Мураббии шинохта Маҳмадшариф Сулаймонов барканорияшро аз мақоми сармуррабии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии самбо нисбати худ қадрношиносӣ меномад. Ҷаноби Сулаймонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки 20 сол дар ин вазифа кор кардаву даҳҳо қаҳрамони Осиёву ҷаҳонро парвардааст, ба заҳматҳои ӯ беэҳтиромӣ шуда, ӯро бидуни сабаб ва қадрдонӣ аз вазифа барканор намуданд.
Мураббии варзидаи тоҷик мегӯяд, «барои ман аламовар ин аст, ки бо вуҷуди ин қадар дастовардҳои бузурги дошта бошам ва дар ин муддат 500 бор парчами Тоҷикистонро худу шогирдонам баланд кардем, аммо на аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш, ва саёҳӣ ва на аз ҷониби Федератсияи самбои Тоҷикистон ягон маслиҳате бо ман дар ин замина сурат нагирифт. Ҳатто ақаллан як бор раиси кумита ва ё федератсия маро ба назди худ даъват накарданд ва нагуфтанд, ки барои кадом камбудиҳо маро мехоҳанд, аз кор гиранд. Дар кори ман фақат пешравӣ буд. Вале вақте ки дар Кӯлоб ҷоми Тоҷикистон ҷараён дошт ва дар ин ҳангом Хайрулло Назриев, раиси федератсияи самбои Тоҷикистон баландгӯякро гирифт ва бехабар ба тамоми мардуми он ҷо эълон кард, ки мо мехоҳем, Сулаймоновро аз мақомаш бигирем ва ба ҷои ӯ Носир Бозоровро таъин кунем. Яъне нисбат ба ман беҳурматӣ карданд.»
Ба гуфтаи ҷаноби Сулаймонов, Носир Бозоров, ки ҳоло ҷойгузини ӯ шудааст, 17 сол сармураббии дастаи мунтахаби дзю-дои Тоҷикистон буд ва соли гузашта барои нишон надодани натиҷа аз мақомаш барканор гашт. Ба иддаои ҷаноби Сулаймонов, Носир Бозоров аз дӯстони Хайрулло Назриев, раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон аст ва маҳз ҳамин муносибат дар таъини ӯ ба вазифаи нав мусоидат кардааст.
Аммо Хайрулло Назриев, раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон, ин иддаои Маҳмадшариф Сулаймоновро беасос медонад ва мегӯяд, Носир Бозоров дар замони Шӯравӣ аз самбочиёни беҳтарин буд ва нисбат ба кори худ низ серталаб аст. Ӯ афзуд, барканории Маҳмадшариф Сулаймонов бо дархости Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба хотири нав кардани сармураббиёни тимҳои варзишии кишвар сурат гирифтааст.
Вай афзуд, ҳадафи онҳо аз ин навгонӣ парвариши қаҳрамонони ҷаҳон дар байни калонсолон аст, чун гуфта мешавад, бо гузашти 40 сол аз пирӯзии Саидмӯъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки ҳанӯз дар соли 1975 ба ин унвони олӣ даст ёфта буд, дигар касе аз гуштигирони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳонӣ медали тило ба даст наовардааст.
Ҷаноби Назриев афзуд, «Сулаймонов 20 сол чун сармураббӣ кор кард ва дар ин муддат касе аз Тоҷикистон қаҳрамони ҷаҳон нашуд. Дигар тарафи масъала ин аст, ки асосан баъди 5 соли фаъолият дар як вазифа кормандон ротасия мешаванд. Худи ман расман ба Сулаймонов изҳори ташаккур карда будам, дар шаҳри Кӯлоб ҳатто барояш ҷомаву тоқӣ тақдим кардем, то ин ки малоли хотир нашавад. Миёни мо ягон хусумати шахсӣ вуҷуд надорад. Бояд бигӯям, сармураббии нав Носир Бозоров ҷавон ва хеле серкор аст, зиёд таку дав мекунад, шогирдони бисёр дорад.»
Дар ҳамин ҳол масъулони Кумити ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон мегӯянд, маҳз дар асоси пешниҳоди Федерастияи самбои Тоҷикистон сармурабии навро тасдиқ кардаанд. Раҳматшоҳ Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, гуфт: «Мо бо назардошти фикрҳои Федератсия тасдиқ кардем, масъулиятро дар сатҳи байналмилалӣ маҳз Федератсия ва сармуррабӣ ба дӯш доранд ва барои натиҷаҳо онҳо ҷавоб мегӯянд. Нақши асосиро федератсия бозӣ мекунад. Ин ниҳод ҷаласаи коллегия ва кумитаи тадорукотро баргузор кард, ҳукмашро баровард ва баъд ба мо пешниҳод кард. Мо ҳам пазируфтем. »
Маликшоҳ Неъматов, раҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии кишвар ҳам ба иддаои Маҳмадшариф Сулаймонов, ки гӯё барканории ӯ ноодилона сурат гирифтааст, дар расонаҳо посух додааст. Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки дар тамоми дунё интихоби сармураббиҳои риштаҳои варзиш аз рӯи натиҷаҳову баҳодиҳӣ бо пешниҳоди федератсияҳо анҷом мешавад.
Аммо барканории Сулаймонов ва интисоби Бозоров ба мақоми сармураббии тими самботи Тоҷикистон дар байни коршиносони соҳа вокунишҳоти мухталиферо дар пай доштааст. Маҳмуди Абдулло, раиси ҳайати доварони Федератсияи самбои Осиё дар ин робита ба Озодӣ гуфт, «вақте федератсия як нафарро барои барканорӣ ва ё таъин ба вазифа пешниҳод мекунад, бояд назари мутахассисон пурсида шавад ва чунин тасмим баъд аз таҳлили зиёд гирифта шавад. Барканории Сулаймонов ҳамин тавр шуд, ки кумита нисбати тамоми пешниҳодҳои федератсияҳо дар мавриди сармураббиҳо норозигӣ баён кард. Дар сурате ки агар Сулаймонов ягон натиҷа намедод, камбудиҳо мешуд, дигар гап буд, аммо вақте намуд пешрафт дорад ва дастовардҳо зиёданд, кор набояд чунин ранг мегирифт. Аз сӯи дигар дар риштаи гуштии самбо номзадони беҳтарин буданд, аммо Носир Бозоров ҳамчун сармураббӣ дар ин навъи варзиш кор накардааст ва то куҷо муваффақ мешавад, вақт нишон хоҳад дод. »
Бо ин ҳама, шикояти Маҳмадшариф Сулаймонов дар мавриди барканории нодилонааш аз мақом дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран дар 24 навъи варзиш сармураббиҳои тимҳои миллӣ байни наврасон, ҷавон ва бузургсолон дар Тоҷикистон иваз шуданд. Аз ин миён то кунун танҳо Маҳмадшариф Сулаймонов ба расонаҳо аз беҳурматӣ нисбат ӯ шиква кардааст, вале зоҳиран бақия ҳама барканориашонро бидуни ягон эътироз пазируфтаанд.