шудани паноҳгоҳ садҳо низомии курд бекор мемонад.

Чаро танҳо занону кӯдакон мондаанд?

Мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки аз Тоҷикистон беш аз ду ҳазор нафар барои пайвастан ба ДОИШ ба Ироқу Сурия рафтаанд. Сарнавишти аксари мардони тоҷики увзи ин гурӯҳ маълум нест. Теъдоди ками онҳо дар зиндонҳои Сурия нигаҳ дошта мешаванд. Дар Ироқ ба онҳо ҳукми қатл додаанд. Ҳоло танҳо занону кӯдакон ҳастанд, ки дар ин паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд ва на ҳамаи кишварҳо майли берун кардани шаҳрвандонашон аз Ал-Ҳавлро доранд.

Адҳам Ҳайдарзода, пажӯҳишгари улуми исломӣ дар Туркия мегӯяд, ба ин кӯдакон дар ҳама кишварҳо мисли “фарзандони террорист” нигоҳ ва бархӯрд мекунанд. “Ин кӯдакон бесоҳибанд ва ба онҳо ҳамчун фарзандони ашхоси ҷинояткор ё хоин нигоҳ мекунанд. Модарони кӯдакҳо якчанд сол дар он муҳити сахт ва таҳти афкори тундгароӣ буданд ва шояд қисме аз онҳо аз тарси шавҳар ва қисме мағзшӯӣ шудаанд ва баргаштан намехоҳанд, ”—гуфт ӯ.

Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта зиёда аз сесад зану кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқу Сурия баргардонд. Баъзе аз онҳоро ба тарбияи пайвандонашон дода, бархеи дигарро дар марказҳои вижа нигоҳ медорад.

“Хилофати хурд” дар Ал-Ҳавл

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Сурия, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар умум барномаи овардани занону кӯдакон аз Ироқу Сурия “тақрибан ниҳоӣ шуд”. То ҳол, ба гуфтаи ӯ, “ҳамаи хоҳишмандон баргардонда шуданд, ба ҷуз аз шахсоне, ки чунин имкон ё хоҳишро надоштанд.”

UNICEF, Бунёди кӯдакони Созмони Милал, рӯзи 26-уми апрели соли равон гуфт, баъзе аз намояндагони ҳукумат дар Тоҷикистон мегӯянд, занҳо “аз ноогоҳӣ”, “ба гапи шавҳар даромада гумроҳ шудаанд” ё “бо фикри ба даст овардани пул ва даромад” ба он ҷо рафтаанд. Онҳо дар як таҳлил навиштаанд, “аз гуфтаи занҳо бармеояд, ки дар амалиёти террористӣ ширкат накарда, танҳо бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии мардони ДОИШ истифода шудаанд.”

Созмони Милал урдугоҳи "Ал-Ҳавл"-ро дар шимоли шарқи Сурия макони "ваҳшатноктарин ва хатарноктарин" дар дунё номидааст. Ҷое, ки ҳамсарону фарзандони аъзои собиқи ДОИШ сарпаноҳ ёфтаанд ва зери фишори тарафдорони ақидаҳои ифротӣ ба “хилофати хурд” табдил мешавад.

Аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2014 зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданд ва ё дар он ҷо оила сохтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG