Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сорос: Режими Путин дар соли 2017 варшикаста хоҳад шуд


Миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос гуфтааст, режими сохтаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар соли 2017 метавонад варшикаста шавад ва ӯ барои ҷилавгирӣ аз ин мехоҳад Иттиҳодияи Аврупоро ба вартаи нобудӣ тела диҳад.

Миллиардер ва филантропи амрикоӣ Ҷорҷ Сорос дар як матлаб дар тарҳи “Project Syndicate” бо номи "Путин муттаҳиди мо дар муқобили "Давлати исломӣ нест" навиштааст, ки раҳбарони Амрикову Иттиҳодияи Аврупо бо ин фикрашон, ки гӯё раисиҷумҳури Русия Владимир Путин метавонад иттифоқчии имконпазире дар набард ба зидди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бошад, ба "иштибоҳи амиқ" роҳ медиҳанд. Ба ақидаи ӯ, "ҳадафи феълии Путин таҳрик додани фурӯпошии Иттиҳодияи Аврупост ва ӯ роҳи беҳтарини расидан ба инро дар равон кардани сели паноҳҷӯён аз Сурия ба Иттиҳодияи Аврупо мебинад."

Ҷорҷ Сорос дар ин матлаби таҳлилиаш пешбинӣ мекунад, ки режими Путин метавонад дар соли 2017 дучори варшикастагӣ шавад. Сорос ду далели имкони варшикастагии ҳукумати Путинро ном бурдааст. Аввалан маҳз дар соли 2017 замони пас додани бахши аъзами қарзҳои хориҷии Русияя фаро мерасад. Сониян, маъруфияти Путин ба сурати мустақим ба он бастагӣ дорад, ки ӯ то куҷо метавонад суботи моливу иқтисодии кишварашро таъмин кунад ва сатҳи зиндагии мардумашро ҳатто агар ба сустӣ, вале доиман боло барад.

Вале ба ақидаи Ҷорҷ Сорос, таҳримоти алайҳи Русия ва ширкатҳои русӣ эълонкардаи Ғарб, ҳамчунин коҳиши башиддати нархи нафт ба он хоҳад овард, ки Путин дар ин ҳарду ҷабҳа шикаст хоҳад хӯрд.

Сорос менависад: “Касри буҷаи давлатии Русия баробари 7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар шудааст. Ҳукумат бояд бо ягон роҳ онро то ҳадди 3 фоиз пойин биорад, то ки таваррум (инфлятсия) аз назораташ берун наравад. Пулҳои ҷамъшуда дар Сандуқи суботи Русия тамом шуда истодаанд, ин маблағҳоро амалан алакай ба Сандуқи сармоягузорӣ, ки қасд дорад онҳоро дар тарҳҳои сармоягузориаш сарф кунад, интиқол додаанд. Ин ва таҳаввулоти дигар ба сатҳи зиндагӣ ва мафкураи интихобкунандагон дар остонаи интихоботи парлумони тирамоҳи соли равон осори манфӣ мегузоранд.”

Ҷорҷ Сорос
Ҷорҷ Сорос

Ҷорҷ Сорос меафзояд, Владимир Путин ба хотири наҷоти худ аз чунин фарҷоми барояш ногувор мехоҳад як бӯҳрони дигар сохта, Иттиҳодияи Аврупоро ба вартаи фурӯпошӣ тела диҳад. Чунки дар сурати фурӯпошиаш, Иттиҳодияи Аврупо шояд дигар натавонад аз режими таҳримоти ҷоришуда алайҳи Русия пуштибонӣ кунад.

Миллиардери амрикоӣ мӯътақид аст, ки “гузашта аз ин, Путин аз таҷзияи Аврупо метавонад фоидаҳои иқтисодии қобили мулоҳиза ба даст оварда, аз робитаҳои дар ҳоли афзоишаш бо аҳзоби зиддиаврупоӣ истифода барад.”

Ҷорҷ Сорос менависад, сиёсати кунунии Русия дар Сурия низ аз ҳамин азми Путин барои нобуд кардани Иттиҳодияи Аврупо маншаъ мегирад: амалиёти ҷангӣ дар ин кишвар боиси густариши мавҷи паноҳҷӯён ба Аврупо мешавад ва ин сели азими муҳоҷирон, ба ақидаи Сорос, метавонад Иттиҳодияи Аврупоро ба сӯи фурӯпошӣ таҳрики бештар диҳад.

Ҷорҷ Сорос таҳдидеро, ки аз шахси Путин ва режими ӯ бармеояд, ҳатто дар муқоиса бо таҳдидҳои ношӣ аз созмони тундрави “Давлати исломӣ” ғайри қобили муқоиса номида, аз кишварҳои Аврупо даъват кардааст, вуҷуди ин таҳдидро ҳарчӣ зудтар эътироф кунанд.

Ҷорҷ Сорос яке аз маъруфтарин сарватмандон ва филантропҳои дунё ба шумор меравад. Маҷаллаи амрикоии Форбс ҷамъи дороиҳои Соросро 24,9 миллиард доллар баровард кардааст.

Дар моҳи ноябри соли 2015 додситонии кулли Русия фаъолияти ду созмони таъсисдодаи Сорос – Сандуқи “Ҷомиаи боз” ва “Содействие”-ро ғайримақбул донист. Ин ниҳод гуфт, “фаъолияти ин созмонҳо ба асосҳои сохти конститутсионии Федеросиюни Русия таҳдид мекунанд.”

Ҳушдори Ҷорҷ Сорос дар бораи азми Путин барои аз байн бурдани Иттиҳодияи Аврупо бо кумаки аҳзоби зиддиаврупоӣ ва бо истифода аз бӯҳрони муҳоҷирон дар ҳоле садо медиҳанд, ки шабакаҳои давлатии телевизионии Русия дар моҳҳои охир ҳарчӣ бештар мавзӯи мавҷи ба Аврупо фурӯрехтаи муҳоҷирон аз Ховари Миёнаро доман мезананд ва дар фикри ҷомиа фикреро талқин мекунанд, ки муҳоҷирон дар ниҳоят боиси фурӯпошии Иттиҳодияи Аврупо хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, телевизионҳои давлатии Русия, ки як ҷэузъи муҳими мошини таблиғотии ҳукумати Путин арзёбӣ мешаванд, дар барномаҳои худ пайваста ба сиёсатмадорони ва намояндагони аҳзоби аврупоии аксаран миллатгарое, ки мухолифи Иттиҳодияи Аврупоянд, минбар медиҳанд.

Дар моҳи январ матбуоти давлатии Русия аз ҷумла қазияи як духтари русзабон аз Олмонро, ки ба гуфтаи онҳо, гӯё дар шаҳри Берлин мавриди таҷовузи муҳоҷирон аз Ховари Миёна қарор гирифтааст, ба таври густарда бозтоб дод ва дар ин бора ҳатто вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳороти алоҳида дод. Вале тафтишоти пулиси Олмон нишон дод, ки дар асл ин духтар шабро дар хонаи як дӯсташ рӯз карда, ба волидони худ дар бораи гӯё таҷовуз шуданаш аз сӯи як гурӯҳи муҳоҷирон аз Ховари Миёна дурӯғ гуфтааст.

XS
SM
MD
LG