Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 кушта ва 14 захмӣ. Ҳамлаҳои Русия ба маҳалҳои аҳолинишини Донетск


Украина
Украина

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия рӯзи 27-уми июн бо 6 мушаки болдор ва 23 ҳавопаймои бесарнишин ба маҳалҳои аҳолинишин дар вилояти Донетск (шарқи Украина) ҳамла кард.

Раиси вилоят, Вадим Филашкин, дар Телеграм хабар дод, ки дар ҷараёни тирборони шаҳри саноатии Торетск як нафар кушта шуд. Ба иттилои ӯ, дар пайи ҳамла ба минтақаҳои Мемрик, Селидово ва Комар камаш 14 нафар захмӣ гаштанд.

Масъулони бахши низомии Украина мегӯянд, панҷ мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Русияро сарнагун карданд.

Русия дар моҳи феврали соли 2022 бедалел ба хоки Украина ҳамла кард ва аз он замон то кунун даргирии ду тараф идома дорад.

Маскав мегӯяд, ҳадафаш ғайринизомӣ кардани Украина аст. Киев ва ҳампаймонҳояш рафтори Русияро таҷовуз ба хоки як кишвари мустақил дониста, ба зидди Кремл ва мансабдорони рус таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG