Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олӣ: "Аз Ёқуб Салимов номае нагирифтаем"


Ёқуб Салимов
Ёқуб Салимов

Масъулони Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз номи Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилӣ, ки дар зиндон ба сар мебарад, мактубе барои пеш аз муҳлат озод карданаш, дастрас накардаанд.

Сӯҳроб Сангаков, ёвари раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 3 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол мактубе аз номи Ёқуб Салимов ба Суди Олӣ ворид нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Шӯҳрат Қудратов, вакили Ёқуб Салимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар охирон дидор бо зерҳимояам, ки рӯзи 27 июн дар зиндони рақами як сурат гирифт, Ёқуб Салимов унвонии Додгоҳии Олии Тоҷикистон ба манзури пеш аз муҳлат озод карданаш аз зиндон номаи дархостӣ навишт."

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, зерҳимояаш ин номаи дархостиро бо ду сабаб, аввал, ба иллати бад шудани саломатиаш, ба хусус гум кардани биноии чашм, фишорбаландӣ, дарди гурда, дил ва устухон ва дуввум, тибқи қонун мӯҳлати озод шуданаш низ наздик шудааст ва вай ҳақ дорад бо чунин номае ба мақомоти зидахл муроҷиат кунад.

Ҷаноби Қудратов гуфт, дар охирон мулоқот бо зерҳимояаш мушоҳида кардааст, ки вазъи саломатии Ёқуб Салимов нигаронкунанда аст. Чун ба гуфтаи вай, чашми рости Ёқуб Салимов, қариб намебинад, чашми чапаш бошад, хира шудааст ва аз дард ранҷ мебарад.

Аммо Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон мегӯяд, "саломатии Ёқуб Салимов, хуб аст, соз аст ва қаноатбахш низ шуморидан мумкин аст. То он дараҷае, ки вакили дифояш мегӯяд, ин тавр нест."

Номаи навбатии Ёуқуб Салимов барои пеш аз мӯҳлат озод карданаш дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, зерҳимояаш муддати дар зиндон будан беш аз 100 нома унвонии мақомотҳои зидахл навиштааст, ки аксарияти онҳо ба ҷойҳои лозимӣ нарасидаанд.

Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон 25 апрели соли 2004 бо ҳукми Додгоҳи Олии кишвар ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҷаноби Салимовро дар хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва истифодаи аслиҳа ва сӯистифода аз мансаб муҷрим донистааст.

Ҳамакнун ба таъкиди вакили дифоъи Ёқуб Салимов, 1 солу 8 моҳи дигар барои адои комили ҷазои вай мондааст ва раҳо шудани зерҳимояаш аз зиндон ба иродаи мақомоти кишвар бастагӣ дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин вакили дифоъ, Ёқуб Салимов, дар ба сари қудрат расидани ҳукумати феълӣ нақши муассир дорад ва бояд хизматҳои вай ба назари эътибор гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG