Падару модаре дар Исфара духтар ва набераҳояшонро меҷӯянд. Зумрад Абдураҳимова, духтари хонавода, соли 2015 бо шавҳар ва се фарзандаш ба Сурия рафта, бори охир соли 2017 бо наздиконаш телефонӣ тамос доштааст. Мақомот ба Сурия рафтани ин сокини Исфараро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, дар бораи сарнавишти ӯ чизе намедонанд.
«Гуфт, намехоҳам фарзандонам ятим калон шаванд»
Нарзун Амонова, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, панҷ сол боз намедонад, ки ба сари духтар ва набераҳояш дар Сурия чӣ омадааст. Мегӯяд, дар ин муддат худро ба даҳҳо дар зад, то хабаре ёбад, аммо бенатиҷа. Амонова бори охир соли 2017 садои духтарашро шунид.
“Ба ӯ гуфтам, ин чӣ коре буд, ки кардӣ? Чаро моро фикр накардиву баромада рафтӣ? Ҷавоб дод, ки Шумо маро фикр мекунед, ман фарзандонамро фикр намекунам? Гуфт, намехоҳам фарзандонам ятим калон шаванд. Домодам сағира калон шуда буд. Гуфт, ба фарзандонам чизе шавад, ҳамроҳи падараш шавад," – ба ёд овард хонум Амонова.
Масъулони идораҳои давлатӣ тасдиқ мекунанд, ки «Зумрад Абдураҳимова бо шавҳар ва се кӯдакаш соли 2015 ба Сурия рафтааст.» Ба ин далел ба зидди Абдураҳимова ва шавҳараш Алҳамҷон Абдураҳимов ба гумони ширкат дар ҷанги кишварҳои дигар парванда кушодаанд. Намояндагони Тоҷикистон, ки ба ҷустуҷӯ ва бозгардондани шаҳрвандони кишвар аз Ироқу Сурия машғуланд, мегӯянд, дар миёни тоҷикон дар паноҳгоҳҳои Сурия ё зиндонҳои Ироқ номи Зумрад Абдураҳимова нест.
“Мо бо роҳҳои гуногун шахсияти 95 дарсади занони тоҷикро дар урдугоҳҳои зери назорати курдҳо дар Сурия муайян кардем. Номи ҳамаи занони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ дар дасти мо аст, аммо дар ягон рӯйхат номи Зумрад Абдураҳимова нест,” – гуфт як манбаъ рӯзи 9-уми май.
Видеоро дар инҷо бинед:
«Ба мисли мо дар Исфара 10-12 оила аст»
Тахмин меравад, даҳҳо зани тоҷик дар Ироқу Сурия пас аз марги шавҳар ба дасти хориҷиҳо афтодаанд. Огоҳон ин эҳтимолро рад намекунанд, ки мумкин аст Зумрад Абдураҳимова ва шавҳараш дар ҷангҳои зидди гуруҳи ваҳшатафкани “Давлати исломӣ” кушта шудаанд. Волидони Зумрад Абдураҳимова дар Тоҷикистон умеди худро аз даст надодаанд.
Амонбой Амонов, падари Зумрад Абдураҳимова, мегӯяд, барои пайдо кардани духтараш ба мақомоти қудратӣ ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муроҷиат кард. Ба гуфтаи Амонов, мисли ӯ дар Исфара 10-12 хонаводае аст, ки фарзандонашон баъди ба Сурияву Ироқ рафтан нопадид шудаанд.
“Омада суҳбат карданд ва таскин медиҳанд, ки пайдо мекунем. Ягон натиҷа нест,” – гуфт Амонбой Амонов.
Дар паноҳгоҳи Рож ва Ал-Ҳавл (Ал-Ҳол)-и Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷикро нигоҳ медоранд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки ба дасти нерӯҳои курд афтодаанд.
Дархостҳои батакрори занон барои бозгашт ба Тоҷикистон ҳанӯз иҷро нашудааст. Пештар Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд. Даҳҳо зани тоҷик дар он кишвар ба зиндон маҳкум шуданд.