Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи омӯзгори тоҷик барои ташвиқи духтарон ба таълим


Ҳамадонӣ Музаффаров (аз чап)
Ҳамадонӣ Музаффаров (аз чап)

Як омӯзгори 34-солаи забони англисӣ аз деҳаи Навдии минтақаи Рашти Тоҷикистон барои кӯмак дар таҳсили бештари духтарҳои маҳаллӣ дар мактаби ин минтақаи дурафтодаи кӯҳӣ аз ҷониби як созмони хориҷӣ қадрдонӣ шуд. Ҷоизаи созмони ҳиндии маърифатии Bhati Global Foundation ба Ҳамадонӣ Музаффаров -- муассиси маркази омӯзиши забони англисӣ барои “навоварӣ дар кори омӯзгорӣ бо истифода аз фанновариҳои замонавӣ”, супурда шуд. Созмони воқеъ дар кишвари Ҳинд бо барномаҳои маърифатӣ машғул буда, яке аз ҳадафҳояш ҷалби бештари кӯдакону ҷавонон, ба хусус духтарон бо таҳсил будааст.

Ҳамадонӣ Музаффаровро дар қатори 7 омӯзгори дигар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ин ҷоизае, ки аз соли 2001 ба ин сӯ тақдим мешавад, дар охири моҳи январ қадрдонӣ карданд. Муаллифон гуфтанд, ки Ҳамадонӣ Музаффаров бо истифода аз роҳу шеваҳои наву муосир тавонистааст, хонандаро ба омӯзиши донишҳои замонавӣ ҷалб кунад. Аз ҷумла, Музаффаровро дар амри ҷалби духтарон аз минтақаи Рашти Тоҷикистон ба омӯзиш, пайваст кардани мактабиёну ҷавонони маҳаллӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ барои муоширату пешбурди малакаи забониву ҳунариашон қадр кардаанд.

Ҳамадонӣ Музаффаровро дар қатори 7 омӯзгори дигар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ин ҷоизае, ки аз соли 2001 ба ин сӯ тақдим мешавад, дар охири моҳи январи соли ҷорӣ қадрдонӣ карданд.

Ҳамадонӣ Музаффаров омӯзгори забони англисӣ аст ва соли 2006 баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ба минтақаи худ баргашта, бо таъсиси маркази таълимии забономӯзӣ, ба таълими кӯдакону ҷавонон шурӯъ кард. Дар ҷараёни кор ӯ мушоҳида кард, ки духтарон дар омӯзиш фаъол нестанд ва дар як гурӯҳ байни писарон танҳо як духтар мехонад. Ӯ тасмим гирифт сафи духтаронро дар таҳсил бештар кунад ва барои расидан ба ҳадаф як лоиҳаи навро ба роҳ мемонад. Тамаркузи ӯ ба забони англисӣ ва таълими он бо усулҳои замонавӣ дар миёни кӯдакони маҳаллӣ равона мешавад. Вай дар назди мактабе дар Рашт гурӯҳи духтаронаи забони англисиро таъсис медиҳаду дарсҳои ройгонро ба роҳ мемонад. Дар амри иҷрои ин ҳадафаш аз созмонҳои байналмилалӣ ҳам кӯмак мегирад.

"Ҷалб духтарон ба таҳсил кори осон нест"

Ҳамадонӣ мегӯяд, ҷалби гурӯҳи духтарон дар як деҳаи дурдаст ва он ҳам дар Рашт, барои махсусан як омӯзгори мард кори осон нест, вале ӯ дар сӯҳбат бо волидону сокинони деҳ тавонист дар соли аввали пиёда кардани ин лоиҳа 12 духтарро ба таҳсил дар гурӯҳи забони англисӣ фаро бигирад: “Рости гап аввали кор душвор буд, мо бо волидайн вохӯрдем, фаҳмонидем ва байни мо як боварӣ ҳосил шуду дигар духтарон ба дарс меомаданд. Ҳоло духтарон дар минтақаҳо баъзан барвақттар оиладор мешаванд ва дар оянда ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва ман хостам зарурату манфиати илму таҳсилро ба онҳо фаҳмонам“.

Ҳамадонӣ мегӯяд, лоиҳаи ӯ ҳамагӣ ду сол давом кард ва дар ин муддат ӯ тавонист ба ҳадаф бирасаду даҳҳо духтарони деҳотро барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ ташвиқ кунад. Аз 45 нафар духтаре, ки дар ин гурӯҳи ӯ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд, танҳо 9 нафар баъди хатми мактаб оиладор шуда, боқӣ ҳама ба гуфтаи Ҳамадонӣ, таҳсили худро дар донишгоҳҳои олӣ идома доданд. “Ҳатто он духтароне ҳам, ки аз гурӯҳи мо, ки таҳсилро дар донишгоҳ идома надода, оиладор шуданд, зиндагии хуб доранд ва фаҳмишу рафторашон фарқ мекунад”.

Сирри муваффақияти Ҳамадонӣ

Сабаби муваффақияти Ҳамадонӣ ҳам дар он будааст, ки дарсҳои ӯ, ки ҳафтае се бор ба роҳ монда мешуд, танҳо аз омӯзиши ҳарфу истилоҳоти забони англисӣ иборат набуд. Ӯ дар ин байн бо духтарон дар бораи ҳуқуқу зарурати таҳсил, сӯҳбатҳо мекард. “Мо ҳатто бо волидони онҳо ҳам дар мавзӯи ҳуқуқи зан дар ҷомеа сӯҳбату семинарҳо ташкил мекардем. Бархе аз онҳо, ки нияти соҳибмаълумот кардани духтаронашонро надоштанд, баъди ин сӯҳбатҳо гуфтанд, кӯшиши хоҳанд кард, то духтаронашонро ба донишгоҳ бубаранд..”

Ҳамадонӣ мегӯяд, занҳои деҳ бисёр боистеъдод ва ҳунарманд ҳастанд ва гоҳо зери бори шароиту зиндагӣ ва ҳам суннатҳое, ки барои пешрафти ақлонии онҳо монеъ мешавад, барои кашфи истеъдодҳои худ бечора мешаванд. Вай мегӯяд, ки аксари онҳо баъди омӯзишу такмили донишҳояшон ба мартабаҳои баландтар мебароянд ва фардо, вақте оиладор шуданд, дар тарбияи фарзандони худ саҳмгузор мешаванд.

Минтақаи Рашт дар замони шӯравӣ ҳам бо суннатҳои як андоза сахттари мазҳабиву миллиаш фарқ мекард ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бархе гурӯҳҳо аз ҳисоби сокинони ин минтақа бо тарафдорӣ аз қонунҳои шаръӣ, ба ҳукумати марказӣ итоат намекарданд. Ҳоло ин минтақаи воқеъ дар шарқи Тоҷикистон ба зиндагии маъмулӣ идома медиҳад ва сокинонаш бештар аз ҳисоби кишоварзӣ рӯз мегузаронанд ва ҳамоно бештар муҳофизакор мондаанд.

Ҳоло омӯзгори навовар Ҳамадонӣ Музаффаров бо лоиҳаи як созмони ҷаҳонӣ дар самти ҳимоя аз ҳуқуқи кӯдакон дар Рашт фаъолият дорад. Ҳамадонӣ мегӯяд, “Ҳукумат ҳам барои ҷалби духтарон барномҳои ҷолиб рӯйи даст мегирад, масалан ҳамин квота кори духтарони зиёдро осон кард. Ҳоло мо вақте ба маркази ноҳия меоем, мебинем, ки духтарони зиёд дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳо таҳсил мекунанд.”

СММ: "30% духтарон аз синфи 9 тарки мактаб мекунанд"

Бино ба арзёбии ахири Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, 30 дарсади духтарони тоҷик баъд аз таҳсили ҳатмӣ то синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд ва ҳамин мушкил як сабаби дигари кам будани теъдоди духтарони тоҷик дар донишгоҳҳои олиии Тоҷикистон аст. Дар нахустин соли фаъолияти Маркази миллии тестӣ аз 50 ҳазор довталаб танҳо ҳудуди 16 ҳазори онҳо духтарон будаанду бас.

Ҳанӯз ҳам дар кишвар ин ақида вуҷуд дорад, ки зан ё духтар ба истилоҳ "моли мардум" аст ва шарт нест, ки ӯ таҳсил кунаду соҳиби мақому мартаба шавад. Аммо созмонҳои иҷтимоии кор бо занон дар минтақаҳо ҳам мегӯянд, дар 2- 3 соли ахир ризоияти волидон барои таҳсили духтарон дар баробари писарон дар кишвар бештар шуда, ақидаҳо ҳам ба оҳистагӣ тағйир меёбанд.

XS
SM
MD
LG