Рустами Шоҳмурод - вазири адлияи Тоҷикистон, ки назорати зиндонҳоро низ бар ӯҳда дорад, гуфт, мӯҳлати ҳабси Ёқуб Салимов - аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ дароз нашудааст ва ӯ баъди анҷоми мӯҳлати ҷазояш озод хоҳад шуд. Вазири адлия 28 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "бо анҷоми мӯҳлати зиндон касе ҳақ надорад, ки Ёқуб Салимовро дар маҳбас нигаҳ дорад".
Ӯ аз ин бештар ҷузъиёт надод ва ҳатто ба суоли хабарнигорон, ки эҳтимол кадом вақт Ёқуб Салимов аз зиндон раҳо хоҳад шуд? гуфт, ҳоло санадҳо дар дасташ нест ва ӯ дар ин бора чизе гуфта наметавонад. Вале Рустами Шоҳмурод гуфт, “мӯҳлати ҷазоро додгоҳ таъин мекунад. Касе ҳақ надорад, ки баъд аз анҷоми мӯҳлати ҷазо нафареро дар зиндон нигоҳ дорад. Мӯҳлаташ тамом шуд, озод мешавад.”
Аз ин қабл оовзаҳо паҳн шуда буд, ки мақомот гӯё муҳлати ҳабси Ёқуб Салимовро тамдид кардаанд. Ҳафтаи гузашта Шермуҳаммади Шоҳиён - раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ январ дар нишасти хабарияш бо радди ин овозаҳо гуфт, ки муҳлати ҳабси Ёқуб Салимов тамдид нашудааст.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон дар моҳи январи соли гузашта эълон карда буданд, ки то анҷоми мӯҳлати ҳабси Ёқуб Салимов як соли дигар мондааст. Рӯзи 27 январ хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ дар ҳукумат гуфта буд, ки Ёқуб Салимов тобистони соли ҷорӣ раҳо хоҳад шуд.
Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ ва намояндаи Тоҷикистон дар Туркия соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва баъди истирдодаш ба Душанбе ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Дар пайи татбиқи қонуни афв дар соли 2012, ду сол аз мӯҳлати адои ҷазояшро кам карданд.
Ӯ яке аз фармондеҳони бонуфузи Фронти Халқӣ буд, ки баробари ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлоси 16-уми парлумони Тоҷикистон дар соли 1992, ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд. Соли 1997 Ёқуб Салимов президент Раҳмонро аз як ҳамла дар Хуҷанд наҷот дод ва муддатҳо дар доираи афроди бонуфузи Тоҷикистони баъд аз низоъ буд.
Ӯ соли аз 1992 то 1997 ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон кор карда, баъдан намояндаи кишвар дар Туркия буд. Ёқуб Салимов соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда, моҳи апрели соли 2004 бо иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб аз сӯи додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум гардид.
Вай аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш низ маҳрум шудааст.
Наздикони Ёқуб Салимов солҳои охир наздикони аз вазъи саломати ӯ дар зиндон нигаронӣ карда, борҳо хостории озодии пеш аз муҳлати ӯ шуданд. Онҳо моҳи майи соли гузашта, дар ҷашни 59-солагии зодрӯзаш, бо ирсоли нома аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ӯро пеш аз адои мӯҳлати ҷазояш афв бикунад. Писари ӯ Абӯбакр гуфта буд, падараш ба табобати ҷиддӣ ниёз дорад ва то замони озодияш эҳтимол дардҳояш низ шадидтар шаванд.
Пайвандони Ёқуб Салимов гуфта буданд, ки ӯ мубталои бемории қалб буда, як чашмаш тақрибан намебинад ва фармондеҳи даврони ҷанг аз маризии "ревматизм" низ азият мекашад.