Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "Президенти ман - ифтихори ман" дар телевизиони Кӯлоб


Рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Кӯлоб марҳалаи ниҳоии озмуни телевизионии "Президенти ман - ифтихори ман" доир мешавад.

Ин озмун бо ибтикори шаҳрдории Кӯлоб як ҳафта боз дар сатҳи се ҷамоати ин минтақа идома дорад. Масъулони шаҳрдорӣ мегӯянд, ҳадафи ин ҷашнвораи, ба таъбири онҳо, “фарҳангӣ” “таблиғу ташвиқи сулҳу ваҳдат, оромии ҷомеа, ватандустӣ ва ободии диёр” буда, ғолибонро тӯҳфаҳо ва мукофотҳои таъсисдодаи ҳукумати шаҳри Кӯлоб мунтазир аст.

Ба гуфтаи баргузоркунандагон, озмуни "Президенти ман - ифтихори ман", ки ҳамагӣ ду моҳ қабл аз интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, аз бахши шеъру тарона ва суруд ва намоишномаҳои саҳнавӣ иборат аст, ки ба ҷуз аз таърифу тавсифи президент “тавсиаи сулҳу дустӣ, ватандӯстии ҷавонон ва ободии кишварро низ тараннум месозад.”

Ҷараёни озмун тавассути телевизиони маҳаллии Кӯлоб пахш мешавад.

Ҳарчанд, масъулони давлатӣ озмуни "Президенти ман - ифтихориман" -ро як “ҷашнвораи фарҳангӣ” арзёбӣ меунанд,аммо нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ ин чорабиниро як роҳи дигари таблиғи номзади ҳизби ҳоким бо истифода аз манобеъи давлатӣ медонанд.

Онҳо мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ дар Кӯлоб талош доранд, то тавассути озмуни “Президенти ман – ифтихори ман”, ки хзоҳиран боз як маъракаи дигари мадҳу ситоиши ошкори шахси раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон шудааст, бо таблиғу ташвиқи сулҳу оромӣ ҳамчун хидмати бевоситаи оқои Раҳмон ва ҳамин тавр дастовардҳои дигари 21 соли раҳбарии ӯ ба фазои интихоботӣ таъсир бирасонанд.

Озмуни телевизионии "Президенти ман - ифтихори ман" дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар ҳоле доир мешавад, ки Тоҷикистон дар аҳди раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон маъракаҳои мутааддиди парастиши шаӣхси ӯро таҷриба кардааст. Мунтақидон мегӯянд, ин ҳама аз табиати худкомаи низоми ҳоким дар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ маншаъ мегирад. Омили дигар, ба ақидаи онҳо, талоши ҳокимони маҳаллӣ барои ширин кардани худ дар чашми раҳбари аввал ва ба ин васила ҳамвор кардани роҳи худ барои расидан ба мансабҳои баландтар буда метавонад.

Дар ҳар сурат, дар Тоҷикистон дигар мисли анъана шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар як сафараш ба шаҳру навоҳӣ ба сурати мутантану пурдабдаба бо ҷалби садҳо толибилми байрачаҳо ба дасту навбатҳои тӯлонии афроде ки лаб ба мадҳу ситоиши шахси раисиҷумҳур мекушоянд, пешвоз мегиранд. Мулоқотҳои раисиҷумҳур бо намояндагони ақшори мухталифи аҳолӣ низ ба як минбари дигари мадҳу тавсифи оқои Раҳмон табдил ёфтааст, ки намунаҳои барҷастааш дидорҳои дар ним соли охир барпокардаи ӯ бо зиёиён, ҷавонон, рӯҳониён ва донишҷӯёни кишвар аст.

Мунтақидон мегӯянд, оқои Раҳмон метавонист бо муҷозоти ҳамагӣ як ило ду мансабдор ба далели тафрит дар ташкили маъракаи хушомадзанӣ ба ин ҳама парастиши шахси ӯ нуқтаи таммат гузорад. Вале, меафзоянд онҳо, аз бархӯрди худи Эмомалӣ Раҳмон ба чунин шеваи баргузории мулоқотҳояш ва тарзи истиқбол аз ӯ дар ҷараёни сафарҳояш ва муҳимтар аз ҳама, бо ироаи мансабҳои баландтар “қадрдонӣ” шудани мансабдороне, ки истиқбол аз президентро “дар сатҳи баланд” ташкил мекунанд, бармеояд, ки ин ҳама мадҳу ситоиш ба худи ӯ ҳам хеле хуш меояд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 21 сол боз, зимоми раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад. Интизор меравад, ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар анҷумани навбатиаш, ки рӯзи 4 октябр даъват шудааст, дигарбора ӯро ба интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон номзад кунад.
XS
SM
MD
LG