Наздикони Ёқуб Салимов мегӯянд, ки марги Ашурбӣ Салимоваи 88-сола ногаҳонӣ буда, ба илллати бозистодани дилаш ба вуқӯъ пайвастааст. Интизор меравад, ки ҷанозаи Ашӯрбӣ Салимова имрӯз дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар зодгоҳи Ёқуб Салимов ба хок супорида шавад.
Ашӯрбӣ Салимова дар дидоре бо хабарнигорон дар моҳи се5нтябри соли 2011 гуфта буд, писараш дар як чордевори бетонӣ нигаҳдорӣ мешавад ва аз дидани вазъи ӯ то ба ҳол «об аз гулӯяш намегузарад».
Ин дар ҳоле буд, ки наздикони Ёқуб Салимов,собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки 2005 аз рӯи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба 15 сол ҳасб маҳкум шуда буд, мегуфтанд, вай ба бо далоили номаълум, тибқи ҳукми додгоҳ ба зиндон мунтақил нашуда, дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад ва вазъи саломатияш хуб нест.Ба қавли модараш, ӯ, дар як шабонарӯз танҳо як соат аз ҳуҷрааш ба долон бароварда мешавад ва аз ҳавои тозаи берун маҳрум аст.
Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов дар он нишастихабарии соли 2011 мегуфт: «Чанд муддат мешавад, ки муроҷиат мекунем, ариза менависем. 9 сол мешавад. Мепурсем, ки чаро қонунҳоро риоя намекунед. Посух як аст, мо дида баромада истодаем. Чиро ин қадар дида мебароянд, барои ман маълум нест. Ё назди бархе медароем, мегӯянд, ки фармон аз боло аст. Боло кист? Агар қонун бошад, он барои ҳама бояд як бошад, на фақат барои мардуми фақир».
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ гуфта буд, як дархост барои гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо Ёқуб Салимовро ба раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия ва ҳам як нома ба додситонӣ омода шудааст: «Ёқуб Салимов ба далели он, ки корманди мақомоти қудратӣ буд, дар вазорати корҳои дохилӣ ва гумрук мақоми аввалро дошт, бояд ба зиндони вижа барои низомиён мунтақил мешуд, аммо хилофи қонун ва ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳи вазорати адлия нигоҳ дошта мешавад. Мақомот, бахусус раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст, агар чунин аст, пас қонунҳо бояд дуруст иҷро шаванд».
Дар моҳи марти соли 2012 Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, Ёқуб Салимов мавриди муоинаи тиббӣ қарор хоҳад гирифт. Аммо баъдан дар ин бора иттилое ба нашр нарасидааст.
Пайвандони Ёқуб Салимов мегӯянд, азиятҳои ӯ дар боздоштгоҳ асосан аз ҷароҳатҳоест, ки соли 1997 ӯ бар асари як ҳамлаи террористӣ ба президент дар шаҳри Хуҷанд бардоштааст. Ашӯрбӣ Салимова гуфта буд, барои додхоҳӣ 8 соат дар назди дарвозаи раисҷумҳур низ мунтазири қабул нишаста, аммо муваффақ нашудааст. Вай илтиҷо мекард, писарашро озод ҳам накунанд, ҳадди аққал аз боздоштгоҳ ба зиндони оддӣ интиқол диҳанд.
Модари Ёқуб Салимов дар ҳоле даргузашт, ки бар пояи қонуни авфи соли 2011, аз мӯҳлати зиндони Ёқуб Салимов низ 2 сол кам карда шуд ва аз ҳукми ӯ 2 солу 7 моҳи дигар боқӣ мондааст.
Аз бойгонии "Озодӣ": "Ба фарзандам раҳм кунед"