Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси се муҳоҷири узбек бо гумони таҷовузи корманди "Матч ТВ" 

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Маскав се муҳоҷири узбекро то 6-уми сентябри имсол ба ҳабс гирифт. Онҳо ба таҷовузи як корманди телевизони “МатчТВ” гумонбар ҳастанд. Абдурашидов, Ортиқбоев ва Ҷурақулов ба таҷовуз ба номус, ки аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст, муттаҳам шудаанд.

Дар ҳоле, ки назари онҳо ба қазия маълум нест, муфаттишон гуфтаанд, се муҳоҷири узбек шаби 6-уми июл дар ҳолати мастӣ ба духтари ношиносе ҳамла кардаанд. Баъдан ба гуфтаи мақомоти тафтишотии Русия, ду муҳоҷир духтарро таҷовуз карда, сеюмӣ бошад гирду атрофро мушоҳида мекард ва бо ин роҳ бехатарии шариконашро таъмин менамуд. Онҳо ба зудӣ дастгир шуданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, яке аз гумонбарон талош кард ба кишвараш фирор кунад ва ӯро дар роҳ ба фурудгоҳ дастгир карданд. Кумитаи тафтишот мегӯяд, ҳарсе муҳоҷир дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ мезистанд ва бо ин иттиҳом низ нисбаташон айб эълон шудааст. Аз рӯи иттиҳоми таҷовуз ба се муҳоҷир то даҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG