Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Русия бо мушаку бесарнишин ба бахши энержии Украина


Ин зарбаи ҳаштум ва густурдаи Русия дар се моҳи охир ба зербундёҳои энержии Украина будааст
Ин зарбаи ҳаштум ва густурдаи Русия дар се моҳи охир ба зербундёҳои энержии Украина будааст

Русия шаби 21 ба 22-юми июн бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин бори дигар зербунёдҳои бе ин ҳам осебдидаи энержии Украинаро нишон гирифтааст.

"Укрэнерго", ширкати миллии тақсими барқ дар Украина, дар изҳороте дар Телеграм навишт, ки мавҷи нави ҳамлаҳо ба низоми интиқоли барқ дар вилоятҳои Запорожйе ва Лвов зарар расонд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ҳамлаҳо ба Запорожйе ду нафар захмӣ шуданд.

Вазорати энержии Украина ҳам гуфт, ҳамлаҳои Русия сабаби канда шудани хат дар шарқи ин кишвар шуд ва интиқоли нерӯи барқро мушкил гардонд.

Дар се моҳи охир ин зарбаи ҳаштум ва густурдаи Русия ба зербундёҳои энержии Украина будааст.

Дар ҳамин ҳол, артиши Украина рӯзи 22-юми июн хабар дод, ки шаби гузашта 12 мушак ва 13 ҳавопаймои бесарнишини Русияро аз байн бурд.

XS
SM
MD
LG