Тасмими Лолаи Сайфулло, ки мехоҳад, дар Коллеҷи омӯзгории Рашт таҳсил кунад, барои бисёре аз сокинони деҳаи Ҷафр як инқилоби кӯчакро мемонад. Хондани духтарон ба ин деҳа хос нест ва Лола нахустин духтари Ҷафр мешавад, ки дар коллеҷ таҳсил кардаву ба аввалин омӯзгори зани ин русто табдил меёбад.
Лолаи 19-сола мегӯяд, гирифтани ин тасмим осон набуд, зеро на ҳамаи ҳамдеҳагонаш чунин қарорҳоро қабул доранд. Ин ҷавондухтар, ки бо як шармгинии хос бо мо сӯҳбат мекард, гуфт: “Бисёриҳо мегӯянд, ки хондани духтар зарурат надорад. Рӯзи модарони мо бетаҳсил гузаштааст. Духтарони қишлоқ нахондаанд ва хондани шумо чӣ маънӣ дорад. Лекин ман ба ҳамааш мегӯям, ки бояд бихонам. Ин гапҳо маро аз роҳ намегардонад, чунки ман хеле зиёд ҳаваси хондан дорам.”
Лолаи Сайфулло мехоҳад дар бахши русии коллеҷи омӯзгорӣ таҳсил кунад ва ба наврасони деҳ дар оянда русӣ биомӯзад. Вай мегӯяд, дар мактаби деҳи онҳо омӯзгори русӣ намерасид ва ӯ ин фанро тариқи худомӯзӣ аз худ кардааст.
ҲАМА БА ЛОЛА ЧАШМ ХОҲАНД ДӮХТ
Пас аз пофишориҳои Лола волидайн ҳам ба таҳсили ӯ дар коллеҷи омӯзгории ноҳия ризо шудаанд. Ӯ медонад, ки дар вақти таҳсил бояд аз эҳтиёти комил кор бигирад, зеро беш аз ду ҳазор сокини деҳаи Ҷафр таҳсил ва рафтори ӯро мӯйшикофона пайгирӣ хоҳанд кард. Роҳи дигар духтарони ин деҳ ба таҳсил танҳо дар сурате боз хоҳад шуд, ки агар Лола барои сокинони ин деҳ намуна шавад.
Сокина Соҳибова, модари Лола мегӯяд, занҳои деҳа гуфтаанд, ки агар Лола коллеҷро “бо ахлоқи намунавӣ” хатм кунад ва “бообрӯ” шавҳар кунад, он гаҳ онҳо низ барои таҳсили духтаронашон азм хоҳанд кард. Хонум Соҳибова мегӯяд, сабаби аслии ба таҳсил ҷалб нашудани духтарони деҳи онҳо ин аст, ки пас аз хатми мактаб онҳоро зуд шавҳар медиҳанд.
“Худаш, ки бисёр хоҳиш дошт, мо розӣ шудем. Як таъна буд, ки духтари фалонӣ хонданӣ меравад, барои ҳамин духтаронро намегузоштанд. Духтарон мактабро тамом мекарданд, шавҳарашон медоданд. Ду духтари авваламро хурд шавҳар додам, пушаймон шудам. Хоҳиш доштанд, ки бихонанд, аммо дар қишлоқ айб аст гуфта, онҳоро нахонондем. Ҳоло мехоҳам ин духтарам бихонад, то дар зиндагӣ азоб накашад,” -- мегӯяд Сокина Соҳибова.
АЗ 120 000 АҲОЛӢ 65 ДУХТАР БА ТАҲСИЛ
Дар ноҳияи Рашт таҳсили духтарон дар макотиби миёна ва олии кишвар дар қиёс ба дигар навоҳии Тоҷикистон хеле кам аст. Холаҳмад Ортиқов, мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Рашт рӯзи панҷшанбеи 23 июл дар як сӯҳбат бо мо гуфт, ки имсол 700 хатмкунандаи ноҳияи Рашт ба донишгоҳу донишкадаҳо ҳуҷҷат супоридаанд, ки аз ин миён танҳо 65 нафарашон духтарон аст. Ӯ гуфт, бо ин ҳол низ омори таҳсили духтарон дар қиёс ба солҳои гузашта зиёдтар аст.
Аммо аз сӯҳбат бо сокинон ва мудири маориф маълум шуд, ки дар Рашт қисми зиёд духтарон баъд аз хатми синфи нӯҳ аз идомаи таҳсил дар худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи Холаҳмад Ортиқов, соли гузашта 1029 духтар синфи нӯҳ хатм кардаанд, вале танҳо 610 нафари онҳо ба синфи даҳум ворид шуда, 419 нафари онҳо аз идомаи таҳсил канорагирӣ кардаанд. Вақте мо шарҳи бештар дар ин мавзӯъ аз ӯ хостем, ӯ барои гирифтани иҷоза ба Зумрад Лоиқова, муовини авали раиси ноҳия тамос гирифт ва пас аз ин гуфт, ки “иҷозаи сӯҳбат пайдо накард”. Ортиқов гуфт, ки ҳоло мудирони маорифро ҳукуматҳои маҳаллӣ таъин мекунанд, аз ин рӯ, мудирони маориф на бо иҷозаи Вазорати маориф ва илм, балки танҳо бо иҷозаи намояндаи ҳукумати маҳаллӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекунанд.
НИСО АЗ ТАҲСИЛ НАКАРДАНАШ ПУШАЙМОН АСТ
Духтарони маҳаллӣ дар Рашт зоҳиран хоҳиши таҳсил дар донишгоҳро доранд, аммо пойбанди иҷозати бародарон ва волидайн ҳастанд. Нисо Шарифова, як духтари 35-солаи ноҳияи Рашт, ки ҷое таҳсил накардааст, мегӯяд, бо онки орзуи таҳсил дошт, хонаводааш нагузошт, ки ӯ хонданро идома диҳад. Ин зан ҳоло дар ошхонае ба ҳайси ошпаз кор мекунад ва мегӯяд, агар маълумоти олӣ медошт, соҳиби ҷои кори хубтаре мебуд: “Агар ягон маълумоти олӣ медоштам, ҳоло вазъам дигар буд. Шукри Худо, ки ҳоло ошпаз кор мекунам, аммо дар донишгоҳ хондан дигар аст. Имконияти хондан нашуд, аммо зиёд мехоҳам, ки духтарон рафта бихонанд, то дар оянда хору мӯҳтоҷ нашаванд”
Аз таҳсил бенасиб мондан дар ноҳияи Рашт танҳо хоси духтарон нест. Дар деҳоти ин ноҳия ва ҳатто маркази он, ҷавонписаронеро вохӯрдем, ки пас аз хатми синфи нӯҳ аз идомаи таҳсил даст кашидаанд.
Шерафган Чиллаев, ҷавони 18-солаи раштӣ мегӯяд, аз синфи нӯҳ дигар ба мактаб нарафт ва ҳоло тасмим дорад, барои кор ба Русия сафар кунад: “Шароити хондан набуд. Бояд ба волидайнам кӯмак мекардам, аз ин рӯ дигар ба мактаб нарафтам. Орзуи хондан доштам, ки лекин нашуд.”
ХУРОФОТ Ё ТАНГДАСТӢ?
Ноҳияи Рашт, аз манотиқест, ки бо муҳофизакорӣ ва суннатгароӣ ном баровардааст. Дар давраи ҷанги шаҳрвандиии солҳои 1992-97 онроо пойгоҳи мазҳабгароён меномиданд. Марям Давлатова, коршиноси тоҷик мегӯяд, ба таҳсил камтар ҷалб шудани духтарони ин минтақа омилҳои хоси худро дорад: “Ин ҷо аз замони Шӯравӣ таъсири хурофот хеле зиёд буд, ки ба ҷалби таҳсили духтарон монеъ мешуд. Дар замони Шӯравӣ низ духтарон бо таъсири хурофот иҷозаи таҳсил надоштанд, аммо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мардуми ин маҳал аз амнияти духатронашон ҳангоми таҳсил нигарон буданд. То Душанбе ҳам роҳи мушкил дорад, ки аксаран намехоҳад, ин қадар бо мушкилӣ духтараш омада, таҳсил кунад. Аммо мардуми ин минтақа хеле зуд мустақил мешаванд ва ҳоло, ки роҳҳо хуб шудааст ва шароит ҳам беҳтар шудааст, бовар дорам, ки дар таҳсил духтарони ин маҳал муввафақ хоҳанд гашт.”
Аммо Саидумар Маҳмудов, як сокини 52-солаи Рашт мегӯяд, ки ҳоло андешаи мардум тағийр кардааст ва ҳоло ҳам духтарон ва ҳам писарони раштӣ дар талоши ворид шудан ба донишгоҳҳо ҳастанд: “Бисёре аз духтарон аз шавҳаронашон ҷудо шуданд ва пас аз ин рафта дар макрази ноҳия ба коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббӣ дохил шуданд. Ҳоло мардум мефаҳманд, ки аз оне, ки духтарро ба шавҳар медиҳӣ, аввал таҳсил кунад хубтар аст.”
Рашт, ноҳияест дар шарқи Тоҷикистон, ки 122 ҳазор аҳолӣ дорад. Замони ҷанги шаҳрванди ин ноҳия маҳалли рӯёрӯиҳои мусаллаҳона буд ва аз соли 2009 то 2012 низ дар ин ҷо даргириҳои ҷудогона сурат гирифтааст. Ҳоло ба назар мерасад, вазъ карда, духтароне мисли Лола талош доранд, ки аз ҳамтоҳои шаҳрии худ қафо намонанд, талоше, ки то чанд соли пеш дар аксар деҳоти ноҳияи Рашт барои духтарон як афсона буд.