Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар беш аз 30 нафар дохиланд, ки байни онҳо паҳлавонони маъруфи тоҷик, ғолибони сабқати қитъавӣ Набимуҳаммад Хоркашев ва Акмолиддин Каримов ҳастанд. Инчунин дар ин мусобиқа занон низ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Шарафи Тоҷикистонро, аз ҷумла, гуштигирони моҳир Дилбар Султонова ва Мадина Шамсиева ҳимоя мекунанд».
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати қитъавӣ байни мардону занон ва навҷавонон, ки дар шаҳри Тошканд аз 2-юм то 4-уми июн баргузор мешавад, таҳти раҳбарии мураббиёни варзида Маҳмадшариф Сулаймонов ва Давлат Раҳимов ширкат хоҳанд кард.